01-07-2025
Ҳабиби мардумон
Муаллиф: Нозим Нурзода

(манзумаи ҷашнӣ ба истиқболи 80-солагии ҳиндшиноси маъруфи тоҷик устод Ҳабибулло Раҷабов)
Чилу панҷум сол, июнмоҳ – он вақту замон,
Аз деҳи Чангоби поёни Ҳисори шодмон,
Тифли маъсуме кушода чашм бар рӯйи ҷаҳон,
Ном додандӣ Ҳабибуллоҳ ӯро волидон,
Бо ҳазорон нозу атфу ишқ кардандӣ калон,
То шавад андар миёни мардумӣ соҳибқирон,
Рӯ ба сӯйи илму дониш барниҳода он ҷавон
Дар талошу сахткӯшию такопӯ ҳамчунон,
Ошно шуд бо забону суннати Ҳиндустон,
Оқибат бо ибтикороти зиёде, бегумон,
Шуд ҳабиби мардумон,
Ифтихори хонадон!
Бар асоси ҷустуҷӯю кандукови бешумор,
Бар асоси қудрати ақлу тавону иқтидор,
Бар асоси руҳи озоду шукӯҳи ихтиёр,
Кард он неруи ақли хештанро ошкор.
Аз тариқи таълифоти ин хирадманди диёр,
Аз тариқи заҳмати ин олими шабзиндадор,
Ошно гаштем бо ҷамъияти ҳиндутабор,
Бо Ракешу Яшпалу Чандар, Премчанду Тагор,
Ошно бо ҷумлаи аҳли адиби номдор.
Ин туӣ, эй устоди камназиру бовиқор,
Бо камоли эътибор,
Дӯстонро интизор!
Умр агарчи меравад, афсус, чун рӯди равон,
Умр агарчи меравад, оре, мисоли корвон,
Мебарад бо шеваи оҳистагӣ аз мо тавон,
Хаставу бечора месозад агарчи ҷисму ҷон,
Лек фарзанди далери ин замину ин замон
Хешро созад ба ҳукми ақл инҷо ҷовидон.
Пас, назар кун, лаҳзае, эй устоди меҳрубон,
Андар ин маҳфил ҳама ҷамъанд ёру дӯстон,
Омаданд аз баҳри дидори ту аз ҳар ошён,
Аз тамоми марзу буми Тоҷикистони ҷавон,
Так-таки соҳибдилон,
Зубдаи озодагон!
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
26 июни соли 2025, панҷшанбе, соати 12:00