23-07-2026

Давлат-миллатҳо: зарурати пайдоиш ва аҳамияти онҳо дар рушди ҷомеаҳои муосир

Муаллиф: Меҳр Собириён

mainImage
Рушду пешрафти ҷомеа ва саодату хушбахтии мардум аз давлати қавиву муваффақ вобаста мебошад. Дар ҷаҳони пур аз рақобату бархурдҳо маҳз давлати қавӣ аст, ки манфиатҳои мардуми худро ба дурустӣ шинохта, онҳоро ҳифзу ҳимоя менамояд. Дар як давлати заиф на амнияти устувор таъмин аст ва на рушди иқтисодии дарозмуддат. Аз ин ҷост, ки миллатҳои ба худшиносӣ расида, давлати худро дар баробари дигар кишварҳо қавӣ месозанд ва дар якҷоягӣ манфиатҳои фардиву миллиро ҳимоя мекунанд. Шакли давлатдории барои худ хосро интихоб намуда, қудрати воқеиро ба дасти мардуми худшинос месупоранд. Ба ибораи дигар, машруиятбахшии ҳукуматро ба мардум вогузор мекунанд, чунки демократияи воқеӣ ва рушди иқтисоду соҳибкории рақобатпазир танҳо дар шароити ҳукмронии мардум имконпазир мебошад.

Боргирӣ: pdf