11-06-2026
ПАЁМИ УМЕДОФАРИН ВА ЗАРУРАТИ БОЗШИНОСИИ ОЙИНИ НАВРӮЗӢ
Муаллиф: Башир Азизӣ
Наврӯз аз он ойинномаҳоест, ки ифтихори зоиши тамаддунро дар оғуш нуҳуфта дорад. Арзишҳои тамаддунофарини Наврӯз на танҳо ёдгори мардумони ҳавзаи фарҳангии хос аст, балки мероси тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки акнун шиносномаи байналмилалӣ низ дорад. Наврӯз дорои торихи пур аз фарозу фурӯд аст, ки аз он на дар ҳама ҷо ва ҳамеша ба гунаи яксон истиқбол гардидааст.