14-04-2025

Симои равшанфикрони миллӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage
Дар мақола бар он таъкид мешавад, ки «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ (1948-1954) асари ҷамъбастии нависанда буда, таҷрибаи ҳафтодсолаи устодро дар бар гирифтааст. Доираи мутолиот, диду мушоҳидот ва донишу таҷрибот кифоят кард, ки устод Айнӣ дар таърихи адабу фарҳанги муосири тоҷикӣ дар қолаби ёддошт асаре камназир ба мерос гузорад (ҳарчанд он нотамом аст). Масъалаи ба риштаи тасвири бадеӣ баркашидани симо ва зиндагии равшанфикрони миллӣ, ки дар ташаккул ва рушди ҷомеаи давр ва ба озодию истиқлолият расидани мардуми амирсолорӣ саҳми арзанда гузоштаанд, барои устод Айнӣ масъалаи калидӣ будааст. Зеро худи устод аз зумраи равшанфикрони раддаи аввали Бухоро буда, дар масири шинохти арзишҳои инсонӣ, дарки моҳияти оламу одам, баррасии масоили муҳим ва мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, адабӣ ва маданӣ гомҳои устувор бардоштааст. Бар илова, устод Айнӣ аз овони кӯдакӣ дар масоили маърифатӣ, маданӣ, адабӣ ва динӣ ҳассос будааст ва бо маҳорати дақиқбинӣ ва малакаи пурсишгарӣ, ки аз падар ба ирс гирифтааст, ба мушкилоти гуногуни замон бархӯрд мекардааст. Воқеиятпарастӣ ва ростгӯйӣ, ки ҷавҳари андешаи равшанфикриро ташкил медиҳанд, ба устод Айнӣ имкон доданд, ки воқеоту ҳаводисро дар қолаби насри ёддоштӣ ҷаззобу муассир баён намояд. Бо такя ба тавсия ва насиҳати ҷиддие, ки падараш ба устод Айнӣ ҳанӯз дар айёми тифлӣ кардааст, «ҳар чизро, ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту гӯяд, ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам, дубора пурсида ва ёд гир. Ва эҳтиёт кун, ки гап аз ёдат набарояд. Аммо ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном”. Хулоса, устод Айнӣ рисолати ихтисосӣ, равшанфикрӣ ва инсониашро, ки дар тасвири воқеияти давру замон зоҳир мегардид, ба таври аҳсан анҷом додааст.

Боргирӣ: pdf