21-02-2025

Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ, фарҳанги хитобаӣ ва ратсионализми интиқодӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

mainImage
Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ бардошти таҳрифшуда аз воқеиятҳо ва фарзияҳоест, ки зери таъсири пешдовариҳо, манфиатҳо, тарс ва тамаъ, дар бардошт, қазоват ва истидлоли одамон дохил шудаанд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ боиси таҳрифи идрок, қазовати нодуруст, тафсири ғайримантиқӣ ва бехирадона мешаванд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ аз хурофотҳое бармеояд, ки дар ҳофизаи ҷамъиятӣ вуҷуд доранд ва ин ба дарки дурусти тасвири илмии олам ва паҳншавии он, ки аз қолабҳои ҷорӣ дар шуури тӯдаҳо фарқ мекунад, монеъ мешавад. Одамон дар ҷустуҷӯ ва тафсири маълумот, маъмулан тамоил ба он доранд, ки хурофоту пешдоварии худро дуруст нишон дода, ҳар як маълумоте, ки дидгоҳҳояшонро рад мекунанд, беэътибор нишон диҳанд. Ба ҷаҳон аз даричаи таассуби худ нигариста, ҳар як маълумотро филтр мекунанд ва танҳо он назарҳоеро қабул мекунанд, ки тасдиқкунандаи бовару назари худашон буда, мақбули тӯдаҳо ҳастанд.

Боргирӣ: pdf