19-01-2026
Пешгуфтори ҳамосаи тозаи миллӣ - "Зардуштнома"
Муаллиф: Меҳроспанд Отбиён
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
(Фирдавсӣ)
На камтар аз 3700 сол пеш аз ин дар Эрони Бостон бузургмарде падид омад, ки дар дониш ва андешаи фалсафӣ ва динӣ ва химӣ (ахлоқӣ) ва куниш ва рафтори ҷаҳониён нишоне чашмгир гузошт, ки натанҳо дар замони худ гардиши бузурге падид овард, ба болои он пайи зудуданашавандаи он то ҷовидона дар андешаҳои донишӣ ва химӣ ва динии ҷаҳониён поянда ва мондагор хоҳад буд, Ва он абармарди бузурги таърих, нахуст филусуфи ҷаҳон, ки пас аз зиндагии хеш андешаҳои ӯ дар густараҳои гуногуни дониш ва фалсафа ва фарзонагӣ ва химшиносӣ ва динҳои ҷаҳонӣ андаромад ва кор кард ва то кунун нишонаҳои андешаҳои жарф ва пешгоми ӯ дар ҳама гуна шохаҳо ва равияҳои донишу фарҳанги ҷаҳон ба чашм мерасанд, Зардушти Спитом буд, ки ҳамчун нахустин гундо (ҳаким) ва филусуфи неруманди таърих, дар паёмади пажӯҳишҳо ва омӯзишҳо ва нигоҳи жарфи хеш, ба он расид, ки ҷаҳонро ҳанҷорест. Ба дигар сухан, сохтори дурусти гардиш ва равиши ҷаҳони астуманд (моддӣ) ягона аст ва андар он ду неруи ба ҳам ҳамистор (Сипантоман ва Аҳриман) пайваста дар пайкоранд ва хираде берун ва андаруни ин гетии астуманд ҳаст, ки офаридагори он аст ва ӯро ном Аҳӯро Маздост.
Ашӯ Зардушт поягузори нахустин донишҳо ва андешаҳои фалсафӣ ва нахустин ойини яктопарастӣ ва бозсозгари сохтори дин ва шаҳриёрӣ дар Эрони Бостон буд, ки «ашо» (ростӣ, ҳанҷори ҳастӣ)-ро андозагири ягонаи дониш ва рафтор ва куниши ҷаҳониён шуморид ва хирадро мояи ҳастӣ ва дастури зиндагӣ гуморид ва тӯдагонро ба роҳи некӣ, доду дониш ва рӯшноӣ роҳнамоӣ кард. Ӯ натанҳо дар дин ва хим ва куниш ва фалсафа, дар баробари он дар сохтори шаҳрдорӣ ва додгустарӣ ва пешбурди зиндагонии тӯдаҳои мардум ва донишҳои рӯзгори куҳан низ гардиши бузург ба миён овард.
Бо гузашти рӯзгор, дар пайи тохтутозҳо(и тороҷгарони бедодкор) ва густариши боварҳои диниву фалсафии бегонагон дар Эронзамин, бо рафторҳои душманонаи он кишваркушоёни вайронгар, ки ба пирӯзӣ даст ёфта буданд, он донишҳо ва андешаҳои пешгомона ва хирадмандонаи кунишӣ ва фалсафии он пири хирад ба оташ кашида, гӯё, ки аз миёни бардошта шуданд, лек бузургии фарҳанги Эрони Бостон ва омӯзаҳои Ашӯ Зардушт дар он буд, ки он ҳама андешаҳои пешрафта ва фарҳанги волоро аз миён бурдан натавонистанд ва бо он ҳама тундтозиҳо аз миён нарафтанд ва дар гӯшаю канор ва андаруни Эронзамин нигаҳдорӣ шуданд ва бимонданд ва бо андешаҳои ҷаҳондорӣ ва донишҳои фалсафию динӣ ва химии он кишваркушоёни вайронгар омезиш ёфтанд ва аз сӯи донишмандон ба забонҳои онҳо гардонда шуданд ва дар ҳама гуна майдонҳои дониш ва фарҳанги он бегонагони тороҷгар андаромаданд ва бо номҳои нав ва дар пӯшиши нав аз худ карда шуда, дигарбора бидурахшиданд.
Онон натанҳо ганҷҳои моддии Ориёбумро тороҷ карда бурданд, ҳамчунон ганҷҳои фарҳангӣ ва менуиро низ рӯфта бурданд. Кохи дониши Юнони Бостон аз хиштҳои заррини фарҳанги Эрон бунёд ёфта ва сохтмони фарҳанги ислом аз сутунҳои заррини дониши Эрони Бостон устувор гардида, ганҷинаи дониш ва фарҳанги ҳам юнонӣ ва ҳам мусулмонӣ аз гавҳар ва зари ноби порсӣ оганда гаштааст. Бояд ёдовар гашт, ки пеш аз ислом ойини меҳрпарастӣ низ дар Аврупо рафта ва густариш ёфта буд ва ин низ нишондиҳандаи он аст, ки фарҳанги Эрон то кадом зинаҳои баланд ба фарҳанги Рум ва Юнон андар шуда будааст. Дар навиштаҳои Плотун (Афлотун) ва Арасту, Монӣ ва динҳои яҳудӣ ва масеҳӣ, дар ҳама шохаҳои донишҳои замони пас аз исломӣ (пизишкӣ, кимиё, рафтор ва дигарҳо), охшигҳои (аносири) фарҳанги эронӣ, ки дар мағзи онҳо омӯзаҳои Ашу Зардушт ҷой доранд, равшан ба чашм мерасанд: «намудҳо» (мусул, идаҳо)-и Плотун, растохези тани пасин, дӯзах ва биҳишт дар динҳои ҷаҳонгир, бархе омӯзаҳои Монӣ ва думболаи он ба номи «тасаввуф» дар ислом, пизишкӣ дар Юнони Бостон ва бисёр дигар нишонаҳо дар ҳамаи шохаҳо ва риштаҳои дониш ва зиндагии ҷаҳониён нишондиҳандаи онанд, ки фарҳанги Эрони Бостон, ба вижа омӯзаҳои Зардушт, ба гунае чашмгир ба андешаҳои динӣ, донишҳои фалсафӣ ва рафторӣ ва химии онон андар шуда ва як баҳри ҷудоинопазири арзишҳои фарогири ҷаҳонӣ гашта ва дасти филусуф ва паёмбари ориёӣ Зардушти Спитом дар ин равандҳо ошкорост.
Зардушт, пештар аз Конфутсии чинӣ ва чун Волтар, Гегел ва Маркс ва бисёрони дигар, поягузори донишҳои фалсафӣ, кишвардорӣ ва бозсозгари сохтори шаҳриёрӣ ва додгустарӣ буд ва ҷуз ин, чун паёмбар мардумро ба ростӣ, некӣ ва доду дониш роҳ менамуд.
Азбаски аз рӯзгори Зардушт то ин дам замони дуру дарозе гузаштааст, достони зиндагонии ӯ бо гузашти замон дигаргунӣ пазируфта ва рехти афсона гирифтааст, чи дар гузаштаҳои дур паёмбарони cомиро ба Зардушт монанд карда, сомиён бахшҳои зиндагии ӯро ба паёмбарони худ додаанд. Пас аз чирагии тозиён ва ҷой гирифтани афсонаҳои cомӣ дар бораи паёмбарон дар мағз ва андешаи эрониён, чеҳраи Зардушт ва корномаи ӯ низ ба паёмбарони cомӣ монанд гашта, афсонаҳо ва гуфтаҳо дар бораи Зардушт низ ранги дигар хӯрдааст ва дар бораи ӯ чизҳои наве ҳам бофтаанд ва бо касони ҳамном ва рӯшиносони (машоҳири) замони пешин омехта кардаанд; вагарна Зардушт пагӯйи хирадманд ва гундои филусуф, поягузори равияи динӣ ва рафторӣ ва химии замони худ буд ва
ҳамчун бозсозгари гунаи шаҳрдорӣ ва сохтори кишвардорӣ ва навовар баромад карда, бо дурӯғ, ин офаридаи Аҳриман, дилерона дар пайкор будааст.
Пас аз фурӯпошии дастгоҳи кишвардории пурзӯри Шӯравӣ ва аз миён рафтани андешаи коммунистӣ ва фароҳам омадани заминаҳои арзишманди гуногунандешӣ дар Тоҷикистон, дар сари нависандаи ин вожаҳо андешае падид омад, ки он чи дар бораи ин марди бузурги таърих дониста ва огоҳӣ дорам, рӯйи коғаз биоварам ва хонандаи тоҷикро бо Зардушт ва омӯзаҳои ӯ ошно созам ва дасти болои Зардуштро дар андешаҳои фалсафӣ ва динӣ ва химии ҷаҳониён нишон бидиҳам. Вале чун аз чизҳои хонда ва ёдгирифтаи худ навиштае накарда будам ва дарёфти донишномаҳо ва сарчашмаҳо дар деҳаи дурдасте, ки банда дар он зиндагӣ мекардам, аз тавони ман берун буд, ба худ гуфтам, ки танҳо бо гузориши он чи перомуни зиндагонии Зардушт дар намуди устураҳо то ба мо омада расидааст, басанда кунам, агарчи ин ҳам басо душвориҳо дар пеш дошт. Аз ин рӯ андеша кардам, ки дар бораи зиндагии Ашӯ Зардушт дар заминаи набиштаҳо ва номаҳои дастраси худ ва он чи дар ёд доштам, гуфторҳои то ба имрӯз мондаро бинавиасм, то ба хонанда дар бораи зиндагӣ ва омӯзаҳои ӯ огоҳӣ дода бошам. Вале гардониш ва бозгӯйии он гуфторҳо ва устураҳо ва навиштаҳои донишмандон дар бораи Зардушт ва омӯзаҳои ӯро дархури хостаи худ надидам ва ба ин андеша омадам, ки «Зардуштнома»-е дар намуди чакома бо ба кор гирифтани ҳама сарчашмаҳо ва гуфтаҳои донишмандони гузашта ва имрӯзи ҷаҳон, ки дар дастраси худ доштам, навишта ва сохта кунам. Вале чун нависанда ё сароянда ва чакомасоз набудам, ва дар гузашта ҳам чунин корҳое накарда будам, дар навиштани ончунон номае дирангидам ва ба худ гуфтам, ки бигзор ин корро касе, ки ба он тавоно ва огоҳ аст, анҷом диҳад.
Дар даҳаи поёни садаи гузашта худогоҳии тоҷикон бештар бедор гашт. Он рӯзҳо ниёзи мардум ба донистани таърих ва фарҳанги худӣ ва гузаштаи худ бештар гардид ва ниёз ба навиштани зиндагиномаи Ашӯ Зардушт ва омӯзаҳои ӯ бештар дида ва шунида мешуд. Дар замони бозсозии Горбачов, ки ошкорогӯӣ ва озодии сухан дар расонаҳо шуданӣ шуд, гоҳе сухан аз фарҳанги Эрони Бостон, зиндагиномаи Ашӯ Зардушт ва ба ин монанд чизҳо мерафт. Лек бо фурӯпошии Шӯравӣ ва озодӣ ва новобастагӣ ё худбасарӣ ба даст овардани ҷумҳуриҳои зердасти он дар оғози солҳои навадуми садаи гузашта, дар ин ҷумҳуриҳо ва ба вижа Тоҷикистон, ҷаҳонбинии фарогири замони Шӯравӣ (пешин) аз миён рафт ва тиҳигоҳе дар заминаи ҷаҳонбинӣ (зеҳнӣ) падидор шуд. Анирон аз ин замони бесару сомонӣ бисёр ба осонӣ суд бурда, аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон ба Тоҷикистон, чун дар дигар ҷумҳуриҳо, фиристодагон ва расонандагони худро фурӯ рехтанд ва бозорҳои набигфурӯшии кишвар пур аз номаҳо (омӯзаҳо) ва навиштаҳои расонандаи душдинӣ шуданд, ки барои мардуми тоҷик басо зиёновар ва бимнок буданд. Дар бисёр бахшҳои Тоҷикстон ҷойҳои омӯзонидани душдинӣ бо ёрӣ ва сарпарастӣ аз беруни кишвар пайдо гардида, чолокона ва кӯшо шаҳрвандонро, ба вижа ҷавононро, мағзшӯйӣ мекарданд ва андешаҳои бад ва хостаҳои нопоки худро роҳ мебурданд ва басо мардум аз ноогоҳӣ ба онон гароиш пайдо карданд ва он равияҳо ва динҳо ва боварҳои бимноки ошӯбангезро пазируфтанд ва пайравӣ карданд. Дар ҷаҳони расонаҳо, дар радио ва телевизион, барномаҳои инчунинӣ шунавонида ва намоиш дода мешуданд, каналҳои радио ва телевизиони дингустаронӣ бо шитоби ҳарчӣ бештар ба расониш ва густарониши душдинӣ мекӯшиданд ва мардум ҳам ба онон рӯйовариҳо пайдо карданд, ноогоҳ аз он ки ин ҳама бо хостаҳои нишонгиронаи ҷаҳондорӣ ва судҷӯйии пайгиронаи бегонагон барномарезӣ ва пайкарабандӣ мешуд ва ононро ба гумроҳӣ мекашонд. Ин раванд ба он оварда расонд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон забона зад ва мардум дониста ва надониста ба ҳар гурӯҳе ҳамроҳ шуданд ва ноогоҳона бо ҳам душманӣ варзиданд ва бародар бо бародари худ ҷангид ва хуни ҳамдигар рехтанд... Ин ҳама аз ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанг ва донишҳою омӯзаҳои худӣ, надоштани донишҳо ва андешаҳои пешгоми гузаштагон, надоштани роҳкорҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии дуруст, набуди ҳамгироии миллӣ ва боваридан ба парешонгӯйиҳо (хурофот ва дидгоҳҳои бофта ва фиребо) ва гаравидан ба душдинӣ буд, ки фиристодагон ва расонандагони берунмарзӣ басо чирадастона ва кӯшо фусункорӣ намуда, дар мағзи онҳо ҷой мекарданд. Бегонапарастӣ ба ҷойгоҳе расид, ки бештарини ҳаммеҳанон худситезиро мояи сарафрозӣ медонистанд ва зери афсуну ҷодуи анирон бо арзишҳои миллии хеш гиребонгиру даргир буданд. Ин раванди бунёдсӯз ҳанӯз ҳам дар ҷараён аст. Гӯиё, ки морони Ажи Даҳок аз нав зинда гаштаанд ва мағзи ҷавонони моро мехуранд.
Набигҳое (кутубе), ки ба фарҳанг ва дониши ростини гузаштагони мо пардохта шуда бошад, дар набигфурӯшиҳои Тоҷикистон кам ба чашм мерасид. Чаро мо аз омӯзаҳои Закариёи Розӣ, Форобӣ, Берунӣ, Пури Сино, Хайём, Хоразмӣ, Насируддини Тӯсӣ ва бисёрони дигар бебаҳра бошем, ҳам ба-д-он гаҳ ки дастовардҳо ва гушудаҳои онон дар шохаҳои гуногуни дониш садҳо сол пештар аз донишмандони Аврупо рух додааст ва ҳанӯз судманданд ва дорои арзиш.
Дар он ранг ва замони ногувори фарҳангу дониш ва забону адабиёт дар солҳои навади садаи гузашта ва низ оғози садаи бисту якум ниёз омад, ки ба корҳои донишу фарҳанг ва забону адабиёт рӯй оварда шавад; чи аз як сӯ, фарҳанги бегона бо шитоби баланд дар мағзи тӯдаҳои мардум гузор мекард ва фарҳанги миллӣ рӯ ба фаромӯшӣ мерафт ва аз дигар сӯ, забон вайрон мегардид ва олудатар мешуд. Ба забони мо шумораи фаровони вожаҳои бегона, огоҳонаву ноогоҳона ва боиставу набоиста, медаромад, ки бештари онҳо нодуруст корбурд мешуданд. Дар замони тохтутози тозиён мардумони кишварҳои бисёре дар Африқо ва Осиё забонҳои худро гум карданд ва ором-ором вижагиҳои миллии худро аз даст доданду араб шуданд. Кишварҳо ва мардумони эронитаборро низ ҳамин газанд дар пеш буд. Агар мардоне чун Яъқуби Лайсу Исмоили Сомонӣ ва монанди инҳо набуданд, ин мардумон низ зуд забонҳои худро фаромӯш мекарданд ва чун қибтиёну калдониён ва ошӯриён нобуд мешуданд. Тоҷикистон низ дар фарҷоми садаи гузашта, ки ба вартаи гирудорҳои бунёдсӯз афтода буд, ба чунин мардони бузург ниёз дошт. Хушбахтона, чунин бузургмарде аз табори Саффориён ва Сомониён дар миёни тоҷикон буд. Он марди фарзона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёдгузори оштӣ ва ягонагӣ, пешвои миллати тоҷик, арҷманд Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин роҳ кӯшише бисёр кард ва корҳое фаровонро анҷом дод. Бо сарварӣ ва кӯшиши ӯ соли 2006-и тарсоиро «Соли Бузургдошти Фарҳанги Ориёӣ» ном доданд ва дар густараи замонии ин солу солҳои пасин корҳои арзишманди зиёде дар ростои шиносоӣ ва шиносонидани фарҳанги ориёӣ анҷом дода шуданд. Имрӯз мо дар партави хуршеди озодӣ ва зери дирафши худбасарӣ (истиқлол) метавонем озодона дар бораи он чи садаҳо аз гуфтани он метарсидем, бебим сухан кунем.
Дар бораи фарҳангҳои дигар мардумони ҷаҳон навиштаҳои пуршуморе ба забонҳои гуногун дар дастраси хонандагон аст, филмҳо низ бардошта ва ба намоиш гузошта шудаанд. Вале дар бораи фарҳанги ориёӣ ва ба вижа дар бораи Зардушт, ки саромади фалсафа ва ойини яктопарастӣ дар ҷаҳон аст ва омӯзаҳои ӯ бо андешаҳои пазируфташудаи имрӯзӣ ва дидгоҳҳои донишмандони замон созгоранд, дар Тоҷикистон кам менависанд ва кам медонанд. Навиштаҳои бурунмарзиён низ ва дар ин бора хеле кам баргардону чоп ва дастраси хонандаи тоҷик шудаанд. Бегумон, ки омӯзаҳои Ашӯ Зардушт дар замони имрӯза судоварии бештаре дар худ доранд. Олудагии зистбум, вайронӣ ва нобудии ҷаҳони зиндагон, ҷангу куштор, вайроншавии рафтори тӯдагон ва бисёр душвориҳои дигар набуд, агар мо аз омӯзаҳои Ашӯ Зардушт меомӯхтем ва ба он кор мекардем. Пояи омӯзаҳои Зардушт - хирадгароӣ, ростӣ, андешаи нек (ҳумат), гуфтори нек (ҳухт) ва кирдори нек (ҳуваришт) аст. Дар фалсафа Зардушт қонунҳои диалектикии пайкори ҳамисторҳо (некӣ ва бадӣ) ва дигаргуншавии пайвастаро пеш аз ҳамагон андарёфтааст. Фармудаҳои ӯ некӣ, зебоӣ ва зебоипарастӣ, хушию хуррамӣ ва ободкориро ба мардумон меомӯзад.
Дар ин миён, чашм бар он доштам, ки дар бораи Зардушт ва омӯзаҳои ӯ аз сӯи донишмандон ва нависандагони гиромии мо навиштае ба ҷаҳони ҳастӣ падид ояд ва ба дасти хонандаи тоҷик расад, вале солҳо гузаштанд ва ба чашм наомад. Аз ин рӯй, худ соли 2000 оғоз кардам ба дар ришта кашидани донаҳои гавҳар, гавҳарҳое, ки чун мурдареге аз гузаштагон ба мо мондаанд ва гуфторҳову устураҳое, ки дар бораи Зардушт то ба рӯзҳои мо расидаанд, то хонандаи тоҷик аз Зардушт ва омӯзаҳои ӯ огоҳӣ дошта бошад, зеро он солҳо хоҳишмандӣ ва ниёзи мардум ба таъриху фарҳанг ва донишҳои Эрони Бостон (сарзаминҳое, ки ориёиён дар он зиндагӣ мекарданд) бештар аз ҳар замоне ба чашм мерасид. Худ бахше аз онро рӯйи коғаз овардам ва боз аз навиштани он даст боздоштам ва дирангидам ва пас аз чанде, соли 2002, онро боз аз сар гирифтам.
Дар оғози кор нахуст дар бораи андозаи (вазни) достоне, ки бояд бинависам, андеша мекардам. Он чи дар ёди ман аз номаҳои бостонӣ монда буд, аз «Суруди оташкадаи Каркуй», «Ёдгори Зарирон», «Ангад рӯшнон» ва ..., андозаҳои онҳоро дар андешаи худ санҷидам ва онҳоро аз нигоҳи худ гузаронидам. Саранҷом, ба ёдам «Дарахти осуриг ва буз» омад ва андозаи он ба ман хуш ва созгор намуд. Дидам, ки беҳтар аст бо ҳамин андоза нависам ё дар андозаҳои сурудаҳои нимоӣ, вале андозаи «Дарахти осуриг»-ро баргузидам ва оғоз кардам ба навиштан.
Дудигар, барои офаридани чеҳраи Ашӯ Зардушт забонеро мебоист гузин кардан, ки вижагиҳои нижодӣ, замонӣ ва зистгоҳии ӯро бад-ин роҳ дар риштаи ангориш кашидан тавонпазир гардонад ва ҳамзамон барои хонандаи имрӯзаи порсизабон дарёфтанӣ бошад. Хушбахтона, забони порсӣ забонест тавоно ва тавонгар ва ваҳ чӣ хуш, ки мо порсизабонон чунин сармояе дорем, ки паҳнои ҷойгоҳии он аз Чин то ба Шом ва он сӯ аз Ҳинд то Қафқоз густурдааст ва дарозои замонии он аз замони забони эронии бостон (Авесто ва порсии бостон) то ба имрӯз кашидааст. Бо корбурди ин абзор бегумон метавон пайкара ва чеҳраи паёмбар ва гундои хирадманд Зардушти Спитомро ба ҳамон гунае, ки хостанист, бозофарид. Пас, дувум аз дирангиданиҳо, ки дар навиштани ин нома пеш меомад, забони достон буд.
Пеш аз ҳар чиз бояд гуфтан, ҳамаи вожаҳои диниро, ки дар дини биҳӣ корбурд доранд, бо вожагони имрӯза гуфтан ё баргардониданашон корест нодуруст; чунон чӣ «ашӯ», «боҷ», «барсам», «зӯт», «куштӣ» ва дигарҳо, ки хонандаи имрӯза онҳоро дарнамеёбад. Аз ин нигоҳ, ин гуна вожаҳо, чун вожагони динҳои дигар, бе гардониш, ба намуди худ ё наздик ба он оварда шуданд. Аз дигар сӯ, хостам, ки вожаҳоро, ба вижа номҳоро, дар намуди авестоияшон ё ба намуди наздик ба он биоварам ва бад-ин роҳ хонандаро ҳамроҳи худ дар ҷаҳони забони Авесто андарун созам, ба монанди Виштосп (ба ҷойи Гуштосп), Заривар (ба ҷойи Зарир), Испандидод (ба ҷойи Исфандиёр), вора (ба ҷойи бора/бору) ва дигарҳо.
Боре, вожаҳои «Зардуштнома» аз сарчашмаҳое чанд омадаанд: нахуст аз сарчашмаҳои авестоӣ, он вожаҳое, ки дар порсии имрӯз ҳам ба намуде нигоҳ дошта шудаанд ва дарёфтанианд; дувум аз порсиг (паҳлавӣ); севум аз сурудаҳои порсӣ, аз Рӯдакӣ ва ҳамзамонон ӯ сар карда то замони тохтутози муғул, ба вижа аз «Шоҳнома»; чаҳорум аз фарҳангҳои порсӣ; панҷум аз гӯишҳои кунунии порсии Тоҷикистон, чунончи вожаи «арғушт» (пойкӯбӣ, рақс), ки аз гӯйиши тоҷикӣ вом ситондаам; шашум аз забонҳои эронӣ, агар барои ҳамаи порсизабонон дарёфтанӣ бошад, чунончи «бижӣ» дар забонҳои курдӣ, ки дисҳое аз «бизӣ»-и порсӣ аст, ё «пус» (писар)-ро, ки дар забонҳои Бадахшон мондааст. Ин забонҳо думболаи забони эронии бостон ва миёнаанд ва дар онҳо вожагони зебо ва пуррангуборе зинда мондаанд, ки ба ҷойи онҳо вожаҳои тозӣ ва муғулию туркӣ ва русиро ба кор бурдан дуруст нест. Инчунин пеш аз корбурд ҳар як вожаро, пеш аз он ки ба кор барам, дар фарҳангҳо ёфта, чами (маънои) онҳоро бо он чи худ андармеёфтам, месанҷидам, то ки дуруст аз онҳо баҳра бурда шавад. Чунин, ин шаш даста аз вожаҳоро, ки ба осонӣ дарёфта мешаванд, бо водошти андозаи чома ба кор бурдаам.
Ҳарчанд ин ду чиз (андоза ва забон) мояи он шуд, ки андарёфтани достон душвор шавад, ба вижа барои ононе, ки таърихи забонро наёмӯхтаанд ё аз ойину омӯзаҳои Зардушт кам огоҳӣ доранд, вале кӯшидам, ки забони ин навишта сода ва ба дарёфти хонандаи имрӯз наздик бошад.
Аз андоза ва забон, ки бигузарем, барои навиштани достон ба сарчашмаҳое ниёзам буд ва он чи дар даст доштам, басанда наменамуд, вале ба ҳар рӯй тавоноиам медод, ки ин корро то андозае пеш барам. Дар ин росто бештар ва пештар аз ҳама ба гардонишҳои гуногуни «Авасто» рӯй овардам. «Шоҳнома»-и ҷовидони Фирдавсӣ ва сурудаҳои Дақиқии ҷавонмарг дар «Шоҳнома» ҳам дар корбурди вожаҳо ва ҳам дар гирифтани баҳра нерӯбахшам буд.
Гуфтанӣ аст, ки дар хона «Милал ва ниҳал»-и Шаҳристонӣ ва чанд набиги дигар аз ин даст доштем, ки аз падарбузургамон монда буд. Ҳамчунин набиге дар бораи ойин ва зиндагии Зардушт аз пажӯҳандаи рус А. А. Дорошенко (Москав, 1982) ва низ пажӯҳишгари англисӣ Мэри Бойс (Москав, 1988) ёфтам ва аз онҳо огоҳиҳое чанд ба даст овардам. Гардонишҳои донишмандони рус аз Авесто, ҳамчун гардониши Стеблин - Каминский аз яштҳои Авесто (Душанбе, 1990) ва низ пажӯҳишҳои таърихӣ ва адабии донишмандон тоҷик ва русро ҳам, ки пештар хонда будам ва чизҳое дар ёди худ медоштам.
Хушбахтона, солҳои навадуми садаи гузашта ба деҳаи мо гурӯҳе аз порсиён аз Мумбай, аз Гуҷароти Ҳиндустон омада буданд. Онон «Хурда Авесто»-е ба дабираи порсӣ маро доданд ва чун бори дувум омаданд, «Зиндагии Ашӯ Зардушт»[1] аз Фрамрӯз Рустамҷӣ ва «Яштҳо»[2] ва «Омӯзаҳои Зардушт»[3] ва «Хурда Авесто»[4] аз Т. Р. Сетнаро, ки ҳама ба забони англисӣ буданд, оварданд. Аз «Зардуштнома»-и Зародушти Баҳроми Паждуй, ки танҳо фишурдаи он набиг дар дастрасам буд, низ баҳра бурдам. Ҳамчунин набиге дигар, ки дар бораи Зардушт ва зиндагии ӯ буд, аз нависандаи рус Шапошников (Москав, 1991) пайдо кардам ва аз он низ баҳра гирифтам. Аз миёни гардонишҳои «Гоҳон» ба порсӣ, кори Алиакбари Ҷаъфарӣ ва Обтини Сосонфарро низ ёфтам. Дигар ин ки як фарҳанги бисёр арзишманд «Фарҳанги вожаҳои Авасто»-ро аз Эҳсон Баҳромӣ, ки ба ёрии Фаридуни Ҷунайдӣ дар Эрон чоп ва пахш шуда буд, эзад ба ман расонд; дар хона нишаста будам, ки ногоҳ дӯсте аз дар даромад ва ин фарҳангро бо худ овард ва ба ман бахшид. Ӯ намедонист, ки ман чунин набиге менависам ва ба ин фарҳанг бисёр ниёз дорам, чи барои навиштани ин «Зардуштнома» бисёре аз вожаҳои ноби порсиро, дар канори фарҳангҳои забони порсӣ ва фарҳангҳои дузабона, аз ин фарҳанг вом ситондаам.
Дигар он ки додаҳое чанд аз расонаҳо (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизионҳо, барномаҳои фарҳангии телевизионҳои моҳвораии порсизабон ва дигарҳо) мегирифтам, ки ҳамаи онҳо маро ёрӣ карданд ва бисёр судманд буданд, чи аз онҳо бисёр чизҳо омӯхтам ва ёд гирифтам. Ба ҳар рӯй, сиёҳнависи ин достонро то соли 2006 навишта, ба анҷом расонидам ва мехостам ба вироиши он бипардозам ва онро аз нав кор кунам ва ба вижа бахшҳои вопасини онро, ки бо ҳам пайваст наменамуданд, дар чорчӯби достон ва дар раванди рӯйдодҳои он вобаста кунам, ки аз оғоз то анҷом сохтори достон яке бошад ва он чи гуфта мешавад, аз забони қаҳрамонони достон гуфта шавад, на аз забони нависанда. Вале боз замоне дар болои ин достон коре накардам ва он ба дер уфтод, чун андеша мекардам, ки оё хонандагон онро меписанданд ё на, ба он арзише мегузоранд ё на, ва боз дигар андешаҳо. Ба ҳар рӯй, он навиштаҳоро, ки чанде дар тоқча хок мехӯрданд, боз гирифтам ва бо хушнудӣ (чун «Соли Фарҳанги Ориёӣ» буд) ба вироиши онҳо пардохтам, вале чун замони ман кӯтоҳ буд, ин корро он чунон ки мехостам, ба анҷом расонидан натавонистам ва бо шитобзадагӣ онро ба дасти бародарам, ки он замон дар рӯзномаи «Варзиш» кор мекард, додам. Чун ӯ рӯзноманигор буд, метавонист дар ягон рӯзнома ё моҳвора чопашон кунад. Вале комёб нашудем. Умед доштам, ки ин навишта барои дӯстдорони фарҳанги Эрони Бостон ва пажӯҳандагони таърихи дину фалсафа ва дилбастагони ойини зардуштӣ ва фарзонагии волои нахустфилусуфи ҷаҳон ва паёмбари ориёӣ, ки хирадгароиро ба ҷаҳониён омӯхт ва доду ростӣ ва некию некӯкориро омӯзиш дод, судманд хоҳад буд ва чун сарсухане дар шинохти дини Зардушт ва дарёфти Авесто ёрманд. Мехостам бинамоям, ки мағзи фарҳанги ориёӣ хирад, ростӣ, некандешӣ, доду диҳиш, созандагӣ ва обод кардани ин ҷаҳон ва набард бо бадӣ аст. Вале чун ман як омӯзгори сода дар деҳае дурдаст будам, намедонистам, ки аз паси ин кор баромадаам ё на. Вале медонистам, ки ин номаро ҳанӯз чунон чӣ мехостам, вироиш ва анҷом надодаам ва ба намуде, ки дархур аст, андар наёвардаам.
Бояд бигӯям, ки хостаи ман аз ин кор расонидани фарҳанги хирадгароӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанги пурарзиш ва волои меҳанӣ, дар зеҳни хонанда падид овардани ангезаи меҳанпарастӣ, болиши миллӣ, худшиносӣ, бедорӣ ва озодандешӣ, шинос кардани хонанда бо омӯзаҳои арзишманду ҷовидонаи ниёгонамон ва бозбиниву бозшиносии фарҳанг ва таърихи бостониамон буд.
Бархе аз нависандагони бегона дар навиштаҳои худ ойини Зардуштро барои «дубунангорӣ» (санавият) ва «хешовандпайвандӣ» (издивоҷ бо маҳорим) накӯҳиш мекунанд ва онро дар чашми хонанда бад нишон медиҳанд. Вале чун касе номаҳои беҳдиниро мехонад, мебинад, ки ойини Зардушт нахустин ойини яктопарастӣ аст ва худованди якка ва ягона Аҳуромаздо (ҳастибахш, бузургдоно) аст ва ӯ офаринандаи ҷаҳон ҳастӣ аст. Ӯ дар ниҳоди ин ҷаҳони астуманд ду нерӯи бо ҳам ҳамисторро гузоштааст, ки омезиши онҳо (дар замони гумизш ё омехтагии нек ва бад) ин ҷаҳонро ба пешравӣ ё пасравӣ мебарад, ба ободӣ ё вайронӣ мекашонад. Он чи ба мардум ва зистбум ва зиндагӣ судманд аст, сипантоминуйӣ ва аҳуроӣ аст ва он чи зиёновар бошад ва ба пастравӣ ва вайронӣ кашонад, дурӯғин ва аҳриманӣ аст. Низ, Зардушт дар ҳеҷ гуфтаи худ «хешовандпайвандӣ»-ро нафармудааст. Ин дурӯғи бадхоҳонаи душманони дини биҳӣ ва ойини накӯӣ аст. Дини Зардушт ойини пӯё ва пешрав аст ва ҳар коре, ки нек ва аз рӯйи донишу хирад ва дод бошад, анҷом додани онро раво медонад ва ҳар он коре, ки зиёновару зишт ва бар пояи дурӯғу нодонӣ ва бехирадиву бедод бошад, нораво мехонад. Дар замони пас аз тохтутози тозиён ойини биҳӣ бе сипоҳ ва шаҳрёрӣ ва бе сару сомон монд ва ҳар чӣ душманон ва бадсиголон мехостанд, дар бораи он менавиштанд ва мегуфтанд. Яке аз хостаҳои ман ин аст, ки инро хонандаи мо бидонад, ки он ҳама гуфтаҳо бофтаи андешаҳои бадхоҳон ва душманони фарҳанги волои мардуми мо ва нотавонбинони кӯрчашми густох ва бешарм асту бас.
Дар поён аз ҳамаи ононе, ки дар кори чоп ва пахши ин нома ёрӣ карданд, сипосгузорӣ мекунам; ба вижа аз сарвар Парвизи Шоҳчароғӣ, ки бисёр ранҷ кашиданд ва кӯшиданд, то ин нома вироиш ёбад ва ба чоп расад, аз сарвар Назрӣ Асадзода, ки ба кӯшиши эшон ин нома ба дасти дӯстони гиромии эронии мо, донишмандони арҷманд, расид, ва низ бандаро дар кори дуруст кардани каму костиҳо ёрӣ ва роҳнамоӣ карданд ва ҳамроҳи сарвар Салими Зарафшонфар дар кори вироиш ва чопи кирилии он кӯшиданд.
[1] Framroz Rustamjee, the Life of Holy Zarathushtra, the Propet of the Parsees with a complete expositions of the inner meaning of the miracles and incidents therein, 1961.
[2] T. R. Sethna, Yashts in Roman Script with Translation, 1976.
[3] T. R. Sethna, The Teachinqs of Zarathushtra, the Propet of Iran, on how to Think and Sacced in life, 1975.
[4] T. R. Sethna, Khordeh Avesta, Zoroastrian Prayer Book in Roman Script and translation in Enqlish, 1984.