Сомона барои кумак ба пажуҳишгарон
Сомонаи "ГУНДИШОПУР" барои кумак ба пажуҳишгарон ва ҳамаи онҳое, ки чизе менависанду чизе эҷод мекунанд, роҳандозӣ шудааст. Пажуҳишгарон метавонанд дар ин сомона фаъолияти худро мудирият карда, ҳисоботро ба таври худкор ба раҳбарони лоиҳаҳои илмӣ расонанд. Сомона аз қисматҳои "Виростор", "Вожасанҷ", "Эҷодиёт" ва "Блог" иборат мебошад. Маводи дар қисмати Блог гузошташуда бе сабти ном дастраси хонандагон, мегардад. Шумо метавонед блоги шахсии худро дошта бошед ва ҳама маводи эҷодиятонро нашр намуда, линкашро ба дӯстон ва корфармоён равон намоед. Эҷодиёти шумо дар як саҳифа нигаҳдорӣ мешавад, ки дар якҷоягӣ барои худ ва дигарон дастрас мебошад.
Виростор
Навиштани матнҳо ва ҳифзи онҳо дар торнамо барои дастрасии осон ба онҳо аз ҳар ҷою макон. Санҷиши мантҳо барои пайдо намудан ва ислоҳ кардани вожаҳои хаторафта дар ин виростор имконпазир аст. Мантҳо ба осонӣ аз файлҳои "MS Word" ворид карда ва баъди вироиш дар ҳамон формат ҳифз мегарданд.
Эҷодиёт
Пажуҳишгарон фаъолияти худро дар ин ҷо мудирият менамоянд. Корҳои иҷрошударо аз ҳар ҷое тариқи телефон ё планшет ё компютер сабт карда, ҳар лаҳза ҳисоботи худро мегиранд ва ё ба раҳбарони лоиҳа дастрасӣ медиҳанд, то онҳо худ бевосита истифода намоянд.
Блог
Ҳар як эҷодкор бояд равзанае дошта бошад, ки хонандагон ҳама маводи ӯро дар як ҷой дастрас карда тавонанд. Дар ин қисмат ҳар як пажуҳишгар метавонад блоги шахсии хешро дошта бошад. Мақола, китоб, шеър, навор, тарҷума, баргардон ва тақризҳои навиштаи худро мунташир карда ба хонандагон расонад. Блоги шахсӣ муаррифгари ҳар як эҷодкор буда, нуқтаи назари ӯро ба ҷомеаи имрӯзу фардо мерасонад.
Идораи вазифаҳои ҳаррӯза
Дар саҳифаи вазифаҳо қайд намудани корҳои ҳаррӯза осон буда, идораи вақтро беҳтар мегардонад. Дидани рӯйхати вазифаҳои хеш дар се сутун бо барчаспҳои "Дар навбат", "Дар ҳоли иҷро" ва "Иҷрошуда" ба идораи вазифаҳо кӯмак мекунад. Ҳар як вазифа санаи анҷомёбӣ дорад, ки масъулиятшиносиро баланд намуда, самаранокии меҳнатро боло мебарад.
Меҳмон
Меҳмон метавонад дар ин сомона ба таври озод ва бидуни сабти ном маводи эҷодкардаи муаллифони "Гундишопур"-ро хонда, аз онҳо баҳра барад. Ба саҳифаи шахсии ҳар як пажуҳишгар ворид шуда, ҳамаи маводи эҷодкардаи ӯро дар як ҷо дастрас намояд. Маълумот дар бораи сомона ва муаллифонро пайдо намуда, дар ҳолати лозимӣ дар тамос шавад.