03-03-2025
Ай хушо, марди силаҳшӯр омада
Муаллиф: Нозим Нурзода

(ғазали ҷашнӣ ба муносибати зодрӯзи дӯсту бародари гиромӣ, Рустам Нур)
Ай хушо, марди силаҳшӯр омада,
Тоҷики гарданкаши зӯр омада.
Бо тавони тоҷикона, бениёз
Аз амиру хону фағфур омада.
Бар сари минбар аналҳақ бар забон
Беҳарос аз дори Мансур омада.
Савту сози маргро бигзошта,
Бо навои зиндагӣ ҷур омада.
Ҷом бар каф, аз ҳавои дӯстӣ
Базми мо сармасту махмур омада.
Дар қиболи ғуссаву андуҳу ғам
Пурнишоту шоду масрур омада.
Рустами Дастон, агарчи рафт, лек
Ҷойи ӯ ин Рустами Нур омада.
Баҳри табрики ту, ай марди ҳунар,
Аҳли дил аз наздику дур омада.
2 марти соли 2025, якшанбе, соати 11:20