21-03-2025
Эҳё мекунад
Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

Ҳар замон гардиш ҷаҳонро боз эҳё мекунад,
Бар вуҷуди хеш аз нав шуру савдо мекунад.
Чархиш орад каҳкашонҳоро ҳама дар як радиф,
Эътидоли давр бар дилҳо таманно мекунад.
Ҷазбаи афлок дорад ҳодисоти ин замон,
То ки ҳар чӣ ҳаст рӯ сӯи Сурайё мекунад.
Рӯз нав, соъат наву лаҳза наву мавҷуд нав,
Ин навӣ дунёи моро бин, чӣ зебо мекунад.
Нуру гармӣ қудрати Хуршед афзун мешавад,
То ба ҷисми мурда ҷони нав ҳувайдо мекунад.
Сабза бо нозу карашма сар ба боло мекашад,
Ғунча ҳам бишкуфтаву домони худ во мекунад.
Ин арӯси сол дар ҷавлон ба сад нозу итоб,
Ҷунбиши навро ба ҳар мавҷуд илқо мекунад.
Бас ғанимат мешумар ҳар лаҳзаро аз зиндагӣ,
Ғофилем аз кори гардун он чи фардо мекунад.
Андар ин гардиш ҳама такрор меёбанд, лек
Кай ҷаҳон монандаи мо боз пайдо мекунад?!