20-03-2025
Наврӯзи ҷамшедӣ – ҷашни ҳувиятсозӣ
Муаллиф: Нозим Нурзода

Наврӯз дар таърихи ҷашну маросимҳои мардуми иронитабор, минҷумла тоҷикон мақоми шоиста дорад. Мардуми мо дар паҳно ва дарозои таърихи мавҷудияти хеш, вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёдеро бофта, мавриди таҷлил қарор додааст, ки рамзу розҳои гуногун доштанд, вале ҳамаи онҳо дар як маънӣ тамаркуз пайдо мекарданд ва он, бешубҳа, инсонсолорӣ ва ҳувиятсозӣ будааст. Дар ин доира Наврӯз ба сифати ҷашни бостонитарин ва инсонсолортарин мавқеъ ва мақоми аввалиндараҷа дорад.
Вақте ки дар бораи Наврӯз сухан дармеояд, бешубҳа, номи шаҳриёри устуравӣ ва маҳбуби иронитаборон Ҷамшед пеши назар ҷилвагар мешавад. Ҷамшед, воқеан, шоҳ ва шаҳриёри фарзона ва донишмандест, ки мардуми форсу тоҷик дар домани хаёлоту тафаккураш бофта ва офаридааст. Ноҷо нест, ки Наврӯз бо номи ин шаҳриёри устуравӣ ва маҳбуби ақвоми иронӣ амиқ бастагӣ дорад. Ба сухани дигар, Наврӯзро бе Ҷамшед ва мутаносибан Ҷамшедро бидуни Наврӯз тасаввур кардан имконнопазир аст. Акнун бо тақозои мавзӯъ ва матлаб, аз рӯйи имкони эҷодӣ ва фикрӣ нахуст ба кушудани мафҳуми ҳувият, ки дар сарлавҳаи навиштаи мо ифода ёфтааст, мепардозем. Ҳувият калимаи арабӣ буда, дар луғату фарҳангномаҳо ба маъноҳои гуногун омадааст. Масалан, вожаи ҳувият маъноҳои шахсият ва ҳақиқати чиз (нигаред: Малуф Луиз. Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. Теҳрон, 1379. -С. 908), ҳақиқати шайъ ё шахс, ки муштамил бар сифоти ҷавҳарии ӯ бошад, ҳамчунин маънои шахсият, зот, ҳастӣ ва вуҷудро далолат мекунад (таваҷҷуҳ кунед ба: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. Теҳрон: Амири Кабир, 1381.-С. 2513). Вале ҳамаи маъноҳои овардашударо метавон дар як маънои умумикунанда ҷамъбаст кард ва он маънои умумикунанда шахсият аст. Шахсият дар луғат ба маънои зоти ҳар шахс, хулқу хӯйи махсуси ҳар кас, ки ӯро аз дигарон мутамоиз созад, далолат карда, дар маҷмӯъ, маънои шарофат ва бузургвориро дорад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дувум. Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С. 1542). Шахсият ботин ва сиришти инсон аст, ки ҷаҳони андешаи ӯро таъин карда, бинишашро дар робита ба инсон ва олами вуҷуд ифода мекунад. Ба ин тартиб, ҳувият ва шахсият, аз лиҳози маъноӣ ба ҳам тавъам буда, ҷаҳони бинишу дониши инсонро мунъакис месозанд.
Ҷамшед аз зумраи нахустин ва умдатарин шаҳриёри фарҳангу сиёсати иронитаборон аст, ки бо шахсияти вижаи худ ба майдони сиёсату фарҳанги ҷаҳонӣ гом мебардорад ва дар тарозуи ақлу хирад сохтани ҷаҳони навро барои насли инсонӣ шурӯъ мекунад. Ҷамшед, ба қавли муҳаққиқон, нахустин инсон ва аввалин шаҳриёри донишманди ориёист, ки мушкилоти рӯзафзуни зиндагиро дар тарозуи хирад баркашида, дар ҳалли масоили муҳиму мубрам аз ақлу хирад мадад ҷустааст (Ҷамолӣ М. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дуввум. – Ландан: Курмалӣ, 1995. -С. 15-16). Ин шаҳриёри устуравӣ танҳо бо хираду фарҳанг дигаргун кардани ҷомеаи инсониро имконпазир медонист. Ҷамшед ба хотири хушбахт намудани мардум ва аз ҷаҳлу залолат наҷот додани исоният саъю талош мекард. Ин инсони ормонии ориёӣ бо ақлу хирад тасмими сохтани биҳиштро дар замин гирифта, рӯзи ба итмом расонидани ин нияти некаш – сохтмони хулди барин (биҳишти рӯйи замин) - ро Наврӯз меномад (Ҷамолӣ М. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. – Ландан, бидуни соли нашр. -С. 24).
Дар фарҳанги ҷамшедӣ, ки орӣ аз ҷаҳолату залолат аст, меҳр, хирад ва фарҳанг аз меъёрҳои асосӣ дар шинохти инсону ҷаҳон маҳсуб мешаванд ва маҳз меҳрварзӣ ва хирадпарварӣ дар ҷаҳонбинии ҷамшедӣ аслҳои ҳувиятсозанд. Бо такя бар аслҳои мазкур инсон ҷаҳонро фарҳангӣ месозад ва бар ҷаҳлу ҷаҳолат пирӯз мегардад (Ҷамолӣ М. Густохӣ дар гусастан.- Ландан: Курмалӣ, 1996. -С. 49-50). Дар асотири бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шуда (Ниберг С. Динҳои Ирони бостон. – Теҳрон, 1359. -С. 386), ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва бо ҳазораи Ҷамшед оғоз меёбад (Ҷомӣ Муҳаммад Маҳдӣ. Адаби паҳлавонӣ. – Теҳрон, 1379. -С. 18). Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи меҳр, хирад, фарҳанг ва билохира ҳувиятсозӣ аст. Маҳз ҳамин ҳазора дар қаламрави фарҳанги ақвоми иронитабор (мардуми форсу тоҷик) ҳазораи Наврӯз, яъне ҳазораи таҷдиди фикрӣ, навандешӣ, навсозӣ, навофаринӣ ва рӯшангарӣ будааст.
Ҷамшед бо Хуршед, дақиқтараш бо нуру рӯшноӣ иртиботи ногусастанӣ доштааст, то он ҷо ки ӯро «Писари Хуршед» донистаанд (Кристенсен А. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр. Тарҷума ва таҳқиқи А. Тафаззулӣ. – Теҳрон, 1368. -С. 342). Ҷамшед (Писари Хуршед) бо нуру рӯшноӣ, ки аз меҳру хирад сотеъ мешавад, ҷаҳон – заминро мунаввар месозад ва тухми торикию зулматро аз замин барканда мекунад. Муаррихи асримиёнагии форсу тоҷик Ибни Балхӣ Ҷамшедро марди қавипайкар, некӯрӯй ва бузургманиш тасвир намуда, пайвастагии доимиашро бо меҳру офтоб таъкид сохтааст (Ибни Балхӣ. Форснома. – Теҳрон, 1363. -С. 127). Меҳр ба сифати мафҳуми калидӣ дар таърихи фарҳанги ориёӣ мавқеъ ва мақоми арҷманд дорад. Устурашинос ва донишманди варзидаи иронӣ Меҳрдоди Баҳор дар робита бо ин калидвожа (Меҳр) таъкид мекунад, ки меҳр дар давраи куҳани тамаддуни Ҳинду Ирон маънои нигаҳдори паймону дӯстиро далолат карда, мардуми ориёӣ ӯро мазҳари пайванду равобити мутақобили афроди қабила, тоифа, хонадон ва хонавода донистаанд (Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 30).
Дар фарҳанги ҷамшедӣ ҳар кӯшише, ки бо хирадварзӣ робита дошт ва алорағми ҷаҳлу залолат равона шуда буд, ба пирӯзӣ расида, он пирӯзиро Наврӯз мегуфтанд ва ҳамагон бо шодию сурур таҷлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки ҷаҳолат бар хирад ва разолат бар адолат чангол задан мехост, Ҷамшед падид меомад ва торикӣ (ҷаҳолат)-ро бо рӯшноӣ (хирад) рафъ мекард. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки беҳтарин бозгӯкунандаи фарҳанги қадимаи иронитабарон аст, ба устураи Ҷамшед таваҷҷӯҳ намуда, аз тахти бо нерӯи хирад сохтаи он шаҳриёри овозадор чунин ёдоварӣ мекунад:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.
Ки чун хостӣ дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бад-ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Шигифтӣ фурӯ монда аз бахти ӯ…
(таваҷҷуҳ шавад ба: маҷаллаи илмӣ-маърифатии Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон «Паёми андеша», соли аввал, шумораи чаҳорум, марти 1998. -С. 12)
Мардум Ҷамшедро, ки бо нури меҳру хирад партовафшонӣ менамуд, таҳсин карданд ва бо шодмонӣ он рӯзро Наврӯз эълом дошта, ҷашн гирифтанд. Фирдавсӣ ин лаҳзаи муҳимро, ки дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик бо хатҳои зарин навишта шудааст,бо иштиёқи тамом ба тасвир мекашад:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.
(«Паёми андеша», соли аввал, шумораи чаҳорум, марти 1998 . -С. 13)
Дар ҳазораи Ҷамшед, ки Наврӯз бо он даврон тавъам аст, дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аз авроқи зиндагии инсонӣ барканда шуданд ва ин нуктаро дар китоби динии «Минӯи хирад» таври зайл мехонем: «Аз Ҷамшеди хубрамма писари Вивангаҳон ин судҳо буд, ки шашсад сол барои ҳамаи офарандагони Урмузд бемаргӣ фароҳам овард ва ононро орӣ аз дарду пирӣ ва офат кард» (Минӯи хирад. Тарҷумаи Аҳмади Тафаззулӣ. – Теҳрон, 1364. -С. 43). Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо муфтахирона гуфтааст: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг» (Вандидод, ҷилди аввал, фаргардҳои 1-8. Тарҷума ва пажӯҳиши Ҳошим Разӣ. Теҳрон, 1385. -С. 425).
Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирадварзӣ ва меҳрофарии мардуми иронинажод маҳсуб мешавад. Зимистон ва сардӣ дар фарҳанги ориёӣ рамзи торикӣ, ҷаҳолат ва бадбахтӣ буда, тибқи ривоёти бостонӣ, Ҷамшед барои раҳоии мардум аз сардии даҳшатнок диже месозад ва бад-ин тариқа, инсониятро аз бадбахтӣ ва балои аҳриманӣ наҷот медиҳад (Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Ирон. – Теҳрон, 1362. -С. 165-169). Тибқи иттилои устурашиносон, яхбандӣ ва сардӣ то 33 дараҷа расида, зиндагии мардумӣ ҳоли табоҳию вайрониро мегирад (таваҷҷуҳ шавад ба китоби Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан.Теҳрон, 1386. -С.156) ва Ҷамшед бо истифода аз ақлу хирад ва ҳувият мардумро аз ин ҳолати ногувор наҷот мебахшад. Ҷашни Наврӯз, назар ба қавли муҳаққиқон, реша дар поён гирифтани яхбандон ё «зимистони девофарида» (дар фаргарди нахусти «Вандидод» аз мушаххасоти он ёд шудааст) дар даврони Ҷамшед дорад. Бо поён ёфтани яхбандон ва дар ҳақиқат, даврони «варнишинӣ» - и иҷборӣ, ориёиҳо фарҷоми зимистонро ҷашн гирифтанд. Сипас, бар асари дастёбӣ ба дониши ахтаршиносӣ ва натиҷатан, илми гоҳшуморӣ, Наврӯзи ҷамшедӣ дар рӯзи поёни зимистон ва ё оғози баҳор қарор гирифт (Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан.Теҳрон, 1386. -С.161).
Ин шаҳриёри устуравӣ тавонист, ки бо меҳр, хирад ва дод мардумро ба ҳувиятсозӣ мутамоил намояд. Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед ва айёми наврӯзӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд, хонаҳои бошукӯҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ғарқ мешаванд (Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан.Теҳрон, 1386. -С.156). Ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиш ғарқ мешавад, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ ва пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебарорад ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебарад. Фирдавсӣ он давраи пуршукӯҳро таври зайл ба риштаи тасвир кашидааст:
Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор.
Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,
Миён баста девон ба сони раҳӣ.
Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,
Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.
Нахустин бунёдгузори фарҳанг ва ҳукумат Ҷамшед Наврӯзро бо зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум пайванд дода, ҳикмати табақотӣ (синфӣ)-ро таҳия месозад, ки тибқи он ҳар кас, мувофиқи донишу биниш ва ҳунару фаросаташ ба коре ҷалб карда мешавад. Ба ин тарз, дар ҳукумати ҳувиятсози ҷамшедӣ ҳар кас муносиби ақлу заковат ва ҳунару касбияташ сазовори кору амале муфид мешавад.
Ки то ҳар кас андозаи хешро
Бубинад, бидонад каму бешро.
(барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ кунед ба китоби Ҷамолӣ М. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дувум. – Ландан: Курмалӣ, 1995. -С. 16). Шаҳриёри хирадманд, меҳрварз ва додвар ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мекард, зеро ки ин ҷашн, ҷашни тантанаи меҳр, хирад, адолат, озодӣ, накӯӣ ва билохира ҳувиятсозӣ буд. Тибқи маълумоти маъхазҳо, Ҷамшед рӯзҳои моҳро бахш карда, 5 рӯзи нахустро барои бузургон, 5 рӯзи дувумро Наврӯзи подшоҳ қарор дод, ки дар он ҳадяҳо медод ва инъомҳо мегирифт, 5 рӯзи севумро барои коргузорони шоҳ ниҳод, 5 рӯзи чорумро барои вижагони шоҳ гузошт, 5 рӯзи панҷумро барои сипоҳиён ниҳод ва 5 рӯзи шашумро барои раъоё гузошт, ки маҷмӯан, 30 рӯзро ташкил медод ва муддати моҳ Наврӯз таҷлил мешуд (Ҷоҳиз Абӯусмон. Наврӯзи бостонӣ. – Теҳрон, 1384. -С. 14). Ба таъбири дигар, Ҷамшед тӯли як моҳ бо тамоми ақшори ҷомеа Наврӯзро таҷлил мекард. Ҳама табақоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ Наврӯзи фархундаро мутобиқи дастури ҷамшедӣ муддати 5 рӯз ҷашн мегирифтанд.
Ҷамшед рӯзи барбастани раҳи дӯзах, пирӣ, беморӣ, марг ва ранҷу зиёнро Наврӯз номид ва ба шарафи ин иқдоми ҷуръатмандона ҷашни басо дилафрӯз барпо кард, ки тасвираш чунин аст:
Мар он рӯзро ном Наврӯз кард,
Яке ҷашн бас беҳ дилафрӯз кард.
Раҳи дӯзах он рӯз Ҷамшед баст,
Ба шодӣ бар он тахти заррин нишаст.
Набуд маргу пирию ранҷу зиён,
Набуд кинаю кибрашон дар миён.
Ҷамшед аз ҷониби Заҳҳок кушта мешавад ва тӯли ҳазор сол ҷаҳолату беҳувиятӣ дар сарзамини ориёӣ тасаллут пайдо мекунад ва мардумро ба коми даҳшатбори хеш дармекашад. Фаридун, ки аз тухмаи Ҷамшед буд, дар ҳазораи сеюм ба майдон омада, Заҳҳокро нобуд мекунад ва то андозае ҷараёни ҳувиятсозии ҷамшедиро идома медиҳад.
Воқеан, чаро Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат додаанд? Ба ин пурсиш устурашиноси забардасти иронӣ Меҳрдоди Баҳор посухи хеле ҷолиб додааст, ки овардани он аз аҳамияти холӣ нахоҳад буд: «Ҷамшед маҳбубтарин чеҳраи пеш аз ислом аст. Аммо Фаридун ва на ҳеҷ кас дигар аз подшоҳон маҳбубияти Ҷамшедро надоштанд. Хеле чизҳоро ба Ҷамшед нисбат додаанд. Масалан, дар «Вандидод» омада, ки бузург шудани ҷаҳон ба хотири Ҷамшед буд. Ҷамшед ҳатто иддаои худойӣ мекунад… Дар давраи ӯ на марг буд, на пирию на дард. Давраи бисёр зебое буд ва хотираи хуше бар азҳони мардум аз он замон бозмонда буд. Ҳатто чиниҳо ҳам Ҷамшедро ба наҳве ситоиш мекунанд. Чиниҳо ба ӯ Ям мегӯянд ва муҷассамаҳое барояш сохтаанд. Муҷассамаҳои азиме аз Ҷамшед ё Ям дар маъобиди чинӣ ва будоӣ ҳаст. Бинобар ин, Ҷамшед як шахсияти худойӣ, асил ва шигифтовар аст. Шахсияти хеле трожик аст. Хеле моилам достоне дар борааш бинависам»(Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 359-360). Ҳадаф аз овардани ин иқтибоси то андозае тӯлонӣ аз он иборат аст, ки чеҳраи худойгуна, шахсияти асил ва ҳувиятсози Ҷамшед -- ин шаҳриёри маҳбуби ориёиро аз диди як донишманди устурашиноси шинохтаю варзида, ки умри гаронмояашро сарфи пажӯҳишҳои амиқи илмӣ дар робита бо асотири иронитаборон кардааст, бубинед ва худ қазоват намоед.
Асотири асримиёнаи паҳлавӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Ҷамшед на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ донистааст (Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360). Ин амал ва қарорест, ки дар таърихи сиёсату фарҳанги ҷаҳонӣ камназир буда, шаҳриёре, бад-он ҷуръатмандӣ, ҳатто дар қолаби устуравӣ дар баробари Ҷамшед пайдо намудан мушкил аст.
Наврӯз дар мурури асрҳою солҳои мутамодӣ ба сифати як ҷашни худогоҳию ҳувиятсозӣ дар меҳвари зиндагии мардуми форсу тоҷик қарор гирифт. Ба гувоҳии «Шоҳнома» бузургони иронӣ Наврӯзро ба ҳадде муқаддас ва мавриди эҳтиром медонистанд, ки ҳатто ба номи он савганд мехӯрданд:
Ба Яздону номи ту, эй шаҳриёр,
Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррам баҳор.
Душманони мардуми иронитабор доимо ба таври мустақим ва ғайримустақим ба ойинҳои пешинаи миллию мардумӣ, хоссатан Наврӯзу Меҳргон ва Сада мубориза мебурданд. Аз назари бузургон, ба хатар афтодани Наврӯз маънои ба хатар мувоҷеҳ гардидани Иронзаминро дошт. Масалан, вақте ки Баҳроми Чӯбин аз хатари вуруди лашкари Совашоҳи турк сухан дар миён меорад, ба мардум бонги изтироб мезанад:
Кунад бо замин рост оташкада,
На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.
Гар эдун, ки гӯйӣ, ки пирӯз нест,
Аз он пас варо низ Наврӯз нест.
Дар ҷойи дигар Фирдавсӣ аз забони сипаҳсолори ботадбир пирӯзии адувони ирониро пешгӯйӣ карда, ҳушдор медиҳад, ки лашкари душман ҳувияту аслият ва ҷавҳари моро, ки дар батни Наврӯзу Сада нуҳуфтаанд, аз байн мебарад:
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Бесабаб нест, ки Фирдавсӣ эҳтирому арҷгузорӣ ва нигаҳдорию ҳифзи ойину ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро аз мушаххасоти умдаи инсонӣ
ва нишони мардуми нек пиндоштааст:
Нигаҳ дорад ойини ҷашни Сада,
Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.
Воқеан, ҳувият худшавӣ ва худбошӣ аст ва худбошӣ озоду мустақил, фориғ аз банду басти хурофоту таассуби фарҳангӣ ва динию идеологӣ буданро ифода мекунад. Ба ин маъно, агар аз домани асотиру боварҳо бадар оем ва ба ҳақиқату воқеияти зиндагӣ бипайвандем, нек дармеёбем, ки офарандагони асотири наврӯзи ҷамшедӣ бад-он кӯшидаанд, то ҷашнеро ба ҷаҳониён пешкаш созанд, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда бошад ва ҳамагонро, новобаста аз нажоду миллият, мазҳабу диният ва табақоту халқият ба оғуши гарми худ бикашад ва дар гаҳвораи маросимоташ, бидуни ҳеҷ қасду ғараз, самимона навозишу парвариш диҳад. Дар шароити кунунӣ маҳз ҷанбаи ҳувиятсозии Наврӯзи ҷамшедиро, ки асрҳост ҷомеаи форсу тоҷик камбуди онро дар тамоми бурду бохтҳои таърихиаш, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ эҳсос мекунад, бояд ҳамасола дар раванди таҷлили саросарии ин иди фархундаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшем. Ба андешаи мо, сохтани тадриҷии шахсияти вораста аз банду қайдҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бар пояи Наврӯзи ҳувиятсози ҷамшедӣ метавонад ҷавшану сипари мустаҳками фарҳангию идеологие бошад, ки ҷомеаи моро аз тирборони хатарзои раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо дифоъ намояд.
Бознашр аз:
Нозим Нурзода. Наврӯзи ҷамшедӣ – ҷашни ҳувиятсозӣ (дастури таълимӣ-методӣ). –Душанбе: Паёми ошно, 2014. -58 с.