19-03-2025
Ба амру қудрати виҷдон
Муаллиф: Нозим Нурзода

(Ба ифтихори зодрӯзи донишманд ва рӯшангари миллӣ – Меҳр Собириёни гиромӣ)
Ба расми меҳройинон,
Ба расми Ҳурмузи Яздон,
Ба амру қудрати виҷдон,
Бубастӣ бо хирад паймон,
Биҷангӣ андар ин майдон,
Алайҳи Аҳриманмағзон,
Алайҳи душмани инсон,
Алайҳи ҷумла номардон,
Алайҳи ҷоҳилу нодон,
Алайҳи турфа бадзотон,
Ба сони зубдаи мардон,
Мисоли Рустами Дастон!
Ту Меҳр андар дили Меҳан,
Дили хоку гили Меҳан,
Ту баҳру соҳили Меҳан
Ва ҳусни ҳосили Меҳан,
Китоби нозили Меҳан,
Паёми оқили Меҳан,
Ту марди қобили Меҳан,
Ба рағми ғофили Меҳан,
Алайҳи ҷоҳили Меҳан,
Ба ақл, эй омили Меҳан,
Ба путки оҷили Меҳан,
Бикӯбӣ коҳили Меҳан!
Чу Меҳрӣ, пок бунёдат
Табору хешу авлодат,
Нажоди Ориободат
Ва пок ойини аҷдодат,
Ҳама покист дар ёдат.
Хирад абзори иршодат,
Хирад асбоби имдодат,
Хирад савдои эҷодат,
Намозу вирду авродат,
Хирад адли туву додат,
Муборак, ҷашни мелодат,
Ҳама пирӯзиҳо бодат!
*****************************
Зодрӯз хуҷаста ва фархунда, Меҳри гиромӣ!
****************************
Бо эҳтиром, Нозим Нурзода
8 ноябри соли 2024, ҷумъа, соати 09.:13