13-03-2025

Ораш аз тири камонат хиттаи мо шуд ҷудо

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

(Мувашшаҳи ҷашнӣ ба муносибати шасти камолоти рӯшангари миллӣ, бародари гиромӣ Сайдулло Амонӣ бо тахаллуси Ораш)

 

Ораш аз тири камонат хиттаи мо шуд ҷудо,

Расму роҳи хиттабандӣ з-ибтикорат шуд раво,

Аз дили танги ту бошад вусъати меҳру вафо,

Шод бош, эй Ораши кундовари дардошно!

 

        Дубайтии ҷашнӣ

Ба дунболи баҳори бехазонӣ

Бикардӣ сарф як умри ҷавонӣ.

Шукӯҳу шавкати шасти камолот

Ҳумоюн бод Сайдулло Амонӣ!