15-05-2025
Зинда бодо, зинда бод!
Муаллиф: Нозим Нурзода

(пораи манзум ба ифтихори 85-умин солгарди умри оҳангсоз ва мусиқишиноси матраҳи миллӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур)
Аз арӯзу аз азоҳифи қатор,
Аз мафоил, фоилоти бешумор,
Аз баёни мубҳаму ноошкор,
Нест ҷоно, шеърро авҷу барор,
Балки маънии шигарфи устувор,
Савту оҳангу навои созгор,
Шеърро бахшад шукӯҳу эътибор,
Бас тавону иқтидор!
Дар миёни ҷумлаи соҳибдилон,
Дар миёни зумраи ромишгарон,
Дар миёни зубдаи санъатварон,
Дар миёни ҳамдилони ҳамзабон,
Дар миёни мо ту бошӣ қаҳрамон,
Қаҳрамони ин макону ин замон,
Ифтихори Тоҷикистони ҷавон,
Дар ҳақиқат, достон!
Шеъру мусиқӣ ба сони ҷону тан,
Ҷону тан дар пайкари поки Ватан,
Дар баҳори сабз, дар боғу чаман
Лола рӯяд тозасарву ёсуман.
Мебарорӣ ҷӯй аз санги сухан,
Мисли Фарҳоди ғаюри Кӯҳкан,
Мешиносандат ба ҳар як анҷуман,
Ҳамчу як қолабшикан.
Тули умри хеш ин покиниҳод,
Карда бар илму фазилат эътимод,
Бо талошу ибтикороти зиёд,
Шеъру мусиқӣ ба ҳам пайванд дод,
То раҳем аз бандубасту инқиёд,
Рози ритми шеъри моро баркушод,
Ҷовидонӣ номи некат устод,
Зинда бодо, зинда бод!
Ҷашни 85-умин солгарди умри устоди гиромӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур фархунда бод!
Бо эҳтиром, Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
13 майи соли 2025, сешанбе, соати 11:00