08-09-2025
Арзиши воло
Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

Шукуфо гардад он қавме, ки худсолору озод аст,
Зи озодӣ табассум дар лабонаш бо дили шод аст.
Худандеш асту худсоз асту худгар дар ҳама коре,
Зи ҳар вобастагӣ вораста доим рӯ ба иршод аст.
Ба худ нозад, ба худ болад, ба худ дунёи худ созад,
Зи ҷавҳар бингарӣ ӯро хирад чун аслу бунёд аст.
Худогоҳасту бинвисад ба дасти хеш қисматро,
Ҳама кушо, ҳама пӯё аз инаш кишвар обод аст.
Худафрӯз аст дар шабҳо, ба дунёяш диҳад маъно,
Мақоми худ барад боло, саодатмад аз дод аст.
Сарафроз аст дар олам, чу месозад худаш ҳар дам,
Надорад бим аз душман пайи фардо ба эҷод аст.
Зи имрӯзаш қаноатманд, ба фардо роҳи ӯ равшан,
Накӯкор аст, накӯ бораст, чу аз асли накӯ зодаст.
Шврифӣ, арзиши воло чу истиқлол пайдо ннест,
Шукуфо гардад он миллат, ки худсолору озод аст.
***
Ҷашни бузурги миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ба ҳама ҳамватанон ҳумоюн бод!
**
И. Шарифзода
08.09.2025