24-02-2025

Муҳит ва шароити рушди давлатҳо дар доираи созмонҳои ҳамгироии иқтисодӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

mainImage
Дар мақолаи мазкур нақшу аҳамияти ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳо ва ҳадафҳову суду зиёни пайвастан ба чунин созмонҳо баррасӣ мешавад. Муаллиф шаклҳо ё зинаҳои ташаккули созмонҳои ҳамгироии иқтисодиро ироа намуда, ҳадафҳои чанд созмон ва манфиату хатарҳои пайвастани як кишвар ба чунин созмонҳоро арзёбӣ мекунад. Дар охир хулоса мекунад, ки суди пайвастани як давлат ба Созмонҳои ҳамгироии иқтисодӣ бештар аст. Агар вазъияти имрӯза ҷавобгӯи пайвастан ба чунин созмонҳо нест, нашояд аз он ба куллӣ сарфи назар кард. Беҳтар аст, ҳадаф гузошта дар як муддати муайян ислоҳоти бунёдӣ гузаронид ва омода шуд. Чунки дар танҳоӣ рақобат кардан бо иқтисодҳои бузурге, ки даҳсолаҳо боз дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро доранд, хеле мушкил хоҳад буд.

Боргирӣ: pdf