14-06-2025

Садои ту садои дӯстию ошноиҳо

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

(ба ифтихори 79-умин солгарди хунёгари бузурги Шарқ Аҳмад Зоҳир)

 

Тавони сеҳри савту сози ӯ дар пардаи соҳир

Кунад ҷоду ҳазорон қалбро хунёгари моҳир,

Занад барҳам сукути зиндагӣ бевақфа-беохир,

Садои Аҳмади Зоҳир!

 

Қадам бигзоштӣ бар роҳи ишқу меҳрафзоӣ,

Ба сӯйи меҳрубонӣ бо дили пуршӯру савдоӣ,

Ҳама бори гарони ғуссаву ғамҳои дунёӣ

Кашидӣ бас ба танҳоӣ!

 

Ба савту созу оҳангу садои ноби аҷдодӣ,

Навои Шарқу Ғарб омехтӣ дар тарҳи эҷодӣ,

Раҳидӣ аз қафас – аз банди ғам, ай мазҳари шодӣ,

Намоду рамзи озодӣ!

 

Агарчи дар ҷавониҳо хазон гашта баҳори ту,

Агарчи холӣ аз шӯру шарар мулку диёри ту,

Зиёратгоҳи аҳли дил шудаст, аммо мазори ту,

Мазори хоксори ту!

 

Садои ту садои дӯстию ошноиҳо,

Садои эътироз аз душманию бевафоиҳо,

Садои дил, суруди васлати аз ҳам ҷудоиҳо,

Паёми ҳамсадоиҳо!

 

Туӣ устураи мусиқии давру замони мо,

Ҳам он “Алмоси Шарқ” андар ҷаҳони бекарони мо,

Ба поси хотират гирд омада пиру ҷавони мо

Ва ҷамъи ҳамзабони мо.

 

Ки то шавқу нишоту шӯру исёнҳои офоқист,

Ҳамеша Аҳмади Зоҳир ба базми нӯши мо соқист,

Ки то ин зиндагӣ бар рағми зулмат нуру ишроқист,

Суруду савти ӯ боқист!

 

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

13 июни соли 2025, ҷумъа, соати 10:00