07-04-2025

«Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва баъзе масъалаҳои ахлоқи асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage
Дар мақола, ба таври иҷмолӣ, мафҳуми ахлоқ ва масоили ахлоқӣ дар маҳдудаи ахлоқи асримиёнагии форсии тоҷикӣ баррасӣ гардида, дар доираи он назароти ахлоқии мутафаккири миллӣ Абдураҳмони Ҷомӣ манзур мегардад. Баъдан, муаллиф бо такя ба андешаи файласуфи муосири урупоӣ Карл Ясперс, таъкид менамояд, ки ахлоқ фалсафаи амалист ва дар асоси ин амалия муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа танзим мегарданд. Абдураҳмони Ҷомӣ назароти ахлоқии худро равшану дақиқ дар рисолаи хурдаш «Баҳористон» баён месозад. Мутафаккир дар рисолаи мазкур ба тартиби адабӣ-бадеӣ муносибатҳои ахлоқиро дар фазои асримиёнагӣ инъикос месозад. Илова бар ин, Ҷомӣ дар ҳашт боб тавассути ҳикоёти кӯтоҳ, масалу тамсилҳо, афсонаву шеърҳо рафтори хуби гузаштагон ва шайху сӯфиёни исломиро нишон медиҳад. Рафтори ибратбахши мутафаккирони бузург, ҳокимону шоҳони тоисломӣ ва исломӣ дар рисолаи «Баҳористон»-и Ҷомӣ равшану возеҳ тасвир шудааст, ки ин навъи кирдору рафтор, дар маҷмӯъ, ахлоқи асримиёнагии форсу тоҷикро шакл медиҳанд. Ба таври куллӣ, дар осори худ, аз ҷумла дар «Баҳористон» Абдураҳмон Ҷомӣ масоил ва мушкилоти ахлоқи асримиёнагии форсии тоҷикиро ҷамъбаст кардааст.

Боргирӣ: pdf