17-02-2025

Меҳргон – ҷашни худсозӣ ва ҳувиятмадорӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage
Муҳаққиқони муосир дар робита бо ҷашни Меҳргон бар ин таъкид мекунанд, ки дар рӯзшумории куҳани Ирон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст. Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ маҳал, макон, мушаххасот ва густураи ҷашни Меҳргон инъикос ёфтааст.

Боргирӣ: pdf