08-01-2026
Гунди Шопур
Муаллиф: Беҳрӯз Забеҳулло Саидхоҷа
Ба муносибати 75-солагии таъсиси
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Эй боргоҳи илму адаб, ифтихори мо,
Эй раҳгузори Айнии шоҳиншикори мо,
Эй Гунди Шопур, эй шарафу эътибори мо,
Пайванди ногусастаи олитабори мо,
Илму амал хуҷастатарин ёдгори мо!
Эй ошёни мардуми озодаи Ватан,
Эй илмро саромаду эй ақлро бадан,
Эй остони ҳикмату эй минбари сухан,
Болотар аз ту нест дар ин мулк анҷуман,
Волотар аз ту нест даре дар диёри мо!
Бигзашт рӯзгори пур аз изтироби халқ,
Шебу фарозу роҳи пур аз печутоби халқ,
Афканда шуд зи чеҳраи ғафлат ҳиҷоби халқ,
Рахшанда шуд зи нури хирад офтоби халқ,
Хидмат барои халқу Ватан шуд шиори мо.
Чун соҳиби китобу мидоду қалам шудем,
Доно ба илму ақл ба ҳар печу хам шудем,
Сад қулла фатҳ кардаву собитқадам шудем,
Аз файзи илм муътабару муҳтарам шудем,
Поянда бод ҳикмати ояндадори мо!
Рӯзе, ки шаҳкитоби тамаддун навишта шуд,
Тухми умед дар дили озода кишта шуд,
Бадхоҳу бадсиголи Ватан ҳам саришта шуд,
Халқи фариштахӯйи ман акнун фаришта шуд,
Хуш бод ин мароми туву интизори мо!
З-ин ҷо шукӯҳи миллати мо пойдор шуд,
З-ин ҷо усули давлати мо устувор шуд,
Илму амал яке шуду ояндадор шуд,
Аз нури илму ақл чунин эътибор шуд,
Афзуд аз тавони хирад иқтидори мо!
Халқи маро муаррифи ҳар анҷуман туӣ,
Меодгоҳи донишу фазлу сухан туӣ,
Ҳуҷҷат туӣ, далел туӣ, кохи фан туӣ,
Рамзи хирадгароии халқи Ватан туӣ,
Мактабсарои муҳташами рӯзгори мо!
Беҳрӯзи Забеҳулло
Душанбе, 01.01.2026