28-02-2025
Таъсири гурӯҳҳои ифротии динӣ ба тафаккури муҳоҷирони меҳнатӣ
Муаллиф: Меҳр Собириён

Дар мақолаи мазкур сабабу омилҳои ба доми гурӯҳҳои ифротии динӣ-мазҳабӣ афтидани қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуда, ҳадафҳои гурӯҳҳои мазкур ва роҳу усулҳои фаъолияти ғайриқонунии онҳо баррасӣ карда шудааст. Қисме аз муҳоҷирон, аз ночорӣ, тарсу тамаъ, шуҳратталабӣ, осеби руҳӣ-равонии таърихӣ, фасодзадагии кишварҳои муҳоҷирқабулкунанда ва ғайра ба таблиғоти ин гурӯҳҳои ифротӣ таваҷҷуҳ намуда, барои онҳо сайди осону камхарҷ мегарданд. Муаллиф хулоса мекунад, ки мубориза бо ин вабои асрҳо вуҷуддошта, бояд ҳадафмандона бошад ва дар ҳоле, ки гурӯҳҳои ифротии динӣ-мазҳабӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ҳузур доранд ва фаъолият мекунанд, ҷавоби ҷомеаву давлатҳо низ бояд ҳамаҷонибаву саривақтӣ бошад. Танҳо дар ин ҳолат метавон онҳоро шикаст дод.