29-07-2025

Хирадбунёд

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

mainImage

 

(Мувашшаҳ андар зодрӯзи дӯсти донишманд ва хирадсолор Нозим Нурзоди гиромӣ)

Навгӯву накӯгӯву хирадбунйод аст,

Орӣ зи ҳама бандагиву озод аст.

Зоҳирбинон садоқаташ кай донанд?

Ин шердил аз тухмаи он Фарҳод аст,

Монандаи ӯ чарх кам орад ба ҷаҳон,

Некуманиш асту як Аҳурозод аст.

Умре ҳама аз адл сухан мегӯяд,

Равшангари бемисл ба роҳи дод аст.

Зоҳидсифатон куҷо шиносанд ӯро,

Огоҳи ҷаҳон асту аз ин дилшод аст.

Дар даҳр ҳамеша шоду поянда зиҳӣ,

Кай дӯст дигар чу Нозими Нурзод аст?!