01-10-2026

Ба шӯри ошиқона нест кас анбози Мавлоно

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

 

(порае манзум ба ифтихори Рӯзи Мавлоно)

 

Куҷо анҷом дорад ҳусни ин оғози Мавлоно,

Ҳама хубӣ ниҳон дар нағмаву пардози Мавлоно,

Ба шӯри ошиқона нест кас анбози Мавлоно,

Расад то авҷи арши кибриё парвози Мавлоно,

Расад то бар Сурайе наъраю овози Мавлоно,

Ҳанӯз ҳам нокушуда пардаҳои сози Мавлоно,

Ҳазорон рози Мавлоно,

Ҳунарэъҷози Мавлоно.

 

Ба мо омӯхт дарсу ҳикмати қолабшикастанҳо,

Ба мо омӯхт ӯ аз қайдубанди умр растанҳо,

Сазои дасту пою ҷону қалби хеш бастанҳо,

Панаҳ бар нури хуршеду гурез аз шабпарастанҳо

Ва он занҷираи ҷаҳлу ҷаҳолат баргусастанҳо

Ва гиру дорҳо, афту дарафту хезу ҷастанҳо,

Ки оҳи дил кашиданҳо

Ва хандидан, гиристанҳо.

 

Ба ин маънӣ, ки Мавлоно намоди аҳду паймон аст,

Намоди шӯру шавқу атфу сидқу ишқу армон аст,

Хушо, дар зиндагӣ имрӯзу фардо амри виҷдон аст,

Ки то имрӯз ӯ муршиду пири илму ирфон аст,

Ва то имрӯз ӯ дар ҷустуҷӯйи асли инсон аст,

Ки то имрӯз ӯ марди набарду марди майдон аст,

Дили нури фаровон аст

Ва балки Шамси тобон аст!

29 октябри соли 2025.