17-02-2025

Адабиёт дар мақоми абзори ҳувиятсозию миллатшиносӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

 

(Чанд сухани иҷмолӣ дар заминаи муаррифии китоби тозанашри шоир ва адабиётшиноси варзида Беҳрӯзи Забеҳулло “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ”)

           Ахиран китоби донишманд ва шоири матраҳи миллӣ устод Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” (ниг.: Саидхоҷа, Забеҳҳуло Беҳрӯз. Адабиёт ва ҳувияти миллӣ (Маҷмуаи мақолот). -Душанбе: “Шоҳин-С”, 2025. -288 с.) ба нашр расид. Китоб бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким оғоз шуда (С.3-5), 28 матлаби илмӣ-таҳқиқӣ ва илмӣ-оммавиро, ки ба муҳимтарин масъалаи ҳар давру замон – ҳақиқати адабӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ дахл доранд, фаро гирифтааст. Аз ин шумора, 10 матлаби аввалӣ фарогири мавзуоти адабиёти классикӣ буда, 18 матлаби баъдӣ ба масоили адабиёти муосири тоҷик, ки муаллиф худ аз пажуҳишгарони матраҳу муваффақи ин давраи таърихист, иртибот мегиранд. Кулли матолиби дар китоб мунсаҷимшуда тайи солҳои 2020-2024 таълиф гардида, муаллиф фурсату фосилае муосид барои фикр кардан ва мулоҳиза фармуданро дар атрофи ҳар як аз мавзуъ ва масъала дар ихтиёр доштааст. Дигар ин ки матолиб ҷолиб ва хонданбобанд ва чун бевоситаю бавосита ба масъалаи ҳувиятӣ гиреҳ мехуранд, ҳатман вокуниши мусбати хонандаро ба вуҷуд меоваранд.

      Дар 10 матлаби аввалии китоби “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” -- “Рӯдакӣ – саромади андешаи миллӣ ва дунявӣ дар шеъри тоҷик” (С.6-17), “Подшоҳони пешдодӣ – бунёдгузорони тамаддуни башарӣ” (С.18-29), “Умари Хайём – ринди мунавварфикр” (С.30-41), “Саъдии Шерозӣ – ҷаҳонгарди дурандеш” (С.42-52), “Тавсифи ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ” (С.53-66), “Мавлоно – кашшофи олами ботин” (С.67-79), “Забон аз дидгоҳи Мавлоно” (С.80-90), “Озодманишӣ ва мазаммати таассубу риё дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ” (С.91-101), “Шеър ва шахсияти Шоҳин” (С.102-113), “Муқоисаи ғазалиёти Шоҳин аз рӯйи матни дастхатҳо” (С.114-125) бо мушаххасоту вежагиҳои муҳимми мавзуӣ-муҳтавоии адабиёти классикии тоҷик ва шахсиятҳои шуҳратёри ин давраи калони таърихӣ ошно мегардем. 18 матлаби баъдӣ бо шумули “Асирӣ – намояндаи насли маорифпарвар” (С.126-135). “Абдурауфи Фитрат ва нақди маърифати динӣ дар Бухоро” (С.136-150), “Фалсафаи “Худӣ” ва тарғиби худогоҳӣ дар мактаби фикрии Иқболи Лоҳурӣ” (С.151-160), “Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ” (С.161-168), “Робитаи илм ва худшиносии миллӣ аз дидгоҳи С. Айнӣ” (С.167-171), Суннат ва навоварӣ дар силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” (С.172-181), “Андешаҳои давлатмеҳвар ва миллатсоз дар эҷодёти Мирзо Турсунзода” (С.182-190), “Нақши адабиёт ва адибон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (С.191-198), “Зуҳури шеъри нав дар адабиёти тоҷик дар даҳаи 60” (С.199-207), “Инъикоси ҳувияти миллии тоҷикон дар осори Муъмин Қаноат” (С.208-220), "Қаноат ва Масъуд (С.221-228), “Эъҷози тасвир дар як шеъри кӯтоҳ” (С.229-235), “Адабиёт ва ифтихори миллӣ” (С.236-243), “Пешниҳодҳои тоза дар бораи нашри нави “Шоҳнома” (С.244-251), “Кӯҳ моро шукӯҳ омӯзад!” (С.252-260), “Мунаққиди дақиқназар ва масъулиятшинос” (С.261-269), “Реализм дар достони “Роғун”и Давлат Сафар” (С.270-277), “Садое, ки ҳаргиз шунида нашуд (Нигоҳе ба авзои адабии Афғонистон дар 20 соли гузашта)” - С.278-286) фарогири мулоҳизоти илмӣ-ихтисосии муаллиф дар робита бо муҳимтарин масоили адабиёти муосири миллианд.

       Мунтаҳо, дар доираи аксари матолиби китоб, минҷумла мақолоти “Рӯдакӣ – саромади андешаи миллӣ ва дунявӣ дар шеъри тоҷик” (С.6-17), “Подшоҳони пешдодӣ – бунёдгузорони тамаддуни башарӣ” (С.18-29), “Умари Хайём – ринди мунавварфикр” (С.30-41), “Саъдии Шерозӣ – ҷаҳонгарди дурандеш” (С.42-52), “Озодманишӣ ва мазаммати таассубу риё дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ” (С.91-101), “Шеър ва шахсияти Шоҳин” (С.102-113), “Асирӣ – намояндаи насли маорифпарвар” (С.126-135). “Абдурауфи Фитрат ва нақди маърифати динӣ дар Бухоро” (С.136-150), “Фалсафаи “Худӣ” ва тарғиби худогоҳӣ дар мактаби фикрии Иқболи Лоҳурӣ” (С.151-160), “Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ” (С.161-168), “Робитаи илм ва худшиносии миллӣ аз дидгоҳи С. Айнӣ” (С.167-171), “Суннат ва навоварӣ дар силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” (С.172-181), “Андешаҳои давлатмеҳвар ва миллатсоз дар эҷодёти Мирзо Турсунзода” (С.182-190), “Нақши адабиёт ва адибон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (С.191-198), “Инъикоси ҳувияти миллии тоҷикон дар осори Муъмин Қаноат” (С.208-220), Қаноат ва Масъуд (С.221-228), “Адабиёт ва ифтихори миллӣ” (С.236-243), “Пешниҳодҳои тоза дар бораи нашри нави “Шоҳнома” (С.244-251) адабиётшинос кӯшидааст, ки бар мабнои мантиқи илмӣ-таҳқиқӣ, таҷрибаи пажуҳишӣ ва манофеи миллӣ доварӣ намояд.

    Дунбол кардану матраҳ намудани масъалаи адабиёт ва ҳувияти миллӣ дар меҳвари кори муаллифи китоб қарор гирифтааст ва ин мавзуи меҳварӣ, усулан тамоми умр адабиётшиносро ҳамроҳӣ мекунад. Ҳанӯз аз солҳои наврасӣ ва махсусан, замони донишҷӯйӣ масъалаи ҳувиятсозӣ ва миллатшиносӣ фикру андешаи Беҳрӯзи Забеҳуллоро даргир сохта будааст ва бо гузашти умр ва фосилаҳои замонӣ он ба манбаи илҳоми шоирона ва тафаккури илмии ӯ табдил ёфта, зиндагии минбаъдаи илмию эҷодӣ ва иҷтимоию маданиашро зинат бахшидааст. Ба ин маъно, Беҳрӯзи Забеҳулло хуб дарк кардааст, ки адабиёт ба сифати унсур ва абзори муҳимми ҳувиятсозию миллатшиносӣ метавонад дар шароити феълии бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ҷомеаро ба масири худогоҳию худшиносӣ ва худсозию худкифоӣ раҳнамун созад. Аз тарафи дигар, адабиётшинос таҷрибаи кофии илмию ихтисосию адабиро дар заминаи шинохти мушкилоти фикрию ҳувиятӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ ва арзёбии дурусти мероси гаронмояи адабию таърихию фалсафию фарҳангӣ дошта, кулли масоили матраҳшавандаро бар мабнои меъёрҳои нақди солими адабӣ-илмӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.

       Ба ин тартиб, аз матлаби ифтитоҳӣ “Рӯдакӣ – саромади андешаи миллӣ ва дунявӣ дар шеъри тоҷик” (С.6-17) шуруъ намуда,  Беҳрӯзи Забеҳулло масоили ҳувиятӣ ва бахусус, ҳувияти миллиро дунбол мекунад ва хонандаро ба таври тадриҷӣ ба мавзуи асосӣ ва ҳадафи калидӣ – адабиёт минҳайси унсури ҳувиятсозию миллатшиносӣ ҷалб месозад. Аз ин ҷост, ки муаллиф устод Рӯдакиро ҳамчун шоири миллигаро ва ситоишгари фарҳангу арзишҳои волои миллӣ дар замони Сомониён муаррифӣ карда, арз медорад, ки падарсолори шеъри форсии тоҷикӣ аз хидмат ба дудмони Сомонӣ ва дар фазои солиму озоди давлати миллӣ ба сар бурдан ифтихор мекардааст (ниг.: Саидхоҷа, Забеҳҳуло Беҳрӯз. Адабиёт ва ҳувияти миллӣ (Маҷмуаи мақолот). -Душанбе: “Шоҳин-С”, 2025. С.7).

       Матлаби дувумӣ -- “Подшоҳони пешдодӣ – бунёдгузорони тамаддуни башарӣ” (С.18-29)-ро ҳам муаллиф ба ҳадафи меҳварӣ пайванд дода, сухани муқаддимотии матлабро бо иддаои дархуреро мабнӣ бар ин ки шоҳ дар “Шоҳнома” на танҳо фармонраво, балки ҳакиму хирадманд низ ҳаст, матраҳ намуда, зиёда аз 900 маротиба истифода шудани калидвожаи “хирад”-ро дар ин асари безаволи миллӣ намоди хирадмадории миллат талаққӣ мекунад (ниг.: Саидхоҷа, Забеҳҳуло Беҳрӯз. Адабиёт ва ҳувияти миллӣ (Маҷмуаи мақолот). -Душанбе: “Шоҳин-С”, 2025. С.18). Ба дунболи ин, донишманд бо такя ба манобеи дастраси илмӣ ва матни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз силсилаи подшоҳони пешдодӣ – Каюмарс (С.21-22), Ҳушанг (С.22-23), Таҳмурас (С.23-24), Ҷамшед (С.24-27) ёдовар шуда, ташаббусу ибтикороти ононро дар заминаи сохтусозу бунёдкорию ободонию кашфиёту пешрафтҳо тавсиф менамояд. Бавежа, аз ибтикороти Ҷамшеди Пешдодӣ дар ростои бунёдгузории ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва барпонамоии саросарии он дар қаламрави ҳукумати худ ситоиш мекунад (С.26-27).

     Адабиётшинос Беҳрӯзи Забеҳулло дар робита бо рӯшангарӣ, муқовимат бо таассуби мазҳабӣ ва озодандешӣ мақолоти ҷолиберо дар маҷмуа гирдоварӣ карда, хурофоту ҷаҳолати динӣ-мазҳабиро ба унвони таҳдиду чолишҳои ҳамазамонӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар ин миён, матолиби “Умари Хайём – ринди мунавварфикр” (С.30-41), “Озодманишӣ ва мазаммати таассубу риё дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ” (С.91-101), “Асирӣ – намояндаи насли маорифпарвар” (С.126-135). “Абдурауфи Фитрат ва нақди маърифати динӣ дар Бухоро” (С.136-150), “Фалсафаи “Худӣ” ва тарғиби худогоҳӣ дар мактаби фикрии Иқболи Лоҳурӣ” (С.151-160), “Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ” (С.161-168), “Робитаи илм ва худшиносии миллӣ аз дидгоҳи С. Айнӣ” (С.167-171) ҷолибанд. Ҳатто дар ин гуна матолиб ҳам, Беҳрӯзи Забеҳулло ба мавзуи худшиносию ҳувиятсозӣ тамаркуз мекунад ва сабки таҳқиқро ба самту сӯйи ҳувияти миллӣ мекашонад.

     Боқӣ мутолеаи китоб ва қазовату довариҳоро бар уҳдаи хонандагон вомегузорем. Афзун бар ин, ба китоби “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” шоир, пажуҳишгар ва сиёсатмадори матраҳ Латифи Пидром ва муҳаққиқи фалсафа доктор Башир Азизӣ тақризҳои кутоҳи ҷолиби таваҷҷуҳ нигоштаанд.

     Дар зимн, адабиётшинос Беҳрӯзи Забеҳулло соли 2020 монографияи илмӣ-таҳқиқии хуберо таҳти унвони “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ” (ниг.: Забеҳулло, Беҳрӯз. Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ /Монография/. -Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2020. -148 саҳ.) ба табъ расонд, ки аз ҷумлаи рисолаҳои ҷолиби илмӣ-таҳқиқӣ тайи даҳсолаҳои ахир дар робита бо мазмуну муҳтаво ва мушаххасоти бадеӣ-ҳунарӣ ва мафкуравии шеъри муосири тоҷик маҳсуб мешавад.

       

     Нозим Нурзода

    Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

     7 феврали соли 2025