10-04-2025
Амвоҷи ҳастӣ
Муаллиф: Беҳрӯз Забеҳулло Саидхоҷа

(Достон)
Тақдим ба бунёдкорони неругоҳи Роғон
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,
Мо зинда ба онем, ки ором нагирем!
Калими Кошонӣ
Мавҷи нур
Ҳар ки бо нур аст, нуронӣ шавад,
Орифи сармасти раббонӣ шавад.
Нур оламро мунаввар кардааст,
Руҳ одамро мусаххар кардааст.
Дидаӣ дар об мавҷи нурро,
Дар дили паймонаҳо ангурро.
Ё ки нури ишқро дар обу санг,
Ё дурахши найзаҳо ҳангоми ҷанг.
Менабинӣ, аз дили кӯҳи гарон,
Мезанад фаввораҳо оташфишон.
Дар дили ҳар шодмонӣ ғам бувад,
Нуру зулмат ҳар ду ёри ҳам бувад.
Гарчи шаб чун зулфакони дилбар аст,
Ҳомили нур аст, ӯро модар аст.
Дардро гоҳо даво бошад шаранг,
Кашф шуд оташ ҳаме аз зоти санг.
Соқиё, паймона мебояд маро,
Ҷуръати шерона мебояд маро,
Ҷуръати сайёд аз ҷоми май аст,
Ё рами оҳу нигаҳбони вай аст.
Аз заъифони ҷаҳон ҳиммат биҷӯ,
Рӯшноӣ аз дили зулмат биҷӯ.
Оташ андар баҳр кӯҳи зар шавад,
Киштӣ андар об хокистар шавад.
Ҳар киро ёреву дилбанде бувад,
Ҳар чиро бо нур пайванде бувад.
Ин ҷаҳон равшан шавад бо нури чашм,
Сад ниҳон равшан шавад бо нури чашм.
Беҳтар аз ин чашм нури дил бувад,
Сад дареғи он ки кури дил бувад.
Гар набошад нури дил дар синаҳо,
Дида барбандед аз оинаҳо.
Чунки ин оина тимсоли дил аст,
Мастии девонаҳо аз маҳфил аст.
Ғарқ дар нур аст ин дунё, азиз,
Кай бувад бемавҷ ин дарё, азиз.
Хоку боду обу оташ масти нур,
Ҷумла дунёи мунаққаш масти нур.
Шодии парвонаҳо аз нур буд,
Қул-қули паймонаҳо аз нур буд.
Хонаи моҳу малак нуронӣ аст,
Гардиши чархи фалак нуронӣ аст.
Ҷумла ашё нур дорад дар дилаш,
Гарчи зоҳир нест дар обу гилаш.
Ҳеч шайъе дар ҷаҳон бе нур нест,
Чашми дил бигшо, яке мастур нест!
Мавҷи бод
Чу бинам Тоҷикистони навину тобиши хуршед,
Ба ёдам мерасад даврони шоҳаншоҳии Ҷамшед,
Ба ёдам мерасад Ҷоми Ҷаму ҷоми маю тоҷу раҳи испед,
Зиҳӣ, умед!
Кунун он шавкати деринаро дар хеш мебинам,
Худамро подшоҳу шоҳро дарвеш мебинам.
Замоне,
Ину оне, бо гумоне ман-манӣ карданд,
Миёни нуру зулмат пардаи оҳарманӣ карданд.
Яке аз деҳи худ тасвири як шаҳри калон мекард,
Ки гӯё деҳаи ӯ хидмати халқи ҷаҳон мекард.
Дигар аз гӯри аҷдодони худ афтод дар ташвиш,
Сухан аз ғурбату оворагӣ мегуфт бо миш-миш.
Ва ё шайхе ба мардум аз қиёми рафтагон мегуфт,
Ва ё аз растахези дигаре дар ин макон мегуфт.
Яке аз ранҷиши арвоҳ,
Яке аз санҷиши Яздон.
Яке аз лашкари мавҳум,
Яке аз қисмати махтум...
Ҳамоно, анҷуман шуд издиҳоми хашмгин аз нур,
Чунон чун издиҳоми Коваи Оҳангари мағрур,
алайҳи зулму бедодӣ,
Сано бар адлу озодӣ!
Дар ин водӣ,
Набарди аҳли гӯру аҳли нур оғоз шуд, ҳайҳот,
Набарди ваҳму ботил бо шуур оғоз шуд, ҳайҳот!
Ду лашкар андар ин водӣ ба ҳам пайкор мекарданд,
Ба номи ақлу имон хешро инкор мекарданд.
Дар ин савдо, дар ин балво, ҳама аз ҳақ сухан мегуфт,
Яке аз қабзи руҳу дигар аз нафъи Ватан мегуфт.
Яке аз нур гап мезад,
Яке аз гӯр гап мезад!
Ва ногаҳ,
Нурро дидам, ки фавҷаш дар камин афтод,
Ҷаҳон зулматсаро шуд, чун шароре бар замин афтод.
Мавҷи об
Вале як рӯз хуршед аз дили зулмат бурун омад,
Дами субҳ Аҳриман аз тавсани худ сарнагун омад.
Чу борони баҳорӣ аз фалакҳо нур меборид,
Чи зебо бар ситеғи қуллаҳо пуршӯр меборид.
Хабар омад,
хабар аз ҳар тараф, аз баҳру бар омад,
Ки шоми тираи моро кунун нури саҳар омад.
Ки шоҳи тоҷикон бар водии Роғон сафар дорад,
Барои мардуми ин водӣ савғои дигар дорад.
Тамоми мардуми водӣ ба ҷону дил сухан карданд,
Ҳама бо амри дил бо доҳии худ анҷуман карданд.
Сухан аз сарнавишти ноби Роғон буд,
исён буд
Зи чашми пуршарори халқ
як водӣ чароғон буд.
Абумуслими нав дар инҳисори сарбадорон буд!
Аз он ҷо мавҷи қарсак то ба кайҳон рафт, эй мардум!
Сухан чун дар хусуси Ноби Роғон рафт, эй мардум!
Чу доҳӣ гуфт мо ин кохро бунёд месозем,
Дар ин вайрона кохи нурро обод месозем,
Тамоми халқ аз шодӣ, нидо сар дод: озодӣ!
Зиҳӣ, эй раҳнамои халқ, зиҳӣ, эй машъали шодӣ!
Зи мавҷи қарсаку аз ғулғули мардум замин ларзид,
Ту гӯӣ тахти шоҳон бо ҳама нақшу нигин ларзид.
Нигоҳи халқ сӯи Пешвояш ҳайратафзо буд,
Яқину шак ба ҳам омехт, дарёи таманно буд.
Садо аз остон то осмон з-ин моҷаро бархост,
Садо чун аз асири раста аз доми бало бархост.
Чунин аст, эй бародар, қиссаи оғози як парвоз,
Чунин аст саргузашту сарнавишти қудрати эъҷоз!
Ҳикояти пири роғӣ аз гузаштаи дур
Ҳикоят кард марде пиру доно,
Ки дорад дар дили ин водӣ сукно.
Ки Роғон воҳае буд тираву тор,
Набудӣ аз тамаддун ҳеч осор.
Макони ваҳшу тайру ҷину моҳӣ,
Халоиқ медиҳад бар ин гувоҳӣ.
Улоси галлаи гургу шағолон,
Ба ҳаме печида буд дар кӯҳсорон.
Заминаш гарчи шебу пурсамар буд,
Ҳаёти одамӣ андар хатар буд.
Макони амну ҳам обод кам дошт,
Фазои кору ҳам эҷод кам дошт.
Чу рӯзе Тоҷикистон гашт барпо,
Ҳаёт омад, нишот омад саропо.
Дурахшон дар само шуд моҳи шабрав,
Раҳи нав, фикри нав, андешаи нав.
Китоб омад, қалам омад ба Роғон,
Фазои муҳташам омад ба Роғон.
Ба водӣ мактаб омад, матлаб омад,
Дурахши барқ мисли кавкаб омад.
Наво омад, навид омад, ба Роғон,
Ба ҳар қуфле калид омад ба Роғон.
Қатори мошин омад аз Душанбе,
Муҳандис, лочин омад аз Душанбе.
Ҳазорон тарҳи нав эҷод гардид,
Дар ин ҷо шаҳри нав бунёд гардид.
Надидаст андар ин паҳнои хуррам,
Чунин шаҳре касе аз насли одам.
Дар ин роғе, ки боло дораду паст,
Ба ҷои ваҳш одам шуд забардаст.
Кунун Роғон диёри номдор аст,
Маро аз шаҳри худ бас ифтихор аст.
Муродиф номи он бо нур гардид,
Ки номаш дар ҷаҳон машҳур гардид!
Аз рӯзгори бунёдкорони Роғон
Кунун бишнав ҳикоят, эй бародар,
Зи Роғону зи мардони диловар.
Фарох аст ҳиммати мардони тоҷик,
Бигӯям нуктаҳои бикру борик.
Ҷавоне паҳлавон номаш Назар буд,
Ба користони Роғон мустақар буд.
Троктур дошт бо худ ғӯлпайкар,
Худаш мисли троктур дошт ҳайкал.
Ба користони Роғон бо дили шод,
Назар омад зи мулки Муъминобод.
Ҷавонмарду далеру паҳлавон аст,
Яле аз воҳаи Чилдухтарон аст.
Ҳаме кӯҳу камарро парма мекард,
Нагун гаҳ селу гоҳе тарма мекард.
Ба кораш рӯзу шабҳо равнақе аст,
Худаш як одами хуш чақ-чақе аст.
Шабонгаҳ дар ҳавои софи Роғон,
Назар бо шавқи дил дар ҷамъи ёрон,
Ҳикоят менамудӣ бо дили шод,
Зи ҳусни духтарони Муъминобод.
Ту гуфтӣ маҳфили ширу шакар буд,
Сухан аз Рӯдакӣ то Миршакар буд.
Хуҷандӣ аз Камол истода мегуфт,
Ҳисорӣ шеъри Турсунзода мегуфт.
Зарафшонӣ сухан санҷида меронд,
Бадахшонӣ суруди шӯх мехонд.
Яке аз Вахш шӯхӣ-бозӣ мекард,
Адои мардуми дарвозӣ мекард.
Ризо ҳам қиссаҳо мекард пуршӯр,
Муҳандис буд аз шаҳри Нишопур.
Дар он маҳфил ба расми шабнишинӣ,
Хитоӣ буду русу украинӣ.
Дар он шабҳо ҳадис аз ину он буд,
Сухан аз қиссаи Чилдухтарон буд.
Назар бо ифтихору дидаи тар,
Ривоят кард аз даври Сикандар.
Замоне чун қазои Довар омад,
Ба Хатлон лашкари Искандар омад.
Набарди саҳмгин оғоз гардид,
Замин бо осмон анбоз гардид.
Далерони Хутал пайкор карданд,
Сикандарро залилу хор карданд.
Замин аз хуни тар оғушта гардид,
Ялони бешуморе кушта гардид.
Сикандар ҳилаву найранг мекард,
Ба сахтӣ бо далерон ҷанг мекард.
Ба ҳангоми фирор аз мулки Хатлон,
Дилаш пурхашму афкораш парешон,
Парирӯёни хатлонӣ ҳавас кард,
Ки шояд з-он якеро ҳамнафас кард.
Чиҳил моҳу парӣ дар кӯҳ буданд,
Диле пурғуссаву андӯҳ буданд.
Сикандар қасди онон кард чолок,
Кушоданд дастҳоро сӯи афлок,
Дуо карданд бо ҳам пеши Яздон,
Парирӯёни хоки поки Хатлон,
Худовандо, ба сад арзу надомат,
Вуҷуди мо раҳонӣ аз асорат,
Ба иззат пайкари мо санг гардон,
Вуҷуди мо раҳо аз нанг гардон!
Чунон ҷӯёи ному нанг гаштанд,
Парирӯёни хатлӣ санг гаштанд.
Чу дар банди хаёли хом гардид,
Сикандар оқибат ноком гардид,
Дар он кӯҳе, ки чил духтар ниҳон шуд,
Ҳамоно номи он Чилдухтарон шуд.
Назар з-ин қиссаҳо бисёр мегуфт,
Ба ёрон дар шабони тор мегуфт.
Ба шабҳои дигар “Шаҳнома” мехонд,
Зи айёми куҳан бас нома мехонд.
Ривоятҳо зи ному нанг мегуфт,
Гаҳ аз таъриху аз фарҳанг мегуфт.
Вале аз бомдодон кор мерафт,
Таҳамтан гӯиё пайкор мерафт.
Зи кори хеш буд пайваста дилшод,
Зану фарзанди ӯ дар Муъминобод.
Ду то духтар, яке ҳам шаҳписар дошт,
Ҳазорон орзу бар дил Назар дошт,
Набудӣ рӯзу шаб як лаҳза ором,
Бишуд фориғ зи мактабхона Баҳром.
Кунун донишпажӯҳ аст дар Душанбе,
Ки сардори гурӯҳ аст дар Душанбе.
Падар устоди Баҳром аст охир,
Муҳандис мешавад бо амри тақдир.
Ба Роғон меравад ҳамчун муҳандис,
Ман инро кардаам аз ҳирфааш ҳис.
Расад рӯзе, ки соҳибном гардад,
Асо дасти падар Баҳром гардад.
Ки ӯ насли ҷавон, ояндадор аст,
Зи Роғон ин Ватанро сад баҳор аст.
Замоне, ки шавад ин гӯша обод,
Кунад Баҳроми мо тарҳи нав эҷод.
Чу ақл аз банди ҷаҳл озод гардад,
Ҷаҳон аз нури ақл обод гардад!
Мавҷи оташ
Тулуи субҳи хуршедии мо аз шаҳри Роғон аст,
Дар ин ҷо корзори азми инсон аст.
Қиёми марду зан бошад,
Набарди тан ба тан бошад.
Намоишгоҳи азму орзуи насли инсон аст.
Хурӯши ақлу имон аст!
Дар ин майдон чу Рустам корзори хуб бояд кард
Ва ин деви сафеди нафсро саркӯб бояд кард.
Ба гурзи оҳанӣ харсангҳоро пора месозем,
Аз ин харсангҳои пора кӯҳи хора месозем!
Ҳамин гардуни гардонро чунин расму чунин роҳ аст:
Яке дар зери чоҳу дигаре бар қуллаи моҳ аст.
Замоне
ин даман ҷавлонгаҳи гургу шағолон буд,
Сукути маҳзи ин водӣ
суқути насли инсон буд.
Яке омад, садо зад:
Тарҳи нав манзур месозем,
Дар ин водӣ барои халқ “Кохи нур” месозем!
Ҷаҳон ошуфта шуд...
Шоҳо, магӯ: дунё амон бошад,
Чунин ҳарфе чу эълони нави ҷанги ҷаҳон бошад!
Садо печид дар гардун,
ки, эй парвардаи ҳомун!
Матарсед,
азми мо мустаҳкаму қатъист,
Агар сармоя кам бошад,
Дили бедори мо кофист!
Ки “Кохи нур” рӯзе, бегумон, бунёд хоҳад шуд,
Ба дасту ҳиммати мо ин Ватан обод хоҳад шуд!
Мавҷи хок
Чӣ асрорест печида,
Ки асрори ҷаҳон пайваста мармуз аст,
Гушудан рози кайҳон аз барои халқ Наврӯз аст,
Вале асрори Роғон дар таҳи хок аст,
Аз ин чаҳ ҳамчу Юсуф роҳи тоҷик сӯйи афлок аст.
Замин пок аст,
Замини покро монанди модар ишқу идрок аст!
Дар ин ҷо кӯҳ бо куҳ
мешавад пайванд,
Дар ин ҷо чор унсур
ёру хешованд.
Аз ин ҳамбастагӣ қад мекашад сарбанд
Ба сони қуллаи Алванд!
Дар ин ҷо, аз дили ҳар санг як авранг мерӯяд,
Зи сангистони Роғон решаи фарҳанг мерӯяд.
Чи фарҳанге,
ки аз нур аст ҳар аъзову пайвандаш,
Набуду нест монандаш.
Ман аз Роғон чӣ гӯям,
Қиссаву афсона бисёр аст.
Дар ин афсонаи ширини мо эъҷозу асрор аст.
Чунон роҳи Сироту маънии борикро монад,
Гузаштан аз хати он ҳиммати тоҷикро монад.
Аё инсони хокӣ,
Хок дар дасти ту зар гардад,
бале, хоки сияҳ гар дар кафи соҳибҳунар афтад,
Шарар гардад,
гуҳар гардад!
Дар ин ҷо азмро бо назм ҳампайванд мебинам,
Дар ин ҷо базмро бо разм ҳампайванд мебинам.
Сари як риштае аз ҳам ҷудоӣ нест дар Роғон,
Агар як ришта аз ҳам бигсалад дунё шавад вайрон,
Дар ин ҷо боду хоку обу оташ решапайванд аст,
Дар ин ҷо сангу симон, ишқу имон банд дар банд аст,
Ҷудоиро дар ин аҷзо намебинам,
Дар ин ваҳдатсаро як зарраи танҳо намебинам.
Зиҳӣ, хоке ки хуршед андар ӯ мастур хоҳад шуд,
Аз ин хоки сияҳ рӯзе ҷаҳон пурнур хоҳад шуд!
Мавҷи шодӣ
( Нидои бунёдкорони Роғун)
Мавҷҳои нурро аз шоми тор овардаем,
Вахшро чун Рахши Рустам зери бор овардаем.
Мо барои ин Ватан бас ифтихор овардаем,
Дар дили сарди зимистонаш баҳор овардаем.
Солҳо тоҷик дар тоқаш фақат тӯмор дошт,
Баҳри дафъи чашми бад гулхор дар девор дошт.
Як чароғи хира ё як шамъи бемиқдор дошт,
Бо чунин аҳвол умре рӯзгор овардаем.
Нуру зулмат солҳо дар кулбае ҳамхона буд,
Рахна кардан дар замини тор як афсона буд,
Кӯҳро талқон намудан назди мо бегона буд.
Ин замон бо азми худ аз хок нор овардаем.
Ҳолиё Фарҳодвор ин кӯҳро каҳ мекунем,
Сангро ҳам мешикофем, Қофро раҳ мекунем,
Ҳам шағал, ҳам хоку ҳам симон ҳамраҳ мекунем,
То ки обанбори Роғунро ба бор овардаем.
Кӯҳро то парма кардем, аз дилаш бигзашт роҳ,
Чун ду чашми одамӣ аз санг меборад нигоҳ.
Баркашида Юсуфи гумгаштаро аз зери чоҳ,
Тутиёи чашми худ гарду ғубор овардаем.
Дар набарди нобаробар пора кардам кӯҳро,
Бардаридам синаи навмедию андӯҳро,
Зинда кардам сунати деринаи бишкӯҳро,
Рӯзҳои сахт бигзашту баҳор овардаем.
НОБ-и Роғун корзори нангу номи тоҷик аст,
Махзани нуру сафои субҳу шоми тоҷик аст,
Рамзи истиқлоли давлат, эҳтироми тоҷик аст,
Меваи мамнуаро аз шохсор овардаем.
Вахши шӯху саркаш акнун зердасту роми мост,
Мавҷ ҳамчун оҳуи сармаст андар доми мост,
Парчами нусрат парафшон дар ҳарими боми мост,
Мо барои ин Ватан авҷу барор овардаем.
Баъд аз ин аз нури Роғун даҳр нуронӣ шавад,
Хонаву бому дари мардум чароғонӣ шавад,
Ақл равнақ гираду хатми парешонӣ шавад,
Мавҷҳои нурро чун обшор овардаем.
Махзани нуру саодат, ифтихор овардаем!
Мавҷи ҷовидон
Наво омад,
навид омад,
Ки, эй ёрон ҳабиб омад!
Ба дарди бедавои мо,
шифо омад,
табиб омад.
Паём омад,
калом омад,
Чу теғе аз ниём омад.
Зи ҳар кунҷу канори мамлакат
халқ издиҳом омад.
Ки Роғон Тоҷикистонро намоди азми миллӣ шуд,
Намоди иттиҳоду инсиҷому назми миллӣ шуд.
Яке мавҷи дигар дидам,
ки авҷаш сӯи кайҳон аст,
Ки дар тӯфони амвоҷаш,
басо асрори пинҳон аст.
Дар ин ҷо ишқро бо ақл
ёру ҳамсадо дидам,
Дар ин ҷо нуру зулматро
ду ёри бовафо дидам.
Дар ин ҷо сангу симон
Лайливу Маҷнуни ҳам бошанд,
Дар ин ҷо чор унсур,
ғарқ дар мазмуни ҳам бошанд.
Дар ин базми муҳаббат
расму роҳи бевафоӣ нест,
Аз ин ваҳдатсаро
як зарраро майли ҷудоӣ нест!
Чу кӯҳи Бесутун аст,
ҳар тараф Фарҳод мебинам,
Ҳазорон ошиқи сармаст аз эҷод мебинам.
Чӣ ширин аст ишқи моми Меҳан, эй ватандорон,
Фидо бояд намудан ҷону ҳам тан, эй ватандорон!
Дар ин Роғон ҳама Маҷнуни кори хеш мебошанд,
Ҳама ошиқ ба кору корзори хеш мебошанд.
Дар ин ҷо одаму олам ба ҳам пайванд мегардад,
Ҳама аҷзо зи бешу кам ба ҳам пайванд мегардад.
Дар ин ҷо қудрати инсон намоён мешавад, ёрон,
Дар ин ҷо ҳикмати кайҳон шукуфон мешавад, ёрон!
Дар ин ҷо маънии ваҳдат ба ҳиммат мешавад тафсир,
Шукӯҳи руҳи инсон нав кунад афсонаи тақдир.
Ба санъат дар дили кӯҳ,
кох месозад кунун тоҷик,
Ки то равшан шавад з-ин кохи нураш
гӯшаи торик.
Шабонгаҳ каҳкашон дар осмон
мисли нигин бошад,
Ки Роғон каҳкашони нав,
вале рӯи замин бошад.
Миёни каҳкашон фосила гарчи дур мебошад,
Вале якрангии онҳо зи мавҷи нур мебошад.
Ҳар он чи нурро тавлид созад
каҳкашон гардад,
Маконаш ҳар куҷо бошад,
мақомаш осмон гардад.
Касе к-ӯ воқифи асрори нуру ҳикмати мавҷ аст,
Шаҳаншоҳи ҷаҳон аст,
қудраташ пайваста дар авҷ аст.
Биё, з-ин чор унсур
қудрати худро муҳайё кун,
Барои равнақи ояндаи худ,
сад тақалло кун!
Аз ин ҷо қудрати инсони хокӣ мешавад боло,
Аз ин ҷо нурборон мешавад ояндаи дунё.
Аз ин ҷо бахти хоболуди мо парвоз хоҳад кард,
Дар олам тоҷики озода бас эъҷоз хоҳад кард.
Бидуни шак, ки Роғон тоҷиконро
Тахти Ҷамшед аст,
Намоди қудрати миллӣ,
чароғи субҳи умед аст!
Шукӯҳу шавкату ояндаву иқболи мо ин ҷост,
Сано бар Тоҷикистон,
рамзи Истиқлоли мо ин ҷост!
Душанбе, 2025