28-02-2025
Кореяи Ҷанубӣ-кишвари муваффақи осиёӣ
Муаллиф: Меҳр Собириён

Яке аз кишварҳои пешрафтатарини минтақаи Осиёи Шарқӣ Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ин кишвар аз канданиҳои фоиданок маҳрум аст. Ба ғайр аз графит ва волфрам чизи дигаре надорад. Нафту газ ва минералҳои зиёде, ки иқтисоди ин кишвар талаб мекунад, аз хориҷ ворид карда мешаванд. Аммо замин ва иқлими ин кишвар барои кишоварзӣ хеле мувофиқ аст. Бо вуҷуди ин, кишоварзиву моҳидорӣ ҳиссаи ками иқтисоди онро таъмин мекунад. Рушди иқтисодии ин кишвар ба маҳсулоти зеҳнии он вобаста аст. Саноати вазнин ва соҳаи технологияҳои пештафта, дар баробари соҳаи хизматрасонӣ асоси иқтисоди онро ташкил медиҳанд. Таҷрибаи ин кишвар дар муқоиса бо Кореяи Шимолӣ дарси хеле муҳиме барои кишварҳои рӯ ба рушд буда метавонад.
Ҷумҳурии Корея ё худ Кореяи Ҷанубӣ дар минтақаи Осиёи Шарқӣ, нимҷазираи Корея, қарор дошта, 45 дарсади ин нимҷазираро ташкил мекунад ва маълум аст, ки ба уқёнуси ҷаҳонӣ пайваст мебошаду имкониятҳои онро истифода мебарад. Пойтахти он шаҳри Сеул мебошад, ки яке аз шаҳрҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он маҳсуб меёбад. Нишондиҳандаҳои асосии кишвари мазкур дар ҷадвали зер оварда шудаанд.
Масоҳат |
100,222 км2 |
|
Парчам |
|
|
Нишон |
|
|
Шумораи аҳолӣ(2024) |
52,081,799 нафар |
28-ум ҷой дар ҷаҳон |
Зичии аҳолӣ |
507/км2 |
15-ум ҷой дар ҷаҳон |
Умри миёна |
82.7 сол |
|
Асъори миллӣ |
вон(won) |
1 доллари ИМА = 1334.13 вон (23.09.2024) |
Забони расмӣ |
кореягӣ |
|
Динӣ расмӣ |
нест |
|
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ(2024) |
1.761 триллион |
14-ум ҷой дар ҷаҳон |
ММД-и саронаи аҳолӣ(2024) |
34 165 доллари ИМА |
33-ум ҷой дар ҷаҳон |
Коэффисенти Gini(нобаробарӣ)(2021) |
33.3 |
миёна |
Индекси рушди инсонӣ-HDI (2022) |
0.929 |
хеле баланд |
Сарчашмаҳои маълумот: https://www.britannica.com/place/South-Korea, https://en.wikipedia.org/wiki/South_Korea, https://www.calculator.net
Аз нишондиҳандаҳои овардашуда маълум аст, ки Кореяи Ҷанубӣ дар як муддати нисбатан кутоҳ, яъне пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, тавонистааст ҷойгоҳи худро дар миёни давлатҳои ҷаҳон хеле боло бурда, аз як иқтисоди асосан кишоварзӣ ба як кишвари саноатии дорандаи технологияҳои навтарин мубаддал гардад. Дар асоси имкониятҳое, ки як иқтисоди пешрафта фароҳам меорад, ин кишвар фарҳангу санъати хешро қавӣ намуда, синамову мусиқии он машҳури ҷаҳон гаштаанд. Соҳаи сайёҳӣ низ хеле рушд карда, солона аз 11 миллион(2023) то 17.5 миллион(2019) сайёҳ ба ин кишвар ташриф меоранд.
Ба ғайр аз нишондиҳандаҳои боло маълумот оид ба гаравиш ба дин дар ин кишвар ҷолиб ба назар мерасад. Аз намояи зерин дидан мумкин аст, ки қисми зиёди аҳолии ин кишвар, дақиқан 56.1 дарсади он, ҷаҳонбинии илмӣ дошта, худро ба ягон дин пайванд намедонанд. Боқимонда 27.6 дарсад пайрави дини насронӣ, 15.5 дарсад пайрави дини будоӣ ва 0.8 дарсад пайрави динҳои дигар мебошанд. Таъсири ин густариши зиёди ҷаҳонбинии илмӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар то чӣ андоза аст, метавонад мавзуи омӯзишии ниҳодҳои илмӣ бошад.
Сарчашмаи маълумот: https://www.britannica.com/place/South-Korea
Хулоса, Кореяи Ҷанубӣ аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки таҷрибаи ибратомӯзе дар ростои ислоҳот ва рушдро дорад. Ин кишвар тавонистааст дар се даҳсола аз як давлати ҷангзада ва ақибмондаи кишоварзӣ ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ ва дорои технологияҳои муосир табдил ёбад. Ин равандро дар адабиёти илмӣ “Муъҷизаи дарёи Ҳан” унвон гузоштаанд. Онҳо дар пайравӣ аз “Муъҷизаи Рейн”-и Олмон мехостанд ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида дар як давраи кутоҳ аз буҳрон бароянд. Ҳангоми суханронии худ дар остонаи соли нави 1961 нахуствазири вақти Кореяи Ҷанубӣ Чанг Мён мегӯяд: “Барои расидан ба ”Муъҷизаи дарёи Ҳан” ба мисли Олмон, мо бояд ҷиддият ва сахткӯшии монанд ба олмониҳоро дошта бошем”. Онҳо дар солҳои баъдӣ ин ҳадафҳои худро тавонистанд бо ҳамон ҷиддияту сахткӯшӣ ва ҳадафмандӣ амалӣ созанд. Дар воқеъ, гузариши як кишвар аз фақру ақибмондагӣ ба иқтисоди пешрафтаву дорои технологияҳои мураккаб дар як муддати нисбатан кутоҳ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ хеле кам ба назар мерасад. Саноатикунонӣ дар ин кишвар ҳамагӣ 19 сол тул кашидааст, ки барои мисол ин давра дар Олмон 68 сол ва дар Нидерландия 98 сол давом кардааст.
Барои кишварҳои рӯ ба рушд омӯзиши таҷрибаи иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ ва дар амал татбиқ намудани он, ҷиҳати расидан ба рушди устувору босуръати иқтисодӣ, аз аҳамияти вижа бархурдор аст. Омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ ва дар асоси донишҳои андӯхта ворид кардани ислоҳоти иқтисодиву фарҳангиву сиёсӣ заминаи ба вуҷуд омадани муҳити созгор ба рушду пешрафт мегардад. Рушду пешрафти иқтисодӣ ҳамеша барои ҳар ҷомеа ва барои ҳар ҳукумате дар ҳама давру замон аҳамияти зиёд дошт ва дорад. Дар чунин шароит ҳар фаъолияте, ки метавонад дар суръат бахшидан ба ин раванд кумак кунад, қобили дастгирист. Шарт ин аст, ки таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар асоси принсипҳои интихобӣ, навсозӣ, омезиш ва тақвиятдиҳӣ омӯхта шуда, аз маҷмуи ин додаҳо барои ҳар як кишвар бастаи ба он мувофиқ интихоб гардида, амалӣ карда шавад.