27-03-2025

Аз насли Кайқубодӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

(Ба муносибати ҷашни мелоди Бозорбой Ибодӣ)

Бозорбойи Ибодӣ ,

Аз насли Кайқубодӣ.

Ҳаргиз кадам намонӣ,

Дар роҳи номуродӣ.

 

Аз тухмаи Кайю Ҷам,

В-аз хуни Сому Найрам.

Бонангу боғурурӣ,

Бар сони Золу Рустам.

 

То Меҳан гардад обод,

В-аз қайду банд озод.

Бар рағми ғам бикӯшӣ,

Бо қалбу бо дили шод.

 

Бозорбойи Ибодӣ,

Роҳи ҳунар кушодӣ.

Шиорат аҷаб зебо:

«Огоҳию озодию ободӣ»!

 

Ҳар рӯзи ту накӯ бод,

Эй марди кору эҷод .

Фархунда ҷашни мелод,

Эй Бозорбойи Ибод!

 

28.09.2023