19-04-2025
Бозшиносии таърихи миллӣ – масъулияти касби нависандагӣ
Муаллиф: Нозим Нурзода

(Бардоштҳои куллӣ дар ҳошияи романи “Нони шарикӣ”-и устод Мирзонасриддин – ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. -360 саҳ.)
Устод Мирзонасриддин (Насриддин Саидзода) аз ҷумлаи нависандагони муосири миллист, ки ба лиҳози таҳсилотию ихтисосӣ муҳандис буда, баъдан, бо тақозои завқу салиқаи фардӣ ба ҷодаи нависандагӣ қадам ниҳодааст. Ба ин маъно, устод Мирзонасриддин муҳандис аст, вале сари мушкилоти миллӣ ва таърихи ватанӣ меандешад ва маҳсули афкору андешаҳояшро дар қолиби ҳикояву роману соири анвои адабӣ-бадеӣ рӯйи коғаз оварда, аз ин тариқ дар баррасии ҳаводиси доғи таърихи ватанӣ, аз ҷумла сарнавишти тоҷик дар садсолаи ахир саҳми муносиб мегузорад. Устод метавонист, ки мисли як идда зиёиёни ватанӣ сукут варзаду ҳамчун як тамошобини муқаррарӣ авзои мавҷударо наззора намуда, бепарво дунболи мушкилоти рӯзгори худ бигардад. Аммо бетарафиро як сӯ гузошта, сари масоил ва мушкилоту муаммоҳои таърихи садсолаи тоҷик андешаҳояшро ҷамъу ҷур карда, дар формати насри бадеӣ-таърихӣ манзури хонандагон гардонида, дар ин миён ҳаргиз даъвии онро ҳам накардааст, ки қазовату довариҳояш мутлақанд. Баръакс, бо истифода аз насри бадеӣ-таърихӣ майдони баҳсу мунозираҳои созандаро барои баррасию бозкушоии мушкилоту муаммоҳои асрии миллат густурдааст.
Дар зимн, тайи чанд соли ахир зеҳни устодро масъалаи таърихи садсолаи тоҷик мағшуш дошта, дар ин замина бардоштҳои инфиродиашро, ки бар мабнои санаду манобеъи таърихӣ, адабиёти дастраси илмӣ-пажуҳишӣ, матолиби адабӣ-бадеӣ ва маводи публитсистӣ созмон ёфтаанд, рӯйи коғаз оварда, дар қолиби роман мунсаҷим сохта, манзури хонандагони соҳибзавқи ватанӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки устод Мирзонасриддин ҳадаф гузоштааст, ки мисли устодон Урун Кӯҳзод (романи “Ҳайҷо”), Саттор Турсун (романи “Се рӯзи як баҳор”), Абдулҳамид Самад (романи “Гардиши девбод”), Бароти Абдураҳмон (романи “Нимароҳи аъроф”), Зариф Ғулом (романи “Хиёнат”) ва дигарон атрофи таърихи замони шуравӣ ва мушкилоту уқдаҳои фикрию равонӣ ва ҳувиятию мадании вақт дар қолиби насри бадеӣ-таърихӣ изҳори назар намояд. Бо ин ҳадаф қаблан романи муфассале таҳти унвони “Оташ дар хонаи қадим” (ниг.: Мирзонасриддин. Оташ дар хонаи қадим (Роман). -Душанбе: “ЭР-граф”, 2016. -506 с.) ба табъ расонида манзури хонандагон кардааст. Дар романи “Оташ дар хонаи қадим”, ки аз пешгуфтор (С.3-4) ва 7 фасл иборат аст, сухан дар бораи қаҳрамони асосӣ --- Мансури Самарқандӣ меравад, ки бо омадани рус ба сарзаминаш заҷру ранҷ бурда, омадани онҳоро як навъ таҷовуз ба хоку сарзамин талаққӣ менамояд. Ин нуқтаназарро қаҳрамони марказии роман Мансури Самарқандӣ то охири умр идома медиҳад ва дар ҷараёни зиндагӣ – аз оғоз то ба анҷом аз зовияи ҳамин нуқтаназар амал мекунад. Ҳарчанд ки писари хурдиаш – Ҷовид таҳти сарпарастии афсари рус Чернов, ки дар забти Бухоро саҳми бевосита доштааст, қарор гирифта, мавқеъашро бар рағми ҷиҳатгирии падар тағйир дода, аз русҳо ҷонибдорӣ мекунад, қаҳрамони асосӣ ҳамоно дар андешаи қаблиаш боқӣ монда, дар охири умр ба замон ва шароити нав созиш накарда, аз Ҳисор ба Афғонистон паноҳанда шуда, ба ҳамин минвол, роман ба поён мерасад. Ҳолати ахирии қаҳрамони марказии романи “Оташ дар хонаи қадим”-ро нависанда Мирзонасриддин ин тавр тасвир мекунад: “Хона омаду дар бисоташ чизе дошт (чакман, пӯстак, ҷойнамоз) ба халта андохту ба сафари Афғонистон тайёр шуд. Саҳаргоҳ аз канори хирман гузашта фикр кард, ки акнун ин насиме, ки ҳар дам ҳур-ҳур мевазад, ин саҳро, ки ҳоло заминҳои колхозиашон мегӯянд, баҳри насли дигар ва замони дигаранд” (ниг.: Мирзонасриддин. Оташ дар хонаи қадим (Роман). -Душанбе: “ЭР-граф”, 2016. С.595). Яъне қаҳрамони асосӣ Мансури Самарқандӣ, ки бар асари таҳаввулоти сиёсии давр аз Самарқанд фирор карда, ба Бухоро ва аз он ҷо ба Афғонистон паноҳанда шуда, сипас ба Ҳисор баргашта, ҳамчун корманди колхоз ифои вазифа кардааст, ба замон ва шароити нави зиндагӣ – сохтмони сотсиализм насохта, охируламр баромада меравад. Бо ҳамин романи “Оташ дар хонаи қадим” ба итмом мерасад. Нависанда итмоми романро дар охири асар 27.08.2014 нишон додааст (ниг.: Мирзонасриддин. Оташ дар хонаи қадим (Роман). -Душанбе: “ЭР-граф”, 2016. С.595).
Баъди таваққуфи кӯтоҳе нависанда дар заминаи ҳаводиси асри бист андешаҳояшро мунсаҷим карда, дар қолиби романи алоҳидае бо номи “Нони шарикӣ” (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. -360 саҳ.) чоп мекунад. Романи “Нони шарикӣ” идомаи бозтоби ҳаводиси садаи бист ва моҷароҳое, ки бо писари қаҳрамони романи “Оташ дар хонаи қадим” Мансури Самарқандӣ Ҷовид Мансурович дар замон ва шароити нави таърихӣ иттифоқ меафтанд, мебошад. Ба ин тартиб, Ҷовид Мансурович – қаҳрамони марказии романи “Нони шарикӣ” буда, аз оғоз то ба охир тамоми ҳаводису воқеот ба шахс ва саргузашти ӯ бастагӣ доранд. Ба сухани кӯтоҳ, роман бо бозгашти Ҷовид аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба макони сукунаташ – шаҳри Қурғонтеппа оғоз шуда, бо моҷароҳои ибтидои солҳои навадум ва шӯру савдои демократиямаобони ватанӣ, ки охируламр ба бесуботию сардаргумӣ оварда расонд, ба итмом мерасад.
Романи мазкур дар маҳфили Гуфтугӯйи тамаддунҳо”-и устод Иброҳим Усмонов соли 2024 рӯнамоӣ шуд ва қишри нависандагӣ ва ниҳодҳои илмӣ-мадании тоҷик бо шумули Абдураҳмон Абдуманнон (муҳаррири роман), профессор Абдунабӣ Сатторзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамиди Самад, сиёсатшиноси варзида Абдуллоҳи Раҳнамо, доктори илмҳои филологӣ Шодимуҳаммад Суфизода, донишманди саршинос доктор Нуриддин Шаҳобиддин, файласуфони муосири миллӣ устод Комил Бекзода ва дигарон атрофи роман фикру мулоҳизоти хешро ироа доштанд. Баҳси хубе ҳам дар доираи мазмуну муҳтаво, равиши таълиф, сабки нигориш ва соири вежагиҳои ҳунарию мундариҷавии китоб ҷараён гирифт. Мо ҳам дар маҳфил ҳузур доштем, аммо чун романро нахонда будем, чизе гуфта натавонистем.
Устод Мирзонасриддин, бо илтифоту самимияте, ки хосси он кас аст, романро барои мутолеа ба ихтиёри банда гузоштанд ва онро бозавқ мутолеа кардам ва инак, ҳосили мутолеотамро иҷмолан ироа медорам.
Якум. Китоб мундариҷа надорад, онро мундариҷа ва ба фаслҳо ҷудо бояд кард. Аз ин тариқ хонанда метавонад мутобиқ ба фаслҳо романро мутолеа намояд. Чун роман “Нони шарикӣ” унвон дорад, дар ибтидо мехоҳем чанд сухани муқаддимотӣ дар робита бо номи китоб ироа дорем.
Воқеан, унвони роман “Нони шарикӣ” ҷолиб аст ва хонандаро ба худ мекашад ва ҷазб мекунад. Ба ин маънӣ, “Нони шарикӣ”, ки ба унвони китоб интихоб шудааст, дар чанд бахши роман инъикос ёфтааст. Нахуст, нависанда зимни баррасии мавзуи аз зиндон халос шудани Ҷовид, ки баъди нуҳ солу се моҳ иттифоқ меафтад, ба ибораву такмавзуъ ва ба истилоҳ, мавзуи меҳварии роман --- нони шарикӣ таваққуф мекунад ва аз забони қаҳрамони марказии роман Ҷовид Мансурович онро ба сифати ҳадафи калидӣ ба тасвир бармекашад. Ҷовид замони дар зиндон будани худро ба ёд оварда, атрофи мушкилоту мусибатҳои зиндон таваққуф намуда, дар гуфтугӯ бо худ мефармояд: “Ин ҷо (зиндон – Н.Н.) маро овард, ки дарунтари корҳои замонаро бубинам. Минбаъд бо ҳар касу нокас, шину хес накунам. Донам, ки нони шарикӣ ба ғайр аз хубиҳову намоишдиҳиҳо басо талхиву шӯриҳо низ доштааст...” (С.273). Ба дунболи ин, дар бахши дигар, ҳангоми аз зиндон озод шудан ва ба деҳа баргаштану аз заминҳои серҳосили колхозӣ дидан кардан, зебоиҳову пешравиҳои кишварро дида, Ҷовид худ ба худ меболаду ибораи “давлати шарикӣ”-ро истифода мебарад: “Давлати шарикӣ доштему ин кор бо чунин зебоӣ сурат гирифт” (С.288). Агар болотар ибораи “нони шарикӣ”-ро истифода бурда, аз ин тариқ як навъ афсурдагии худро ба намоиш гузошта бошад (С.273), пойинтар аз таъбири ҳамвазни “давлати шарикӣ” кор гирифта, аз мавҷудияти чунин давлате изҳори хушнудию хушҳолӣ мекунад (С.288). Баъдан дар бахшҳои ахирии роман, таъбири “нони шарикӣ” ва қазияҳои марбут ба он ҳангоми аз Тошканд баргаштани Ҷовид (Ҷовид Мансурович чун аз вазъи тафтиши қазияи изофанависӣ дар Ӯзбекистон мутталеъ мешавад, ба хотири огоҳӣ аз ҳолу ҳавои дӯсташ Сарабек, ки аз ҷумлаи раисони машҳури замон маҳсуб мешуд, ба Тошканд меравад, вале аллакай ӯ аз дунё даргузаштааст. Сабабаш, ба фишорҳои мудавоми гурӯҳи тафтишӣ тоб наоварда, худро парондааст) офтобӣ мешаванд. Ҳангоми аз хонаи дӯсташ Сарабеки ӯзбекистонӣ баргаштан, қад-қади роҳ пахтаи шукуфтаи фаровонро ба мушоҳида гирифта, дар атрофи иҷрои нақшаи 6-миллионтоннаи Ӯзбекистон мулоҳиза карда, мусибату бадбахтиҳои халқи заҳматкашро пеши назар оварда, аз дил мегузаронад: “Не, не, нони шарикӣ хуб нест...” (С.334). Ва дар пойинтар, нависанда вазъи пурҳарҷумарҷи ватанро ба риштаи тасвир кашида, вазъи ноҷури Додоҷон (писари дувуми Ҷовид Мансурович)-ро дар ҳоли парешонӣ инъикос мекунад. Додоҷон, ки пештар бо назароти демократмаобони замон ҳамсадоӣ дошт, ба падар аз вазъи дарҳамбарҳами ҷумҳурӣ шикоят карда, саранҷом бо мавзеъгириҳои падараш, ки аз ноуҳдабароию худнамоиҳои барзиёд ва сиёҳкуниҳои бамавриду бемавриди низоми коммунистӣ аз ҷониби тоифаи ба ном демократ баъзан ба шӯр меомад, мувофиқ мешавад (С.351). Ҷойи дигар, “дар як давлат, ки зиндагии шарикона дорем, дарду маразаш ҳам шарикӣ мешудааст” (С.358). Илова бар ин, Ҷовид, ки аллакай хеле солманд шуда, синнаш ба ҳафтоду нуҳ расидааст, охируламр шарикӣ бо русҳоро ба тақдир вогузор карда, иддао мекунад, ки “Ин ҷониб ҳам дар шарикӣ бо инҳо (русҳо – Н.Н.) зистан дар тақдирамон будааст” (С.367) ва ин гуна мавқеияташро бо мақоли мардумии “Нони шарикиро саг нахӯрдааст” пӯшиш медиҳад (С.367).
Дувум. Ба назар мерасад, ки нависанда ба мушкилоту муаммоҳои ибтидои барқарории ҳукумати шуроӣ сахтгирона бархурд мекунад. Дар ҳоле ки солҳои сиюму чиҳилуму панҷоҳуми садаи бист, на танҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Шуравии ҳанӯз ҷавон, балки дар Амрикову Англияи пешрафта ҳам вазъи зиндагии мардум чандон хуб набуда, аксари кулли кишварҳои ғарбӣ аз шуравӣ тафовути чандоне надоштанд. Бинобар ин, ҳангоми тасвир ва баҳогузорӣ ба замон набояд мавқеи яктарафа гирифт. Баръакс, ҳангоми муколима-диалогсозӣ ва тасвиркориҳо баркашидани бархурди ду навъи андешаи мутазод на танҳо мутолеаи асарро ҷолиб месозад, балки ба хонанда ҳаққи интихоб, қазоват ва пешдовариҳоро ато мефармояд.
Севум. Мавқеи сиёсӣ-мафкуравӣ ва иҷтимоии Ҷовиди комсомол, ки дар муҳити тарбияи сиёсӣ-мафкуравии коммунистӣ ба воя расидааст, дар соли 1938 аз назари сидқият ба арзишҳои ҳизбию сиёсию давлатӣ суолбарангез ба назар мерасад. Ба нуқтаназари Ҷовид таваҷҷуҳ мекунем: “Кори хубро каси доро, донишманд мекунад,-гуфт Ҷовид. – Аз дасти батраки нодида чӣ меояд?” (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. С.49). Аз ин ҷо суоле бармехезад, ки Ҷовид чӣ гуна дар мактаби ҳизбӣ хонда ва тарбияи коммунистӣ гирифтааст, ки камтарин назари болшевикӣ-коммунистиро бо иддаоҳои ғайримарксистии болоӣ зери суол мебарад? Ҳол он ки ҳазорон дорову донишманд (ва аз ҷумла ашрофу аъён) дар таърихи мо вомехуранд, ки заррае ба миллат хидмат накарда, бар мабнои манфиат ва ҳирсу тамаъ умр ба сар бурдаанд. Дар зимн, бо ин навъ мавқеъгирии ғайриболшевикию коммунистӣ комсомоли ҳақиқию сидқӣ будани Ҷовид ҳам зери суол аст. Аз ҷониби дигар, Ҷовид, бо он ки коммунист аст, аз дину худо ёд мекунад ва ҳангоми мулоқот бо дӯстдухтараш Валя Григориевна ва ишқварзӣ бо ӯ аз дину диёнат сухан ба миён меоварад ва баимон будани хешро ба намоиш мегузорад (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. С.54).
Чорум. Муҳокимарониҳои Ҷовид пас аз бозгашт аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисли падараш Мансури Самарқандӣ (ки дар романи қаблии “Оташ дар хонаи қадим” минҳайси қаҳрамони асосӣ зуҳур мекунад ва тамоми бандубасти ҳаводису вақоеъ ва сужа ба ҳаракату фаъолияту дидгоҳу мавқеъгирии ӯ бастагӣ доранд) сурат мегиранд (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. С.65). Мисли ин ки Ҷовид ба ақидаҳои сиёсӣ-мафкуравии падараш, ки одами давраи амирӣ ва муътақиду боварманд будааст, бармегардад ва мунтаҳо ба охирату уқбо ихлос пайдо менамояд (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. С.67).
Панҷум. Таърифи ба истилоҳ, одамшаванда (табақаи ашрофӣ, қишри сарватманд ва тоифаи дорандаи низоми амирсолорӣ) ва таҳқири батраку “пролетар”-ҳо дар роман ба назар мерасад ва аз ин зовияи танги ақидатӣ ба инсонҳо ва табақоту қишрҳои иҷтимоӣ баҳо дода мешавад. Ба ин пораи муҳокимарониҳои қаҳрамони роман Ҷовид мутаваҷҷеҳ мешавем: “Нисфнакардаҳо батрак. Фитраташон паст. Ландаҳур. Ҳоло онҳоро “пролетар” гуфта, рӯйи даст бардоштаанд...” (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. С.79). Ё ин ки дар мавриди муҳоҷири хуҷандӣ яке аз қаҳрамонони роман Алишер-акаи конибодомӣ ба Ҷовид мегӯяд: “Онҳо сари ҳамин сол аз Хуҷанд омаданд. Номи мард Ёқубҷон. Маълум, ки аз тоифаи ашрофанд...” (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. С.81). Магар ҳамин тоифаи ашроф дар замони амирӣ дар хидмати амиру вазиру қушбегиву раису миршабу қозиву соири давлатмадорони замон, ки ғолибан ришвахору мардумозор буданд, қарор надоштанд? Магар аз табақаи ашроф одамони бад каманд? Ё ин ки бо кадом меъёр инсонҳоро ба ашрофу аъёну пойлучу батрак ҷудо мекунем? Магар аз ҳисоби батраку пойлучу нодор дар замони шуравӣ шахсиятҳои баруманди миллӣ зуҳур накардаанд? Ё бузургӣ танҳо ба ашрофон тааллуқ дорад? Ба ин монанд суолоти зиёдеро метавон матраҳ кард, ки ченаку меъёрҳои сохтаи ашрофияту аъёниятро зери суол мебаранд. Агар дар мавриди чунин тарзи тафаккур ва мавқеъгирӣ ба нуқтаназари файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитше (1844-1900) такя кунем, файласуф ду навъи ахлоқро манзур месозад: ахлоқи ашрофӣ ва ахлоқи ғуломӣ. Ахлоқи ғуломӣ он навъи ахлоқест, ки инсонро дар ҳоли карахтию бефаъолиятию сустию заифию бечоранолӣ боздошта, имкони худбаҳодиҳиашро пойин намуда, пешрафту худкифоиро аз ӯ мегирад ва баръакс, ахлоқи ашрофӣ ахлоқи нафаронест, ки сатҳи худбаҳодиҳии баланд дошта, бо ҷуръату ҷасорати фардӣ алайҳи ғуломӣ ҷангида, сарбаландию сарфарозиро дар баробари сифлагию хушомадгӯйӣ тарҷеҳ медиҳанд. Ин аст, ки ашрофият ба қишре итлоқ мешавад, ки дигаронро ба дараҷаи ашрофӣ мерасонад, на худро болову дигаронро мазаммат менамояд. Ногуфта намонад, ки қаҳрамони асосии роман Ҷовид Мансурович духтари ҳамин хонаводаи ашроф -- Гулнисоро ба занӣ мегирад ва бо ин хонавода иртиботи хунӣ барқарор менамояд.
Шашум. Акнун ба мавқеияти сиёсӣ-мафкуравии комсомолу коммунисти содиқ Ҷовид, ки ба маслаки болшевикию коммунистӣ куллан муғойират дорад, таваҷҷуҳ мекунем. Ҷовид Гулнисо (духтари ашрофи хуҷандӣ)-ро аз тариқи никоҳи мусулмонӣ ба ҳамсарӣ мепазирад ва мулло оварда, ӯро никоҳ мекунад (С.93). Ин Ҷо суоле дар зеҳн чарх мезанад, ки садоқат ба ҳизб ва фирқаи коммунистӣ куҷо мешавад? Аз ин ҷо бармеояд, ки Ҷовид қалбану сидқан ба низоми коммунистӣ садоқат надорад. Аз сӯйи дигар, дар мулоқот бо рафиқи деринаш Иван Бурови рус, ки пеш аз инқилоб ба табақаи доро мутааллиқ буд, Ҷовид аз Маскав дастур гирифтану ба котиби дуюм побанд будани ҳайати ҳукуматҳои тамоми минтақаву ҷумҳуриҳои шуравиро дар миён гузошта, ҳар ду (Иван Бурови рус ва Ҷовид Мансуровичи тоҷик) сиёсати лениниро ба мазоҳ мегиранд (С.100). Пас, чӣ гуна аз ин симоҳо шахсони содиқи низомро меҷӯем? Бо як сухан, дигар онҳо фурсатталабанд... Масалан, Иван Буров болшевик аст ва аммо ҳангоми гуфтугӯ бо Ҷовид худро аз ин фирқа ҷудо карда, иддао мекунад: “Болшевикҳо тавонистанд. Ҳалолашон бод” (С.101). Бо ин гуна болшевикҳо, ки ба низоми сохта ва марҷаи эътиқодии худ бовар надоранд ва гоҳу ногоҳ аз он шикоят мекунанд, чӣ гуна метавон эътимод кард? Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ин тоифа фурсатталабанд ва танҳо ба хотири замонасозӣ ин ва ё он мавқеияти сиёсию мафкуравиро мегиранд ва дар либоси фурсатталаб ба ҷилва дармеоянд. Ба ин асос, устод Мирзонасриддин мавқеият ва дарунмояи чунин навъи одамонро дар симои қаҳрамонон ва персонажҳои роман хеле хуб тасвир кардааст.
Ҳафтум. Бо иддаоҳое, ки Ҷовид дар гуфтугӯ бо котиби дуюми ҳизбии ноҳиявӣ Иван Акимович Буров пеш мегузорад: “Пеш аз инқилоби шумо ҳам зиндагиамон хуб буд” ва “Ҳама бо ризқу рӯзие, ки дошт, қаноат мекард” (С.102) гузаштагаро будани худро ба намоиш мегузорад. Нависанда баҳсу мунозираеро бо ҳузури Ҷовид ва Иван Буров хеле зебо ба тасвир мекашад, ки дар он ҳувият ва таърихи миллат арзёбӣ мегардад ва моро ба фикр кардан водор месозад. Тарҳи масъалаи “Таърихатро таку рӯ кун”-и Иван Бурови рус Ҷовидро ба фикр кардан вомедорад (С.103) ва ҳақиқати таърихиро дар зеҳни қаҳрамони роман бармало менамояд. Аз тариқи ин навъ муколимоту мубоҳисот нависанда воқеияти таърихи миллиро бозгӯ месозад ва хонандаро ба мулоҳиза фармудан атрофи мушкилоту муаммоҳои таърихи миллӣ вомедорад.
Ҳаштум. Мавқеияти ашрофӣ ва ашрофзодагӣ, ки дар рагу хуни Ҷовид Мансурович нуҳуфтааст, дар ҷо-ҷойи роман ба зуҳур дармеояд. Ин маънои онро дорад, ки нависанда устод Мирзонасриддин нишон медиҳад, ки эҳсосоти табақавӣ (ашрофию аъёнпарастӣ)-и қаҳрамони роман Ҷовид дар мавориди зарурӣ буруз мекунанд ва оташи рашку ҳасади қаҳрамонро бармало месозанд. Масалан, вақте ки Авази Ҳоитӣ бо Алёнаи рус издивоҷ мекунад, оташи рашки Ҷовид, ки аз харидорони ҳусну ҷамоли Алёна маҳсуб мешуд, боло мегирад ва аз мавқеи ашрофӣ зуҳур карда, Авази Ҳоитиро ғоибона мухотаб қарор дода, даъвии “Ин пойлучро бинед, аз худ рафтааст”-ро пеш мегузорад (С.112). Ин аст, ки нависанда падидаи номатлуби худписандию ғурури нобаҷойи “ашрофизодагӣ”-ро маҳкум мекунад ва хонандаро бар он вомедорад, ки аз чунин навъи мавқеъгирӣ худдорӣ намояд.
Нуҳум. Масъалаи изофанависӣ ва аз ҳизб хориҷ кардани котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Турсунбой Улҷабоев (1916-1988), котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Пётр Обносов (1903-1883) ва раиси Президиуми Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон Назаршо Додхудоев (1915-2000), ки соли 1961 иттифоқ афтода, сару садоҳову ҳангомаҳои зиёдеро дар ҷомеаи вақт ба бор оварда буд, дар роман хуб инъикос ёфтааст (С.165-170). Ба ин маънӣ, бозтоби ҳаводиси даҳшатборе, ки дар ҳошияи изофанависиҳои давраи Улҷабоев иттифоқ афтодаанд, аз ҷониби нависанда муассир ва ҳадафнок сурат гирифтаанд. Нависанда дурӯягӣ, чоплусӣ, пастӣ, сифлагӣ, хушомадгӯйӣ, тамаъкорӣ, ҳирсварзӣ, ноодамӣ, палидӣ ва амсоли инҳо барин разоили ахлоқиро, ки тайи раҳбарии Иван Григоревич Ковал (1913-1970, солҳои 1961-1970 котиби дуюми КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон) миёни элитаи ҳизбӣ, ҳуқуқӣ (прокурору суду милисаву амнияти вақт), идорӣ ва умуман, роҳбарияти онвақтӣ рух зада буданд, хеле хуб тасвир кардааст. Бахусус, иттиҳомоте, ки ба фарзандони содиқи ватану миллат зада буданд, дар роман муассир баён ёфтааст (ниг.: Мирзонасриддин. Нони шарикӣ (Сад сол бо Русия). -Душанбе: Ирфон, 2024. С.180-215). Ба ин тартиб, устод Мирзонасриддин тавонистааст, ки бар асоси факту арқоми дастрас ва адабиёти зарурӣ ҳассосиёти замониро хуб бозтоб дода, мушкилоти сиёсӣ-мафкуравӣ, уқдаҳои ҳувиятию равонӣ ва муаммоҳои ахлоқии фурсатталабони даврро буруз намояд.
Даҳум. Дар роман, ба назари мо, баъзе нукоти баҳсбарангез вуҷуд доранд, ки сари онҳо тамаркуз намудан лозим аст. Масалан, Ҷовид, агар бо хуҷандӣ нею бо духтарони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо шумули кӯҳистониёну маҳаллиён издивоҷ мекард, хеле хуб мебуд. Дар зимн, ҳамсар интихоб кардани Ҷовид аз духтарони маҳаллӣ, махсусан, аз табақаи батраку нодору камбағал боиси пойин кардану коҳиш додани шиддати тамғазаниҳои “пойлучу нодору батрак”, ки дар замони мо қариб ки ба истилоҳоти муду таҳқирӣ бадал шудаанд, мегардад. Аз тарафи дигар, аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби тамғазаниҳои “деҳотию шаҳрӣ”, “ашрофу пойлуч”, ки тадриҷан дар лексикони табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ мавқеъ пайдо карда, умумиистеъмол шуда истодаанд, вазифаи қишри нависандагӣ ва умуман, ниҳодҳои пешрави иҷтимоӣ мебошад. Аз бурузи ин навъи андеша ва мавқеъгирӣ, ки чолишҳои дигари ҳувиятиро ба дунбол дорад, парҳез бояд кард ва сари пайвандии мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва ҳамдилию ҳамбастагии миллат тамаркуз бояд намуд.
Ёздаҳум. Тақдирпарастӣ ва ба истилоҳ, фатализми қаҳрамони роман он вақт зуҳур мекунад, ки ҳангоми ҳукми паррон гирифтан, Ҷовид сафаҳоти рӯзгорашро як-як ба хотир оварда, худро маломат мекунад, ки бо бераҳмиҳояш (замони раисии колхоз мардумро дар айёми сардӣ ҷабран ба кӯракчинӣ баровардан) Қассоми олам лаҷомашро ба сахтӣ кашид ва муҷозоташ намуд (С.213). Аз сӯйи дигар, дар роман баъзан масоили фалсафӣ, аз ҷумла маргандешӣ зуҳур мекунанд, ки аз завқу диди фалсафӣ доштани нависанда дарак медиҳанд. Ин аст, ки аз забони қаҳрамони роман Ҷовид маргро чун душмани инсон муаррифӣ мекунад: “...То ҳол аз ин душмани инсон – марг ёде накардӣ” (С.214). Вақте ки Ҷовид ба марг маҳкум мешавад, мувозинати равонию ақидатиашро гум мекунаду дар зиндони торики марг, ки хонаи марг ном гирифтааст, ба намоз гузоштан мепардозад ва аз Худо талаби омурзиш менамояд. Аз сӯйи дигар, тарс аз марг ончунон фишораш меоварад, ки ба мавҳумоту хурофаҳои мазҳабӣ паноҳ мебарад. Болонишинонро, ки худ яке аз онон маҳсуб мешуд, накуҳиш мекунад: “Болшевикон ба мардум хуб қабоҳат карда буданд. Тоатро, ки дар табиати инсон нишастааст, рабуданӣ шудаанд” (С.215). Ба дунболи ин, мулоҳизоти фалсафии қаҳрамони роман баъдтар идома пайдо мекунад. Аз ҷумла, дар зиндон – ҳангоми интизорӣ кашидани иҷрои ҳукми паррон Ҷовид нақли Озар Ҳаким (дӯст ва парторги колхозаш)-ро, ки дар атрофи Суқроти ҳаким ва муҷодилоти ӯ бо руҳониёну ҳакамони додгоҳ чарх мезананд, ба ёд меоварад (С.215-224). Зимни ин нақл, Ҷовид ҳолати худро ба Суқрот қиёс мекунад ва иддао менамояд, ки гурӯҳҳои фурсатталабу манфиатхоҳ тайи зиёда аз 2 ҳазор соли гузашта ниёзҳои худро бо номи дин бароварда, ҳоло бошад (Ҷовид замону даври худро дар назар дорад) дар паноҳи қонун машруият мебахшанд (С.225).
Дувоздаҳум. Қаҳрамони марказии роман Ҷовид баъзан ҳаводиси даврро ба қиёс мекашад ва ҳолату вазъи фикриашро ғайриихтиёр тағйир медиҳад. Бо он ки дар зиндон аз болшевикону замони шуравӣ интиқод карда, аз узвият дар ҳизби болшевикӣ изҳори пушаймонӣ менамояд, баъзан ғайриихтиёр равишу риволи раҳбарӣ ва тартиби кордории замони шуравиро меситояд. Ин аст, ки нависанда аз забони Ҷовид ҷиддӣ будани кори давлатдориро дар замони шуравӣ ситоиш мекунад, то ҷое ки менависад: “Дар замони шуравӣ тартиби кори давлатдорӣ сахт ва қатъӣ буд. Агар масъул ҷавоби номаро як рӯз дер мекард, ба ҷавобгарӣ мекашиданд. Ҷовид номаро рӯзи сешанбе фиристода буд. Охири ҳафта аз Маскав, аз Сека телеграмма меояд: “Мансуров Ҷовид парронда нашавад” (С.226). Аз ин ҷо интиқодоти сахти Ҷовид дар робита бо режими коммунистӣ то андозае бепоя ба назар мехуранд. Ба ин маъно, ки агар беадолатии куллӣ дар шуравӣ вуҷуд медошт, Мансуров ҳатман парронда мешуд ва номаҳо ҳам таъсире намекард. Вале дар ҳукумати шуравӣ соҳибмансабони хубе ҳам дар тасмимгириҳо таъсире намедоштанд ва дар мавриди қазияи Ҷовид, ба қавли мардумӣ, “мӯй аз хамир ҷудо карда намешуд”. Аз сӯйи дигар, бо он ки Ҷовид Мансуровичи коммунист маросимоти мазҳабӣ ва суннатиро борҳо анҷом медиҳад, намоз мехонад, маъракаи хатнаи писаронашро мегузаронад, дар ҷанозаи духтараш (ки ҳазорон шоҳид дошт), ширкат меварзад, аммо касе ӯро ба иҷрои маросимоти хурофотию динӣ айбдор намекунад, ҳол он ки он замон коммунистро сар то ба по назорат мекарданд. Мутаассифона, ин нуктаро нависанда ба назар нагирифтааст ва ё дидаву дониста аз он сарфи назар намудааст.
Сездаҳум. Чун Ҷовид аз табори ба истилоҳ, ашрофон аст, ҳамеша дунболи ин асл аст ва қатъи назар аз он ки коммунист мебошад, одат ва ба қавли худаш, “хӯйи ашрофият” (С.242) таркаш накарда, аз ин тарзи табақашиносию тоифапарастӣ эҳсоси хушӣ менамояд. Ин нукта дар зиндон ҳам ҳамеша мавриди назари қаҳрамони асосии роман аст: “Вадим Виноградов (яке аз зиндониёни рус дар зиндони Тошкант) дар паҳлуи Ҷовид кор мекард. Онҳо, ки ҳар ду хӯйи ашрофият доштанд, зуд ба ҳам унс гирифтанд...” (С.242). Дуруст, ки зиндониён, ки ғолибан аз дузду раҳзану шӯрапушту қаллобу одамкушҳо иборатанд, коммунистҳоро бад медиданд, чаро ки маҳз ҳукумати коммунистҳо ин тоифаро ба зиндон кашида, роҳи дуздию раҳзаниашонро баста буд (албатта, дар миёни зиндониён намояндагони қишри коммунистӣ ҳам буданд, ки тавассути иттиҳомот пушти зиндон қарор доштанд, аммо он тоифа на аз хатти машйи ҳизб, балки аз фурсатталабону қаллобону муфтхурону авомфиребоне, ки аз тариқи ҳар роҳу восита ба мақому мансаб расида, ба давлат хиёнатро раво медиданд, нигарон буданд). Бинобар ин, табақаи дузду раҳзану одамкушу қаллоб аз коммунистон домангир буд. Аз ҷониби дигар, дар ин моҷаро коммунисти содиқ чӣ гуноҳ дорад? Дар бадбахтии мардум танҳо он ҷумлаи фурсатталабу мансабталош, ки барои манофеи шахсию гурӯҳӣ ба ҳизб шомил шуда, ниёзу хостаҳои хешро бароварда месохтанд, муқассир буданду халос. Агар ҳизб муқассир мебуд, магар Ҷовидро, бо он ҳама нозу нуз ва карру фарри ашрофӣ ва суннатписандиаш ба мансаби раисии колхоз мансуб мекарду вакили Шурои Олӣ интихобаш менамуд? Ин аст, ки ҳангоми сохтани сужа, сохтусози муколимоту диалогҳо, тартиббандии гуфтумонҳо ҳатман ба баҳсу мунозироти мутақобил пардохтан лозим аст, то ин ки хонанда зери таъсири якандешию яксӯянигарӣ қарор нагирифта, аз алтернатива-гузинаҳои дигари фикрию ақидатӣ истифода кунад.
Лаҳзаи баёни сарнавишти дӯсти деринаи Ҷовид Мансурович Сарабеки Ӯзбекистонӣ, ки раиси номдори колхоз будааст, қаҳрамони асосиро боз дарди “асилзодагию ашрофият” ранҷ медиҳад. Солҳо пас аз раҳоӣ аз зиндон Ҷовид хабар меёбад, ки дар Ӯзбекистон ҳам мисли Тоҷикистон тафтиши қазияи изофанависӣ дар авҷ шудааст. Ба хотири хабар ёфтан аз сарнавишти дӯсти ӯзбекистониаш Сарабек, ки ҳангоми дар зиндони Тошкант будани Ҷовид ӯро аёдат кардаву меҳрубониҳои зиёде намуда буд, Ҷовид ба Ӯзбекистон меравад, вале дӯсташро зинда намеёбад. Дӯсти ӯзбекистонии Ҷовид Сарабек дар даргириҳои изофанависӣ кашида мешавад ва ба иттиҳомоти кумиссиюни тафтишӣ тоб наоварда, аз сари номус дар хонааш худро мепаронад. Ҷовид аз ҳолу аҳволи хонаводаи дӯсташ огоҳ гардида, шабе меҳмони хонадон шуда, қазияи марги дӯстро мешунавад (С.330-332). Писарони Сарабек Ҷовидро гусел мекунанд ва ӯ аз одобу тарбият ва меҳру ихлоси фарзандони дӯсташ ба риққат омада, боз ба мавзуи асилзодагӣ баргашта, худ ба худ мегӯяд: “Инҳо ҳам мисли падарашон асилзода мебошанд. Ӯ (Сарабек – Н.Н.) аз он шахсоне буд, ки ба марг мувоҷеҳ мешуду намегузошт, ки асилзодагиаш поймон шавад...” (С.333). Магар танҳо асилзода метавонад эътимод ба нафс дошта бошад ва тарзи тарбиятии болову писандида моли ҳалоли ӯ бошад? Ё ин ки ахлоқи воло, муоширати баланд ва ҳамияту ғурур танҳо хоси асилзодаву ашроф аст? Чаро дигар қишрҳои иҷтимоӣ ва аз ҷумла пойлучҳо, батракҳо, мустамандҳо, нодорҳо, камбағалҳо, ки дар бисёр маврид бар асари ноинсофию ноҷавонмардию худхоҳию худпарастию беадолатию зулму истибдоди тоифаи ашрофӣ ва табақоти болоӣ (амирону ҳокимону сарватмандону қозиёну муфтиёну руҳониёну тоҷирон) ба ин ҳолу рӯз расида буданд, ҳаққи боахлоқу бомаданияту асилзода буданро надоранд?
Баъдан, гӯшзад кардани “асилзодагӣ ва ашрофият”, ки мафҳумҳои то андозае гумроҳкунанда буда, дар роман зиёд сари онҳо тамаркуз шудааст, як навъ тафриқаандозии табақотӣ мебошад. Агар бо ин навъ баҳогузорӣ такя намоем, пас, ба тоҷикони дур аз ашрофияту асилзодагӣ, ки умрҳо алайҳи ҷабру истисмори аҷнабӣ мубориза бурда, дар сохтану бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гирифтаанд, чӣ гуна баҳо бидиҳем?! Аз тарафи дигар, ашрофият ва ашрофзодагӣ маънии озодагӣ ва дур будан аз бардагист, дар ҳоле ки ба ном ашрофзодаҳои мо ҳамеша дар хидмати давлатдорию салтанатҳои бегона буданд ва бадтар аз ҳама, хидматгузорӣ ба низоми амирсолориро имтиёз ва авлавияти ҳайсиятию ҳувиятӣ медонистаанд. Ифтихорфурӯшиҳое аз қабили дар замони амирӣ бобоҳои мо ин вазифаву он вазифаву симат доштаанд, ҳаргиз ба дарди миллат нахурда ва намехуранд. Баръакс, ин гуна мавқеъгириҳо ва лофзаниҳо, ки мо аз фулон қабилаву фулон насабу шаҷараем, ба ҷуз фахрфурӯшиҳои пуч чизе нестанд. Ин аст, ки ашрофзода ва асилзода касест, афроди миллатро ба сатҳи худ мерасонад, на ин ки мазаммату сарзаниш намуда, ба беаслию гадозодагӣ муттаҳам месозад. Ин одати бад, мутаассифона, дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист (замони зуҳури бозсозию навназарӣ, ки дар асл, то ҷое куҳнагарию суннатпарастии хушк буд) чун эпидемия ҷомеаи мадании моро фаро гирифт ва пас аз сукуте андак боз қувват гирифта, ҳангомаҳои пучу беасосеро ба бор овардааст.
Чаҳордаҳум. Ба хурофот боварманд будани Ҷовид дар лаҳзаи нақли марги Сталин, ки аз забони Виноградови зиндонӣ садо медиҳад, ошкор мегардад. Ҷовид бо худ мулоҳиза карда, чунин иддаои хурофиро дар нисбати марги Сталин андаруни зеҳн ҷо дода, бар мабнои он пешқазоват мекунад: “Пас, маълум мешавад, дуои халқ гирифташ” (С.251).
Понздаҳум. Бо таваҷҷуҳ ба мазмуну мундариҷа ва раванди бозтоби ҳаводиси романи “Нони шарикӣ”, қаҳрамони марказӣ Ҷовид Мансурович шахсияти ба лиҳози ориентатсияи сиёсӣ-мафкуравӣ, ҳадафмандӣ ва мавқеъгирии иҷтимоӣ калаванда аст: баъзе маворид ба суннатҳои динӣ-мазҳабӣ паноҳ мебараду аз ашрофият дам мезанад; гоҳе ба ҳизбияту мавқеияти сиёсӣ-ҳизбӣ такя мекунаду ба давлати шуравӣ эътимод менамояд; баъзан дар ҳавои афсурдагӣ ба давлату ҳизби коммунистӣ нафрин мефиристаду аз намозу ибодати динӣ мадад меҷӯяд. Хуллас, нафарест, ки дар ҳоли мушкилӣ ва бунбасти фикрӣ боз ба асли худ – ашрофзодагӣ бармегардад ва бар мабнои хурофаҳои пешини мазҳабӣ доварӣ менамояд. Чунин шахси калаванда наметавонад улгу бошад, чаро ки на ба манофеи миллӣ созгорӣ дораду на мавқеъгирии сидқии давлатӣ-ҳизбӣ. Ин аст, ки миёни суннатписандию динмадорию ашрофзодагӣ, аз як тараф ва эътиқодмандии сиёсӣ-мафкуравӣ (ҳизбӣ), аз тарафи дигар, мекалавад.
Шонздаҳум. Масъалаи ба асли худ баргаштан (ба хатти арабӣ ва суннатҳои мазҳабӣ) дар муколимаҳои қаҳрамони марказии роман раиси колхоз Ҷовид Мансурович ва котиби ташкилоти ҳизбӣ (парторг)-и колхоз Озар Ҳаким инъикос ёфтааст. Дар суҳбат миёни қаҳрамони асосии роман бо котиби ташкилоти ҳизбӣ Озар Ҳаким, ки баъди зиндонӣ шудани Ҷовид ба вазифаи ҷонишини раиси колхоз пазируфта мешавад, масъалаи бозгашт ба ҳуруфоти арабиасоси форсӣ ва таълиму тарбияи суннатӣ баррасӣ шуда, сабабу иллати бозмондагию ақибмониамонро дар канор задани ҳуруфоти арабӣ ва суннату анъаноти пешӣ арзёбӣ мекунад (С.293). Ба сухани дигар, котиби ташкилоти ҳизбӣ Озар Ҳаким шахси донишманд аст, аммо аз назари сиёсию мафкуравӣ пухта нест, чаро ки бозгашт ба гузашта, суннату анъаноти пешина, ки ангезаи пешрафту рушди миллию дунявиро бозмедоранд, ҳалли мушкил нест. Дар зимн, на хат, балки мағзу андеша инсон ва дар маҷмуъ, миллатро тағйиру таҳаввул дода, тавону неру мебахшад. Аммо дар суҳбат Озар Ҳаким аз русҳо домангир мешавад, ки забони тоҷикиро танг карда, нагузоштанд, ки урфу одатҳои мо ва такаллуми аҷдодӣ рушд кунад. Дар ҳоле ки соири миллату ақвоме, ки дар замони шуравӣ зери султаи русҳо ба сар мебурданд, тавонистанд, ки худро созанду забонашонро пос доранд. Чаро мо дар ин раванд ақиб мондем ва бо шикояту бечоранолиҳои бефоида заъфу нокоромадию нокифоятии худро ба намоиш гузоштем? Ин суоли матраҳест, ки сари он бештар бояд таваққуф намоем. Устод Урун Кӯҳзод дар таълифоташ ва аз ҷумла романи “Ҳайҷо” бар он тамаркуз мекунад, ки характери худро миллат бояд шиносад, айбу навоқисашро ташхис намояд ва саранҷом худро аз нав бисозад.
Албатта, нависанда назароти мутақобилро овардааст, то ин ки бархурдҳои ақидатию андешавиро дуруст тасвир бикунад. Бар илова, суннату анъаноти нодаркору нолозими зиёде дорем, ки сабаби асосии вопасгаройиву ақибмониамон шудаанд. Бар илова, ба гузашта бо назари интиқодӣ нигаристан асли воқеият аст ва агар ба суннатҳои пешини хеш аз тариқи равзанаи нақди мунсифона нангарем, наметавонем, худро дуруст бишносем ва аз костиҳои ҳувиятию фарҳангӣ, ки сабабгори асосии нузули шикасти мо тайи асрҳои мутамодӣ будаанд, парҳез намоем. Аз тарафи дигар, мо ба қавли устод Акбари Турсон, гузаштагароем ва гузаштагароямон гузаштагаройии ноогоҳона аст. Аз ин ҷост, ки гузаштагаройии огоҳона муҳим аст, на нақду наққодии ғайримантиқию яктарафанигарӣ.
Ҳафдаҳум. Дар бахши ахирии роман қаҳрамони марказии роман Ҷовид Мансурович дар завод ба ҳайси сармуҳандис фаъолият мекунад ва аз пайдо шудани гурӯҳи нави сиёсӣ бо номи демократҳо ва дар ин замина тағйир ёфтани арзишҳо нигарон мешавад. Ин навъ мавқеъгирӣ ва дилсардиро, ки бо омадани марди холдор (манзур М.С.Горбачёв) русух карда буд, Ҷовид бо рафиқи дерини русаш Максим Акимович Буров дар миён мегузорад (С.300-301). Ин аст, ки назароти Ҷовид бо омадани мавҷи нави навназарӣ дар ҳошияи сиёсати бозсозию ошкорбаёнии горбачёвӣ ва беарзиш шудани ғояҳои коммунистӣ мисли дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ миёни миллату халқҳо, эҳтироми одамон, ҳалолкорӣ, муҳаббату самимият куллан дигар мешаванд ва ҳолати дилсардию бетафовутиро ба вуҷуд меоваранд. Ҷовид ба дӯсташ Максим Буров масъалаи бознишастагишро ба миён мегузорад ва сабаби чунин тасмим гирифтанашро дар ҷур наомадан бо кадрҳои наву ба ном навназар арзёбӣ карда мегӯяд: “Аз рӯзе, ки демократҳо тантана доранд, замона дигар шуд, одамон дигар шуданд. Мо ба инҳо қур намегирем...”(С.300). Ин мавқеъро Ҷовид дар тарабхонаи “Фароғат” ҳангоми суҳбат бо дӯсти деринаш -- Максим Буров ҷонибдорӣ мекунад. Максим Буров бо Ҷовид ҳамназар шуда, аз сиёсати горбачёвӣ интиқод намуда, мегӯяд: “Дақиқтар, аз рӯзе, ки Холдори лаққӣ қудратро гирифт (Максим Горбачёвро Холдор меномид), арзишҳо, андешаҳо дигар шуданд. Кошки, оқибати ин ҳоюҳуяшон ба хубӣ анҷомад” (С.300).
Ҳаждаҳум. Нависанда қаҳрамононаш -- Ҷовидро гоҳе мисли қаҳрамонҳои асарҳои устод Урун Кӯҳзод ба шинохти мушкилоту уқдаҳо, муаммоҳо, ишколоти равонию ҳувиятию зеҳнию фикрӣ вомедорад ва аз ин тариқ ба интиқоди зеҳни мағшуши тоҷик мепардозад. Дар суҳбат бо Озар Ҳаким (собиқ котиби ташкилоти ҳизбии колхоз) Ҷовид аз мушкилоти миллӣ лаб мекушояд ва сабабу иллати бедавлатию саргардонии мудавомро ҷустан мехоҳад ва дар ин замина мегӯяд: “Ҳазор сол аст, ки мо дар як ҷангали бедавлатӣ раҳгумем, бояд сабабашро пайдо карда эълон дорем” (С.295). Бо ин навъ ибтикороти эҷодӣ нависанда мушкилоти миллиро решашиносӣ мекунад ва хонандаро ба фикр кардан сари масъалаҳои ҷиддии сарнавиштӣ вомедорад.
Нуздаҳум. Нависанда мекӯшад, ки аз тариқи сохтани муколимот-диалогҳо сатҳи фаҳмиши қаҳрамонону персонажҳои романро мушаххас намуда, мавқеъгирии онҳоро дар робита бо тағйироти сиёсӣ-мафкуравии замон, ки бар асари бозсозии горбачёвӣ дар ҷомеа тасаллут ёфта буд, ба намоиш гузорад. Дар ин замина, камбуду нуқсон ва ба истилоҳ, уфтҳои сиёсӣ-идеологии ходимони ҳизбии замон дар симои Озар Ҳакими парторг ва Ҷовид Мансуровичи раиси колхозу коммунист ошкор карда мешаванд. Аз ҷумла, коммунистон дар замони бозсозӣ ба намозхонию ибодатороӣ мепардозанд, масҷидравӣ муд мешавад ва ҳамин тур, бо замон ва арзишҳои замонию маконӣ ҷур кардани кормандони ҳизбӣ дигар ба кори одию муқаррарӣ табдил меёбад. Аз ҷумла, созгорию муросокорию замонасозии ходимони ҳизбӣ дар симои қаҳрамонони роман хеле хуб инъикос ёфтааст. Масалан, нависанда вазидани боди “бозсозӣ” ва тағйир ёфтани мавқеъгириҳои элитаи ҳизбии маҳаллиро аз забони Озар Ҳакими парторг хеле хуб ба ҷилва дармеоварад: “—Замони демократия шуд, акнун ҳам ба мех мезанӣ, ҳам ба наъл,-гуфт Озар ва хандид. Ҷовид: --Мо бояд ба рафти об бел мезадем... Агар ягон гадозода “бела” мегирифт, масҷидҳоро бо таҳкурсиаш нест карда мепартофт” (С.318).
Дар ин бахш аз роман нависанда вазъи мафкуравӣ ва ҳувиятии ҷомеаро ба намоиш мегузорад ва тавассути ҳаракоту гуфтугӯю муколимоту амалиёти қаҳрамонону персонажҳо ҳақиқати ҳувиятиамонро, ки дар ҳар давру замоне бо равиши замон “бел мезанем”-ро ошкор месозад. Замонасозӣ, муросокорӣ, муқаллидӣ, тамаллуқкорӣ, чоплусӣ ва амсоли инҳо барин разоили ахлоқӣ машруият доштанд, ки ки мо тайи таърих ҳамеша бозанда будем ва бо роҳандозӣ кардани барномаҳои ахлоқии нобаҷо раҳгум зада, дар бунбасти фикрию ақидатию ҳувиятию ахлоқию маданӣ қарор гирифтем. Ба қавли устод Лоиқ, “дар ҳошияи таърих вомондем”. Акнун тасаввур кунед, ки дар замони коммунистӣ, коммунист мешавем, дар замони ҷоҳилият ҷоҳил мешавем, дар замони атеист, атеист, дар даврони дилмадорӣ диндори содиқ ва ба ин тартиб, бо равиши замона “белзанӣ”-ро одат карда, то ба имрӯз расидаем. Бо ин гуна ахлоқиёт мо нашармида, боз даъвии тамаддунофарию худсозию ҳувиятмадорию миллатсозӣ мекунем. Магар бо ин гуна мавқеъгириҳо метавон ба натиҷаи дилхоҳ расид ва озода зиндагӣ кард? Албатта, ки не. Ба ин монанд суолоти зиёде дар зеҳнамон чарх мезананд ва барои пайдо кардани посухҳо ба решаи равони миллат таваҷҷуҳ бояд намуд ва мушкилоти асрҳо решагирифтаро шиносоӣ кард.
Бистум. Қаҳрамонони роман, бо он ки ба замони нав (бозсозӣ) мерасанд ва ба орзую ормонҳои миллию диниашон даст меёбанд, бо одамони нав, ҳайати мудирияти нав муросо карда наметавонанд ва дар қиёс бо замони худ иқдомоти тоифаи нави мансабдоронро, ки аз замони шуравӣ ва коммунистон бо тундтарин шева интиқод мекунанду айёми шуравиро аз ҳар ҷиҳат сиёҳ менамоянд, намепазиранд. Ин навъ эътирозро дар гилояи Озар Ҳаким хеле хуб ба мушоҳида мегирем: “—Ҳоло корашон маълум нест, дағдағаашон оламро гирифтааст” (С.320). Дар тӯйи хатнаи набераи Озар Ҳаким, дар ҳузури ҷамъи дӯстону мунтақидони замони шуравӣ Ҷовид сухан мекунад ва бар он ишора мефармояд, ки дӯстию рафоқати байни халқу миллатҳо асоси пойдории давлати шуравӣ буда, он чи ки имрӯз дорем, ба баракати ҳамон давра аст. Ҷовид ҷуръат пайдо карда, дар он суханронӣ, ки тоифаи навназарону мунтақидони режими коммунистӣ ҳам зиёд буданд, изҳор медорад, ки аз он давраи гузаронида ҳаргиз пушаймон нест (С.324).
Бисту якум. Бархурди ду навъи андешаву мавқеъгирӣ дар роман дар симои ду насл – насли замони карахтӣ (дар симои Ҷовиду Максим Бурови рус) ва насли замони горбачёвӣ (дар симои Сарҳади писари Ҷовид, ки устоди Донишгоҳ ва номзади илми таърих буда, дар ҷӯши таҳаввулоти замонӣ қарор гирифтааст) барҷаста бозтоб ёфтааст. Сарҳад ба деҳа омада, падару модараш (Ҷовиду Гулнисо)-ро барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба пойтахт – ба хонааш мебарад ва дар хона хони идона густурда ва меҳмононро бо ҳузури дӯстони хонаводагии Ҷовид – Максим Буров ва ҳамсараш Александра Захаровна даъвату пазироӣ мекунад. Суҳбат дар атрофи хони идона гарм гардида, ҷилави баҳс ба ҳаводиси февралӣ кашида мешавад (С.353-355). Баҳс миёни Максим Буров ва Сарҳад бештар авҷ мегирад ва намояндаи ду насл атрофи бетартибию беинзиботие, ки бар асари ҳаводиси февралӣ иттифоқ афтода, ҷони чандин нафарро бурда, ҳарҷумарҷи дохилиро мунҷар шуда буд, баҳс мекунанд. Сарҳад, ки аз қишри демократҳо ва озодандешони замонӣ намояндагӣ мекунад, сабаби ҳарҷумарҷ ва беинзиботиро ба кори нодурусту сиёсати хашини режими коммунистон марбут медонад. Дар муқобили ӯ, Максим Буров аз ҳангомасозиҳои демократмаобон ва мансабдорони нав, ки корашон танҳо сиёҳ кардани давлати шуравӣ ва айбҷӯйӣ аз элитаи сиёсии давр будааст, интиқод менамояд (С.354-368). Зимни баҳси ду насл аз тавтеаталабиии қишри муллоии ҷомеа, ки он замон сахт фаъол гардида, даст ба кор шуда, барои ташкили давлати динӣ-теократӣ талош меварзиданд, сухан ба миён оварда мешавад ва тайи баҳсу мунозираҳо Максим Буров дар посух ба иддаоҳои Сарҳади ҷавон бар он ишора менамояд, ки дар заминаи ташкили давлати исломӣ муллоҳо зиёд талош месозанд. Дар ин миён, сатҳи пасти тафаккури зиёиёни миллат ва авомзадагии онҳо ҳам ба риштаи баҳс кашида мешавад. Дар ин замина, Максим Буров Сарҳадро мухотаб қарор дода мегӯяд: “...Ними ҳукумататон ба ин кор тарафдор аст (яъне, ба ташкили давлати динӣ—Н.Н.)...Ҳамон зиёияш ҳам нигоҳаш тарафи мавҳумоту хурофот ва авомунносаш ҳам” (С.357). Нависанда бо тартиббандии ҷолиб парда аз воқеияти ҷомеаи вақти мо бармедорад ва чистию кистии насли зиёиёни ватанию миллиро, ки ғолибан бо авомзадагию хурофаписандӣ созиш карда, миллатро ба вартаи нобудӣ кашиданд, ошкор месозад.
Бисту ду. Бахши хотимавии роман бо овардани хабари пошхурии империяи шуравӣ ва қатъ шудани фаъолияти ҳизби овозадору қудратманди КПСС аз ҷониби писари дувуми Ҷовид Додоҷон оғоз меёбад. Додоҷон омада хабари барҳамхурии Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) ва Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ (КПСС)-ро мерасонад ва Ҷовид дар ҳолати карахтӣ меафтад. Хонавода омодагии рафтанро аз Бешаи Палангон мегирад ва ҳамин тавр, раҳораҳ зеҳни Ҷовидро суолу пурсишу фикрҳои зиёде мушавваш месозанд. Ба ин тартиб, Ҷовиди бознишаставу солманд ҳамроҳи ҳамсари солмандаш Гулнисо ва наберааш дар бустонсарои Бешаи Палангон қарор гирифта, бо худ гуфтугӯро атрофи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангии мамлакат идома дода, аз тариқи пурсишу посухҳо мулоҳизоташро пасупеш дар заминаи даргирию беинтизомиҳои замонӣ, ки боиси заиф шудани давлат гардидааст, ҷамъу ҷур карда, аз вазъи ноҷури мавҷуда сахт андуҳгин мегардад. Дар ҷустуҷӯйи шикасти империяи шуравӣ Ҷовид мекӯшад, ки сарриштаи шикастро дарёбад. Ва оғози авомили шикасту пошхурии империяи шуравиро Ҷовид аз замони Сталин ва махсусан, лаҳазоти марги ӯ шуруъ карда, ба замони давлатдориҳои Хрушеви ҳангомаҷӯву худнамо иртибот дода, манфиатпарастии роҳбарону ҳизбиёни баъдинаро сабаби аз байн рафтани империя медонад. Дар ҷараёни гуфтугӯ бо худ Ҷовид, ҳамчунин аз нақши русҳо дар рушди мактабу маорифу фарҳангу иҷтимоиёти тоҷик ёдовар мешавад ва ташаббусу ибтикороти онҳоро дар раванди рушду тараққӣ ситоиш мекунад (С.380).
Мулоҳизоти қаҳрамони марказӣ Ҷовид Мансурович дар бахши хотимавии роман бо муҳокимарониҳои қаҳрамонони романҳои “Ҳайҷо”-и устод Урун Кӯҳзод (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Ҳайҷо. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.) ва “Гардиши девбод”-и устод Абдулҳамид Самад (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. –Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.) ҳамхонӣ дорад. Ду романи номбаршуда ҳам бо ноҷуриҳои ибтидои солҳои навадуми асри бист ва муҳокимарониҳои қаҳрамонони асосӣ дар атрофи беназмиҳо ва даҳшатҳо ба анҷом мерасанд. Ҷовид ҳам вазъи асафбори замонро ба мушоҳида гирифта, ҳаводиси гузаштаи ҳафтодсоларо дар маҳдудаи империяи шуравӣ ба хотир оварда, аз фарҷоми талхи он афсус хурда, чунин навъи фарҷоми бадро дар қолиби фаҳмиши ноуҳдабароии роҳбарони вақт, аз як тараф ва бозии қисмат, аз тарафи дигар, матраҳ мекунад: “Пас аз гузашти ҳафтод сол фарзандони ноуҳдабарошон ин давлат зишт будааст, гуфта, таънаву таъриз зада, барҳамаш доданд? Ё осмон ба хотире, ки дунёро ба эътидол дорад, чунин корҳоро пеш мегузорад (С.381). Хулосабарориҳои қаҳрамони роман Ҷовид дар анҷом асафбор аст: “Он рӯзгори салоҳ ва осоиш, ки дар бист соли охир доштанд, барҳам мехӯрад. Дигар ҳеҷ вақт ба он зиндагие, ки доштанд, нахоҳанд расид” (С.381).
Ба ин тартиб, нависанда ҳаёти пурмоҷарои қаҳрамони роман Ҷовид Мансуровичро дар мароҳили гуногуни зиндагӣ ба риштаи тасвир бармекашад ва ӯро дар ҷӯши ҳаводис озмуда, пухта менамояд. Дар зимн, бозтоб додани ҳаводиси як давраи асосии таърихи миллат (сад соли ҳамшарикӣ бо Русия) кори басе мушкил аст ва устод Мирзонасриддин аз уҳдаи ин кори сангин баромадааст. Албатта, ҳар як асари бадеӣ аз камбудиҳо орӣ нест ва вазифаи нақди мунсифонаи адабӣ ва ихтисосист, ки камбуду навоқиси асарро дар баробари муваффақияту комёбиҳо ошкор сохта, шароити мусоидро барои бозшиносию ислоҳу рафъи мушкилоту навоқис фароҳам меоварад.
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
22 феврали соли 2025, шанбе, соати 17:30