24-08-2026

Нависандаи миллӣ ва масъулияти эҳёи хотираи таърихӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

 

(мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи 115-солагии устод Сотим Улуғзода)

 

Мусаллам аст, ки табдилу таҳаввулоту тараққиёте, ки тайи садаҳои ҳаждаҳу нуздаҳум минҳайси раванди фарогири сиёсию иҷтимоию фикрию маданӣ дар Урупо иттифоқ афтод, ногузир дигар манотиқи дуру наздикро ҳам бетаъсир нагузошт ва тадриҷан фазою муҳити таҳаввулоту таҷаддудгароӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ва пасон соири мамолик мутадовилу марсум гардид. Аз ҷумла, дар Русияи подшоҳӣ ва ба дунболи он дар амирсолории Бухоро ҳам таҷаддуду навгароиҳо доман густурданд ва ҳамин тур, бар мабнои таҳаввулоти урупоӣ, вазъи фикрию иҷтимоию фарҳангӣ як кам тағйир ёфт. Чаро як кам? Чунки фазои амирсолорӣ, ғолибан бар мабнои фасоди сиёсию иҷтимоӣ, сиёсати вопасгароӣ, беадолатӣ, ҷаҳолати саросарӣ, таассубу хурофапароканӣ, разоили ахлоқӣ, эътиқодоти кӯр-кӯронаву бовардоштҳои хушки мазҳабӣ шакл гирифта, дар муҳити Бухорои амирӣ камтарин таҳаввулоту дигаргунии сифатӣ боиси эҷоди шикофу танишу садамот дар системаи давлатдорӣ мегардид ва камтарин тағйире дар низоми сиёсию иҷтимоӣ элитаи давлатӣ ва сардамдорони даврро сахт нигарон месохт.

Элитаи сиёсӣ-давлатӣ, ки дар симои амиру қушбегию девонбегию қозию муфтию раису шаҳнаву миршабу доруғаву амсоли инҳо зуҳур мекарданд, ҳатто аз шунидани ҳарфу маслиҳатҳои мунсифонаи баъзе мушовирини адолатпешаи худ (дар мисоли Аҳмади Дониш) имтиноъ меварзиданд ва шинохти воқеиёти замонро, аслан хуш надоштанд. Бо вуҷуд, вазъ бар асари таҳаввулоти бунёдие, ки аз Урупову Русия ба муҳити амирсолорӣ мунтақил мегардид, ногузир тағйир ёфта, нишонаҳои ин навъ тағйирот дар охири садаи нуздаҳум ва ибтидои асри бистум буруз карда, шароити мусоидро барои таҳаввулоту тараққиёти баъдӣ фароҳам оварданд.  Нишонаҳои тағйиру таҳаввулот, албатта, дар ибтидо аз тариқи пахшу нашри ҷароид, муносиботи тиҷоратӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва диду боздидҳои фарҳангию маданӣ сурат гирифт ва дар саргаҳи таҳаввулоту тағйирот адибон, шоирону нависандагон, сайёҳон, гардишгарон ва тоҷирон қарор доштанд. Дар зимн, ин тоифаи пешрав ва ба истилоҳ, авангарди иҷтимоӣ аз тариқи риск-таваккал дар бедории фикрию мадании ҷомеаи амирсолорӣ саҳми асосӣ гирифта, ба сабаби таҷаддудхоҳии худ товонҳои сахт ҳам пас дод. Лашкари бузурги вопасгарои амирсолорӣ алайҳи тоифаи таҷаддудгаро, ки миқдоран ангуштшумор буданд, сахт шӯриданд ва аз тариқи роҳандозӣ кардани барномаҳои иғвою шиканҷаву иръобу тарсу ҳарос ба муҷозоту тавҳину таҳқири қишри пешрави иҷтимоӣ “иқдом” намуданд. Аммо, қатъи назар аз барномарезиҳои зиддитаҷаддудии лашкари амирӣ, ки тариқи парокандану иғвою дасисаю иръобу тарсу ҳарос амалӣ мегардиданд, тоифаи таҷаддудхоҳ, ки ба қавли устод Айнӣ, дар қолиби қишрии “мунавварфикр” таҳаққуқ меёфтанд, аз барномаи маърифатии худ – огоҳу босавод кардани ҷомеа даст накашид ва бад-ин минвол, танвири фикрӣ ва огоҳиҳои иҷтимоию маданӣ дар муҳитҳои танги Бухорои амирӣ ворид гардида, роҳро барои тағйироту таҳаввулоти сиёсӣ ва саранҷом аз байн бурдани низоми амирӣ дар қаламрави амирсолорӣ ҳамвор сохт.  

Ба ин тартиб, низоми пӯсидаи Бухорои амирӣ 2 сентябри соли 1920 аз ҳам пошид ва фазо комилан тағйир ёфта, системаи сотсиалистӣ бо мафкураи коммунистӣ ҷойгузини сохтори фосиди амирсолорӣ гардид. Бо он ки баъзе муҳаққиқини муосири ватанӣ низоми сотсиалистӣ ва мафкураи коммунистиро зиёд интиқод мекунанд (мутаассифона, аксаран интиқодот яктарафа буда, дар бисёр маворид мантиқ ва ҳақиқати таърихиро сарфи назар менамоянд), он боиси соҳиби марзу ҳудуди муайяну мушаххас шудани миллияти тоҷик бо унвони “Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон” гардид. Давлати миллие, ки имрӯз дар ихтиёр дорем ва аз вуҷуди он ифтихор мекунем, усулан ва табъан самараи ҳамон Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби болшевикон бунёд ёфта буд. Дуруст аст, ки низоми давлатдории шуравӣ ва мафкураи коммунистӣ айбу навоқиси зиёде дошт, аммо ҳангоми баррасию арзёбиҳои илмӣ-таҳқиқӣ набояд аз марзи инсофу мантиқ убур кард ва танаффуру бадбиниҳои инфиродиро қурбони ҳақиқати таърихӣ намуд.

Ин ҳам мусаллам аст, ки устодони бузурге мисли Айнӣ, Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Аминҷон Шукуҳӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва дигарон, ки боиси ифтихори миллатанд, маҳсули усули тарбиятии мактаби шуравианд ва дар фазои мафкураи шуравӣ ба эҳёи хотираи таърихӣ, ҳифзу ҳимояти арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи мероси гаронмояи аҷдодӣ пардохтанд. Албатта, он чи ки дар замони шуравӣ, бахусус, аз солҳои шастум ба баъд дар адабиёти шуроии тоҷик, ба лиҳози мавзуию муҳтавоӣ (манзур пахшу нашри мавзуоти миллӣ-ҳувиятӣ аз тариқи адабиёти бадеӣ) сурат баст, ибтидои кор маҳсуб мешуд. Чаро ки дар он замон ҳанӯз мавзуъ ва масоили миллӣ дар таносуб бо хотираи таърихию худогоҳию худшиносии тоҷикӣ дуруст шакл нагирифта ва дар як қолиби муносибу систематики адабию илмию ҳунарӣ надаромада буданд. Бо вуҷуд, адибону шоирону нависандагони номдори замони шуравӣ масъулияти миллӣ-шаҳрвандии худро дуруст дарк карда,  барои анҷом додани рисолати таърихӣ камари ҳиммат барбастанд.

Яке аз парвардагони номвари муҳити тарбиятии замони шуравӣ, ки шогирди мактаби нависандагии устод Айнӣ буда, дар таърихи адабу фарҳанги муосири миллӣ мақому ҷойгоҳи сазовор дорад, устод Сотим Улуғзода мебошад. Чун дар арафаи 115-солагии устод Сотим Улуғзода қарор дорем, дар ҳошияи шахсият, дидгоҳ, мавқеъгирӣ ва мероси арзишманди адиби миллӣ, ки метавон ӯро ба унвони эҳёгари хотираи таърихӣ дар замону шароити нави таърихӣ шинохту муаррифӣ кард,  чанд нуктаро ба сифати натиҷагирию хулосабандиҳои инфиродӣ хидмати хонандагон арз медорем.

Якум. Устод Улуғзода бо ибтикороту навгониҳои эҷодӣ, салиқаи баланди нависандагӣ, дидгоҳи вежаи миллӣ, мавқеъгирии давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати баланди иҷтимоию адабӣ дар таърихи адабу фарҳанги миллию фаромиллӣ мақоми сазовор дорад. Ӯ аз мактаби нависандагӣ ва илмию адабии устод Айнӣ сабақ гирифта, минбаъд дар радифи пайравони содиқи устод Айнӣ ва меросбарони муваффақи адабиёту фарҳанги миллӣ қарор мегирад.

 Дувум. Устод Улуғзода дар муҳите ба воя расидааст, ки суннату анъаноти неки ниёкон дар хотираи мардуми маҳаллӣ ҳифз шуда, ҳанӯз аз байн нарафта буданд ва миёни афроди саршиноси маҳаллӣ авлавият доштанд. Падару модари устод Улуғзода, агарчи ба деҳқонию барзгарӣ иштиғол меварзиданд, дар тарбияи ахлоқӣ, фикрӣ, маърифатӣ, ҳувиятӣ ва мадании ӯ таъсиргузор будаанд. Махсусан, модараш, ки машқи шеър мекард, аз тариқи ашъори дилписанди бузургони адабиёти классикӣ ва нақли афсонаҳои ширини тоҷикӣ Улуғзодаи хурдсолро бо намунаҳои ҷолибу рангини адабиёти классикию халқӣ ошно месохт ва шуълаи адабу фарҳанги миллиро дар дили фарзандаш бармефурӯхт. Бар илова, дар қиссаи “Субҳи ҷавонии мо” (1954) Улуғзода аз муҳиту фазои деҳотӣ, ки дар ташаккулу рушди шахсияти нависанда нақш доштаанд, ёдоварӣ мекунад. Дар воқеъ, садоқати мардуми маҳаллӣ, содагию отифати деҳотӣ, урфу одатҳои музофотӣ, покизагию шаффофияти ахлоқӣ ва соири вежагиҳои ҷомеаи маҳаллӣ, ки дар шаклгирии зеҳну шууру тафаккури мардуми маҳаллӣ нақши асосӣ доранд, ба Улуғзодаи наврас бетаъсир набудаанд. Дар баробари ин, Улуғзода аз овони хурдсолӣ хурофазадагию бемаърифатӣ, ноогоҳию бесаводӣ, таассубу хушкандешӣ, беадолатию ноҷавонмардӣ, такаббуру худшефтагӣ, дунҳимматию пастфитратӣ ва худбохтагию беҳувиятӣ барин падидаҳои номатлуби ахлоқиро ба мушоҳида мегирад ва бо ақли ҳанӯз инкишофнаёфтааш баррасӣ мекунад.

 Севум. Вуруд ба мактаби усули нави Чуст, таҳсилу кор дар Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкант ва ошноӣ бо муҳити илмию адабию фарҳангии минтақа (1925-1932) марҳилаи баъдии рушди шахсияти Улуғзода аст. Дар ин марҳила Улуғзода ба фазои нави тадрисӣ-таҳсилотӣ, дидгоҳҳои илмӣ, мавқеъгирии сиёсӣ-идеологӣ ворид мегардад ва он чи ки аз муҳити деҳотӣ – аз падару модар ва солмандони музофотӣ шунидаву омӯхта буд, дар ин макони таълимӣ-маърифатӣ қиёсу ташхис мекунад ва ба мартабаи баландтари фикрӣ мерасад. Мавсуф дар имтидоди таҳсилу кор дар Тошкант бо исми бузургтарину номдортарин чеҳраҳои адабию илмии миллӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Ҷомӣ, Мушфиқӣ ва дигарон ошно мегардад ва дар айни замон, аз мулоқоти симоҳои матраҳи адабу фарҳанги муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад бархурдор мешавад. Дар зимн, тариқи маслиҳату мушовираҳои шарқшиноси маъруфи рус М. С. Андреев ба омӯзиши адабиёти классикии тоҷику форс пардохта, салиқаи омӯзишӣ, завқи бадеӣ-эстетикӣ, диди илмию адабӣ ва сатҳи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии хешро боло мебарад. Насиҳати шарқшинос ва олими тавонои рус М.С. Андреев бар ин мазмун, ки “миллати худро шинос” то охири умр дар гӯши хотираи ӯ садо дода,  нависандаро ба масири омӯзишу таҳқиқу муаррифию таблиғи шоистаю боистаи мероси илмию адабию таърихию мадании миллат мекашонад. Ҷозибаи сухани пурмеҳри волидайн, аз як тараф ва ҷазбаи панду насиҳати М.С. Андреев мабнӣ бар ин ки “миллати худро шинос” минбаъд рисолати нависандагӣ ва масъулияти миллии Улуғзодаро таъйин мекунанд ва бад-ин минвол сарнавишти баъдии нависанда бо қисмати миллат гиреҳ мехӯрад ва таҳаққуқ меёбад.

 Чаҳорум. Устод Улуғзода аз соли 1930 ба Тоҷикистон меояд ва сарнавишти минбаъдааш бо ин кишвар тавъам аст. Устод аз тариқи  рӯзномагорӣ ба адабиёт ва илм мепайвандад ва тавассути кору фаъолият дар ниҳодҳои бонуфузи интишоротии замони шуравӣ ва пахшу нашри мақолоту мутолиботи оммавие, ки дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони сурх” (ҳозира “Ҷумҳурият”) ва Маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (имрӯза Нашрияи миллии “Садои Шарқ”) ба табъ мерасонд, миёни доираҳои рӯзноманигорӣ, адабӣ ва ҳизбӣ маъруф мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои 1934-1937 устод Улуғзода  вазифаи котиби масъули раёсати  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, дар омода кардани кадрҳои миллӣ аз ҳисоби ҷавонони қаламкаши ватанӣ саҳми бевосита мегирад. Аз ин гузашта, бо таваҷҷуҳ ба салиқаи илмӣ-пажуҳишӣ, устод Улуғзода соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Маскав шомил  шуда, ба фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ мепардозад. Бо оғоз ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Улуғзода ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ пайваста, то соли 1944 ба сифати рӯзноманигори ҳарбӣ-низомӣ фаъолият карда, дар рӯзномае, ки ба сангар-фронти Ғарбӣ тааллуқ дошт, матолиби тарғибӣ-ташвиқӣ ва маводи сиёсӣ-мафкуравӣ пахшу нашр менамояд. Нависанда соли 1944 аз артиш ба ақибгоҳ даъват шуда, то соли 1946 вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро иҷро менамояд.  Талошҳои шахсӣ,  омӯзиши пайвастаи адабиёти адабию илмӣ, завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ, салиқаи илмӣ-пажуҳишӣ, кандуковҳои тахассусӣ, ибтикороти фардӣ ва сахткӯшиҳои мудавоми эҷодӣ минҳайси вежагиҳои ҳайсиятӣ Улуғзодаро аз як фарди маъмули эҷодӣ то ба сатҳи шахсияти таъсиргузори миллию минтақавӣ табдил медиҳанд.

Панҷум. Устод забони русиро, ки он замон қудратмандтарин забони кишвари шуроҳо маҳсуб мешуд, дар сатҳи академӣ медонист. Аз тариқи ин забон устод Улуғзода китобу асарҳои хуби хориҷиро ба забони миллӣ-тоҷикӣ тарҷума намуда, аз ин ҳисоб сатҳи ҷаҳоншиносии моро боло бурда, барнома-репертуарҳои театрҳои ватаниро ғанӣ гардонидааст. Ба ин маънӣ, устод осори Л. В. Войнич “Ғурмагас” (1931, 1981), Н. Ф. Погодин “Одами милтиқдор” (1940), К. Голдони “Хизматгори ду хоҷа” (1944), А. Н. Островский “Гунаҳкорони бегуноҳ” (1945), М. Горкий “Модар” (1953), В. Шекспир “Ҳамлет” (1970), Ж. Б. Молйер “Табиби зӯракӣ” (1972), М. Сервантес “Дон Кихот”, Шарл де Костер “Тил Уленшпигел” (1975)-ро тарҷума ва ба табъ расонидааст. Бисёре аз тарҷумаҳои устод Улуғзода дар театрҳои ҳирфаӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Бахусус, драмаи устод Улуғзода “Аллома Адҳам ва дигарон” аз ҷумлаи драмаҳои маъруфи давр буда, солҳои сол барнома-репертуари Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутиро зеб додааст. Ҳамчунин, дар таълифу таҳияи филмномаҳо  устод Улуғзода маҳорати баланд дошт. Филмномаҳои маъруфи “Ҷавонии Ибни Сино” (1956) ва “Қисмати шоир” (“Тоҷикфилм”, 1957) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Махсусан, филмномаи “Қисмати шоир” дар Фестивал-озмуни филмҳои Осиёву Африқо (1960) ба дарёфти Ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” сазовор гардидааст. 

          Шашум. Тавре ки дар боло тазаккур додем, устод Улуғзода бо тавону қудрати илмию эҷодӣ кӯшидааст, ки хотираи таърихии миллатро дар шароити нави таърихӣ эҳё намуда, раванди худогоҳию худшиносии миллиро таҳкиму тақвият бахшад. Устод аз равандҳои иҷтимоию сиёсии замонӣ ва ҳассосиёти маконӣ хуб огоҳ буд ва бо такя ба донишу бинишу таҷриба талош меварзид, ки ҳофизаи ҷамъӣ ва ба истилоҳ, хотираи таърихии тоҷикро, ки бар асари таҳоҷумоти густурдаи сиёсию мафкуравию низомии аҷнабиён тули таърихи мутамодӣ сусту заиф ва ҳошиявӣ шуда буд, аз нав эҳёву барқарор намуда, миллатро ба марҳилаи нави рушду тараққӣ расонад.

       Дар воқеъ, хотираи таърихӣ (historical memory) ва ба истилоҳ, ҳофизаи ҷамъӣ (collective memory) таҷаллии гузаштаи муштаракест, ки гурӯҳи иҷтимоӣ ё ҷамоатеро ба гунае ба ҳам пайванд медиҳад. Ба сухани дигар, хотираи таърихӣ паҳнои густурдаеро дар бар мегирад, ки шомили рӯйдодҳои таърихии бостонию дерпо ва гузарост. Хотираи таърихӣ ё ҳофизаи ҷамъӣ бо мафҳумҳои калидии “худогоҳӣ”, “худшиносӣ” ва “ҳувияти миллӣ” пайванд аст. Худогоҳӣ тавоноии дарки афкор, эҳсосот, ангезаҳо, аъмол, ниёзҳо ва таҷрибиёти худ, ҳамчунин арзёбии интиқодии рафтори худ аст. Яке аз қисмҳои таркибии муҳимми худогоҳӣ худбаҳодиҳӣ ва эътимод ба худ аст, ки имкон медиҳад худбаҳодиҳии солим ва эътимод ба нафс шакл бигирад. Худшиносӣ бошад, раванди нотакрору бардавоми омӯзиши инсон аз худии худ, вежагиҳои равонию ҷисмӣ, сифатҳо, марому мақсадҳо, эҳсосот ва рафтору кирдори худ аст. Худшиносӣ, дар маҷмуъ, огоҳию шинохти худ ҳамчун шахсият, мушаххас кардани тарафҳои заъфу қувватмандии худ, муайян кардани иқтидору ҷойгоҳи инфиродӣ дар ҷаҳон мебошад ва он имкону шароити дарк, ҳадаф гузоштан, рушд додани шахсиятро фароҳам меоварад. Ҳувияти миллӣ бошад, эҳсоси тааллуқи фард ба як давлат ва як миллат аст. Он як ҳисси муштаракест, ки мардум аз тариқи ваҳдати куллӣ ба он дараҷаи дарк мерасанд, ки намуди худро дар суннатҳо, фарҳанг ва забони сиёсат дарёфтаву ба намоиш мегузоранд.

      Ҳафтум.  Устод Улуғзода дуруст дарк карда буд, ки эҳёву барқарор кардани хотираи таърихии миллат танҳо аз тариқи василаву приёмҳои гуногуни сиёсӣ-мафкуравӣ, илмӣ-пажуҳишӣ ва адабӣ-ҳунарӣ дар мисоли таблиғу ташвиқу муаррифии мероси гаронмояи аҷдодӣ имконпазир мегардад. Ба ин мақсад, солҳои шастуми асри гузашта фикри таълифи романи таърихиеро бо номи “Восеъ” дар сар мепарварад ва барои амалӣ намуди он ба минтақаи Кулоб сафар карда, тайи як сол аз амокини мавриди назар дидан намуда, бо пирону солмандони Дараи Мухтор ва навоҳии гирду атрофи он суҳбатҳо анҷом дода, ҳосили диду боздид ва вохурию мулоқоташро дар дафтари хотирот сабт сохтааст. Дар ин сафари эҷодӣ устод Улуғзодаро яке аз донишҷӯёни варзидаи вақти Донишкадаи омӯзгории Кулоб Шукруллоҳи Файзӣ (мутаваллиди соли 1944, яке аз омӯзгорони варзидаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон) ҳамроҳӣ кардааст. Тибқи нақли Шукруллоҳи Файзӣ, устод Улуғзода барои ҷамъоварии маводи зарурӣ ҷиҳати таълифи романи “Восеъ” ба минтақаи Кулоб сафари эҷодӣ анҷом медиҳад ва бо тавсияи устодони Донишкадаи педагогии Кулоб Шукруллоҳи ҷавон, ки аз ҷумлаи донишҷӯёни баҷуръату масъулиятшиносу донишманд маҳсуб мешуд, ҳамсафари Улуғзода интихоб мешавад ва устодро дар ҷустуҷӯҳои илмию эҷодӣ кумак менамояд. Муддати чанд моҳ Шукруллоҳи ҷавон устод Улуғзодаро дар ковишу ҷустуҷӯҳо кумак карда, маводи заруриро пайдо менамояд ва дар хидмати нависандаи маъруфи миллӣ вомегузорад. Аз ҳамсафарӣ ва муколимаи самимию ихтисосӣ бо устод Улуғзода Шукруллоҳи ҷавон  як ҷаҳон тасаввуроту донишу маърифат пайдо менамояд ва таҷрибаи илмию эҷодиашро тавсеа мебахшад. Аснои ҳамсафарӣ Шукруллоҳи ҷавон аз маҳорати нависандагӣ, сабки вежаи эҷодӣ, салиқаи таҳқиқу ҷустуҷӯҳои адабӣ, шеваи бозшиносии ҳаёту эҷодиёти мардумӣ, тарзи вожагузинӣ, фазилати суханшиносӣ, дидгоҳи бадеию эстетикӣ, мавқеъгирии миллӣ, дониши илмию ихтисосӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафии устод Улуғзода баҳраманд мегардад ва самараи ҳамкорию ҳамсафарӣ бо ин фарзонаи миллат дар зиндагии минбаъдаи ҳирфавию эҷодию омӯзгории Шукруллоҳи Файзӣ таҳаввулоти сифатиро ба вуҷуд меоварад.

Ҳамин тариқ, романи “Восеъ” (1967) ҳосили кандуковҳои эҷодию илмию таҳқиқии устод Улуғзода аст, ки тавассути он на танҳо ҳаводиси таърихи гузаштаи моро ба тасвир мекашад, балки равандҳои сиёсии минтақавиро дар бастагӣ бо шуури сиёсию миллии мардуми тоҷик мавриди арзёбӣ қарор медиҳад. Қаҳрамонони романи “Восеъ”, бо он ки шуури сиёсию миллиашон ташаккул наёфтааст, бар мабнои отифати маҳаллӣ, садоқату ҳимматбаландӣ, шарофату ҷавонмардӣ ва ҷуръату ҷасорати иҷтимоӣ, алайҳи зулму истибдоди амирӣ бармехезанд ва даъвии адолат мекунанд.

 Ҳаштум. Устод дар имтидоди солҳои ҳафтодуми садаи бист, бо он ки дар шароити сахти равонӣ (фирори писараш Азиз ва мавриди фишори сиёсӣ-мафкуравӣ ва таъқиби ҳизбӣ қарор гирифтани нависанда) ва азияти фикрӣ қарор дошт, худро набохта, дасту оринҷ барзада, ба тақвияти хотираи таърихӣ ва таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ аз тариқи пахшу нашру муаррифии шоистаи мероси гаронарзиши ниёкон пардохт. Дар саргаҳи ҳадафгирию тасмимбандиҳои устод Улуғзода китоби безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қарор дошт. Ба ин манзур, устод сараввал тасмим гирифт, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсиро, ки тавонмандии забонӣ, миллӣ, ҳувиятӣ, сиёсӣ, давлатмадорӣ ва фарҳангиамонро тайи таърих ба намоиш мегузорад, ба забони наср баргардонад ва пешкаши ҷомеаи миллӣ-ватанӣ намояд. Бо ин мақсад, дар заминаи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ китоби дуҷилдаи мансури “Достонҳои Шоҳнома” (1976-1977)-ро таълиф кард, ки ҳаводорони зиёде пайдо намуда, маҳбуби пиру барнои кишвар гардида, то имрӯз ба унвони беҳтарин шоҳкори насрӣ дар заминаи муаррифию таблиғи осори аҷдодӣ ба ҳисоб меравад.

 Нуҳум. Ба дунболи китоби дуҷилдаи мансури “Достонҳои Шоҳнома”, Улуғзода бар асоси ҳадафгирӣ-ориентатсияи миллӣ, қиссаи “Ривояти суғдӣ” (1975)-ро таълиф мекунад ва хотираи таърихиро дар қолиби  худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мунсаҷим месозад. Нависанда  барои таълифи қиссаи “Ривояти суғдӣ” ҳадди ақал зиёда аз даҳ сарчашмаи адабию илмию таърихиро бо шумули асарҳои Табарӣ, Ал- Балозурӣ, Ибни Аъсами Куфӣ, Муҳаммади Наршахӣ, Ал-Истахрӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон истифода кардааст. Ин аст, ки қиссаи “Ривояти суғдӣ” бар пояи манобеи дасти аввали таърихӣ таълиф гардида, арзиши баланди адабию таърихӣ дорад. Дигар ин ки қиссаи “Ривояти суғдӣ” дар доираи композитсияи адабӣ, сужаи мушаххаси бадеӣ ва тасвири ҳаводиси таърихӣ манзараи барқарории ҳофизаи ҷамъӣ, шуури сиёсӣ, тафаккури қавмӣ ва дидгоҳи миллии моро ба намоиш мегузорад. Тавонмандии сиёсӣ, ҷуръати иҷтимоӣ, ҷасорату мардонагӣ ва ғуруру ифтихороти миллӣ дар қисса ба унвони паёмҳои меҳварӣ гӯшзад мешаванд.

Даҳум. Дар замони бозсозӣ устод Улуғзода  паҳнаи тасаввуроту тафаккуроту тахайюлоташро дар заминаи барқарории хотираи таърихӣ, асолати забонӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ густурда карда, романи овозадори “Фирдавсӣ” (1988)-ро менависад. Авҷ-кулминатсияи эҷодиёти устод Улуғзода дар заминаи бозсозии забону шуури миллӣ, тақвияти ҳофизаи ҷамъӣ ва таҳкими ҳувияти тоҷикӣ, воқеан, романи “Фирдавсӣ” аст. Романи мазкур соли 1996 дар Озмуни байналмилалии “Китоби сол” ба дарёфти Ҷоизаи аввали Раисҷумҳури Исломии Эрон мушарраф гардидааст. Романи “Фирдавсӣ”, ба лиҳози адабӣ-ихтисосӣ: ориентатсия-ҳадафгирии дурустҳисобии мантиқӣ; интихоби мавзуи ҷолиби миллӣ; ангеза-мотиви дархури замонӣ; сужасозӣ; композитсияи бадеӣ; воқеанигорӣ; муколимот-диалог ва монологгузориҳои вежаи замонӣ; бандубасти таърихӣ; вожагузинӣ ва конфликтороӣ дар сатҳи баланди эҷодист. Аз ҳама муҳим, устод Улуғзода қаҳрамони асосӣ – Ҳаким Фирдавсиро бо тамомии ғурури ифтихороти қавмию миллию инсонӣ ба намоиш мегузорад.

Устод Улуғзода дар романи “Фирдавсӣ” бархурди ду навъи бинишу андешаву мавқеъ – яке, дидгоҳ, андеша ва мавқеи миллӣ-ориёӣ дар симои намояндаи аршади миллияти форсии тоҷикӣ – Ҳаким Фирдавсӣ ва дигаре, дидгоҳ, андеша ва мавқеи ғайримиллӣ-аҷнабӣ дар мисоли Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва дору дастаи хурофазадагону мутаассибони маҳаллиро, ки дар хидмати мафкураи бегона қарор доштанд, ба риштаи тасвир бармекашад ва асолат, сарбаландӣ, сарафрозӣ, ифтихор ва ғурури миллиро дар баробари зӯргӯйиҳою истибдоди мафкураи аҷнабӣ пирӯз воменамоёнад.

Ёздаҳум. Устод Улуғзода аз тариқи романи “Фирдавсӣ” ва соири осори ватанпарастонаи худ, ба мо, аз як сӯ, дарси меҳанпарастию ҳувиятмадорӣ ва аз сӯйи дигар, паёми хирадсолорию давлатмеҳварӣ медиҳад. Нависандаи миллӣ дуруст дарк карда буд, ки тоҷик ва миллияти тоҷикӣ дар дарозои таърихӣ, бар асари таҳоҷумоти мудавоми аҷнабӣ, содагию хушбоварӣ, бепарвоию саҳлангорӣ, бетарафию фориғболӣ ва хирадгурезию ноогоҳӣ ҳофизаи ҷамъию хотираи таърихиашро фаромӯш карда, ба бунбасти фикрию маънавӣ мувоҷеҳ гардидааст. Нависанда худро муваззаф месозад, ки дар доираи асарҳои адабию бадеию илмӣ сари мушкилоти ҳувиятӣ, уқдаҳои фикрӣ ва буҳронҳои маънавӣ тамаркуз карда, миллатро ба сӯйи огоҳӣ, бедории фикрӣ, барқарории хотираи таърихӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, тақвияти худогоҳию худшиносӣ ва дар ниҳоят, сохтмону нигаҳдошти давлатдории миллӣ савқ диҳад.

Дувоздаҳум. Дар ҳақиқат, устод Улуғзода масъулияти нависандагӣ ва рисолати миллиашро дар назди халқу миллат анҷом дод. Акнун навбати мост, ки тавассути осори ӯ худро дуруст бишносем, иштибоҳоту нуқсоноти худро ташхис бидиҳем, мушкилоти ҳувиятию фикриамонро бозбинию баррасӣ намоем ва дар партави барномарезиҳои дурустҳисобии соҳавӣ ба пеш – ба сӯйи фатҳи қуллаҳои мурод ҳадафмандонаву пайгирона ҳаракат кунем.

 

                 Нозим Нурзода

                 мудири Шуъбаи ташаккули ҳувияти миллӣ

ва оммависозии илми

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

фарҳангшинос

28 июли соли 2026, сешанбе, соати 17:01

 

Бознашр аз Ҳафтаномаи "Минбари халқ", №31(1584) аз 12.08.2026