01-04-2025

Фарҳанги миллӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage
Дар мақола муаллиф бар он таъкид мекунад, ки дар таърихи инсонӣ ҳамеша дар муқобили фарҳангу доноӣ ҷаҳолату бефарҳангӣ қарор дошта, қудратмандону гурӯҳҳои манфиатхоҳ барои рахна эҷод кардан дар фазои фарҳангӣ ва аз ин тариқ ба ниёзҳои сиёсию иқтисодии худ даст ёфтан нақшаҳои шум кашида, ноамнию бесуботиро дар манотиқи мухталифи сайёра ба вуҷуд овардаю меоваранд. Муҳимтар аз ҳама, ҷаҳони имрӯз низ дар рӯёрӯйӣ бо барномасозиҳою нақшабандиҳо ба хотири касби қудрат ва контроли давлатҳо қарор дорад ва аз ин вазъ ҷойи гурез нест. Ба ин мазмун, талош барои тавсеаи қудрат ва ташаннуҷи бесуботию нооромӣ танишҳоро дар миёни ҷомеаҳо ба вуҷуд оварда, неру ва тавоноиҳои фарҳангии башарро тадриҷан заиф сохтааст. Дар натиҷаи ҷангу даргириҳо бархурди фарҳангҳо сурат мегирифт ва имрӯз низ ин раванд бо шеваҳои ҷадид идома дорад. Як қатор ҷомеаҳо мавриди таҳмили ақидатию фикрӣ ва маданӣ қарор гирифта, бар асари таҳоҷуми сиёсию мафкуравӣ ба ҷомеаҳои ҳошиявӣ ва беҳувият табдил ёфта, бозичаи дасти гурӯҳҳои манфиатхоҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мешаванд. Дар натиҷа, ба қавли Франс Фанон, «зулми фарҳангӣ» манотиқи дар даргирӣ қарордоштаро фаро мегирад. Ба ин тартиб, инсони огоҳу ҳушманд ҳамеша барои огоҳӣ бахшидани навъи башар кӯшиш кардааст ва ин навъ инсонро «фарҳангӣ» унвон додаанд, ки ин унвони ифтихории иҷтимоӣ то имрӯз дар миёни ҷомеа аз маҳбубияти вижа бархӯрдор аст. Фарҳангиён бо роҳандозӣ кардани барномаҳои фикрию маданӣ ҳувият ва натиҷатан, фарҳанг дуруст карда, муносибатҳои инсониро бар мабнои фарҳанг устувор намуда, як ҷомеаи низомманд месозанд. Ҷомеаи низомманд ҷомеаи озоду созанда буда, тафоҳуму ҳамзистии фарҳангиро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, ҷомеаи низомманд фарҳанги миллиро аз қайдубандҳои гуногуни ахлоқӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ эмин медорад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои инсонӣ ва давлатсозии миллӣ ҳамвор месозад. Ин масъалаи муҳимест, ки дар шароити феълии давлатсозии миллӣ корсоз мебошад.

Боргирӣ: pdf