25-02-2025
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: таърих, сохтор, вазифа ва дурнамо
Муаллиф: Меҳр Собириён

Дар мақолаи мазкур таъриху сохтор ва дурнамои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф зарурати ташкил кардани як Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодиро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар қаламрави пасошуравӣ таъкид намуда, ҳадафҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва амалкарди раҳбарияти кишварҳои аъзои онро рӯйи қоғаз оварда, камбудиҳои мавҷударо ошкор намудааст. Ӯ хулоса мекунад, ки бо вуҷуди ҳама камбудиву норасоиҳо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба кишварҳои аъзои худ манфиати муайяни иқтисодӣ овардааст ва дар ояндаи наздик ин иттиҳод имкон дорад мукаммалу қавитар гашта, ба яке аз муҳимтарин субъектҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мубаддал гардад ва шумораи аъзои худро бештар созад.