04-04-2025
Ойинаи хирад бикушоӣ, сафо кунӣ
Муаллиф: Нозим Нурзода

(мувашшаҳ ба ифтихори зодрӯзи Назрӣ Асадзода)
Номусро чу мартабаи Ориё кунӣ,
Аз тоҷики асил дили Осиё кунӣ.
Зар гарчи рамзи қудрати арзу самои мост,
Розе аҷаб, зи хокзамин кимиё кунӣ.
Ин нуктаест асл, ки пеши тамоми халқ
Имрӯз қарзи тоҷикиятро адо кунӣ.
Аз шуҳрату шаҳомати Миллат садо кунӣ,
Сар бар раҳи саодати Меҳан фидо кунӣ.
Асрори заъфу зиллати ин миллати куҳан
Дониста, растахезу қиёмат ба по кунӣ.
Зоидаи фазилату табъи садоқатӣ,
Ойинаи хирад бикушоӣ, сафо кунӣ.
Дар гирудори худшавӣ, ай Назрии азиз
Аз қайдубанди бехудӣ тоҷик раҳо кунӣ!
24 январи соли 2024