19-03-2025
Ай хушо, Наврӯз пайғоми баҳор овардааст
Муаллиф: Нозим Нурзода

(Ғазали тозаи Наврӯзӣ дар ҳошияи Маҳфили илмӣ-фарҳангии “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому”, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, 5 апрели соли 2025, соати 10:30 дар маҷлисгоҳи АМИТ баргузор гардид)
Ай хушо, Наврӯз пайғоми баҳор овардааст,
Маҳфиле бо ин шукӯҳу ифтихор овардааст.
Ай хушо, ин ҷашн бо ихлосу шӯру иштиёқ
Фурсати дидори ҷамъи ҳамтабор овардааст.
Дӯстонро бар Душанбе-пойтахти тоҷикон
Аз Ҳироту Кобулу Балху Тахор овардааст.
Аз ҳама ақсову паҳнои Хуросони бузург
Муждаи беҳинаи деринтизор овардааст.
Бо ҳузури Ориёнфар1, муҳтарам Аҳмад Валӣ2
Чеҳраҳои матраҳи овозадор овардааст.
Маҳз инҷо мисли Бежанпуру3 он Пулодиён4
Шоирони саршиноси ҳамдиёр овардааст.
Бар сари ин минбари озодаи илму хирад
Чун Азизӣ5 олиму омӯзгор овардааст.
Гирди ҳам Исмоили Назрӣ6, Ваҳиди Қосимӣ7
Ҷумлагиро бо суруду чангу тор овардааст.
Дур аз ҳам бо тақозои замон, аммо чӣ хуш
Дӯстон аз ҳар кароне бар канор овардааст.
То нахушкад кӯҳу саҳрои Ватан Омуи мо
Сад ҳазорон обшору чашмасор овардааст.
Баҳри бо ҳам омадан – ҳамбастагии ҷовидон
Суннату ойину расми созгор овардааст.
То раҳем аз фитнаи пинҳони ҳар ҷаҳлу дурӯғ
Огаҳиву ростиро ошкор овардааст.
Ҷашни Наврӯзи Аҷам тули ҳазорон солҳо
Миллати моро нуфузу эътибор овардааст.
Ин замон андар набарди душмани ғаддору дун
Ҳамнабардони далери номдор овардааст.
Аз барои базму бозӣ дар канори рӯду ҷӯ
Духтарони шӯху шанги беқарор овардааст.
Ин арӯси сол бо ҳусну ҷамолу рангу бӯ
Созу оҳанги наву савти ҳазор овардааст.
Ҷилваи гул дар либоси парниёни ҳафтранг
Ёди нозу ишваи зебо нигор овардааст.
Бӯйи атрогини гулҳои баҳори нозанин
Накҳате хуш бар машоми рӯзгор овардааст.
Аз дарахти куҳнаи фикри ману ту, бегумон,
Меваи андешаи навро ба бор овардааст.
Дар қиболи нохушиҳои зиёди зиндагӣ
Ҳадяи хушҳолиҳои бешумор овардааст.
То раҳем аз қайдубанди зиллату вобастагӣ
Руҳи озоду тавону ихтиёр овардааст.
Мунтаҳо, Ҷамшед – аввалшаҳриёри бохирад
Ҳикмати Наврӯз бар мо ёдгор овардааст.
Файзи ҷашн аз ҳар ду сӯйи рӯди Омуи азиз
Миллати дарёдили бонангу ор овардааст.
Тавзеҳот:
1. Устод Шамсулҳақ Ориёнфар – доктор, донишманд ва адиби саршиноси Афғонистон
2. Устод Аҳмад Валӣ Масъуд – чеҳраи матраҳи сиёсӣ ва фарҳангии Афғонистон, раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд
3. Устод Раҳматулло Бежанпур – шоир ва донишманди маъруфи Афғонистон
4. Устод Ҷалил Шабгир Пӯлодиён – шоири тавоно ва донишманди саршиноси Афғонистон
5. Устод Башир Азизӣ – доктор, файласуф ва пажуҳишгари номдори Афғонистон, феълан пажуҳишгар дар Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
6. Устод Исмоил Назрӣ – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, овозхони шаҳири Тоҷикистон
7. Устод Ваҳид Қосимӣ – овозхон ва оҳангсози маъруфи Афғонистон
Бо эҳтиром,
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
5 апрели соли 2025, шанбе, соати 09:20