21-04-2025

Нависандаи миллӣ ва масъулияти хислатшиносӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

mainImage

 

(чанд мулоҳизаи муқаддимотӣ дар заминаи романи “Ҳайҷо”-и устод Урун Кӯҳзод)

 

Маъмулан, масъалаи характер, одат, хислат ва одоби миллию мардумӣ дар доираи илмҳои фалсафӣ, бавежа мардумшиносӣ, равоншиносӣ, равонковӣ (психоанализ), ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва амсоли инҳо матраҳ мегардад. Хушбахтона, шоирону нависандагон ва адибони минтақавию ҷаҳонӣ ҳам мисли Ҷон Пол Сартр, Албер Камю, Франс Кафка, Ҷурҷӣ Зайдон, Михаил Нуайма, Ҷуброн Халил Ҷуброн, Ф. Достоевский, Чингиз Айтматов, Айнӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон, ки албатта, дидгоҳи қавии фалсафӣ доштанд, сари мавзӯи характер ва хислати миллию мардумӣ таваҷҷуҳ намуда, дар қолибҳои адабӣ-бадеӣ ва фалсафию публитсистӣ матолиби ҷолиб таълиф кардаанд. Ҳоло ки маҷоли баҳс атрофи тасвиркориҳои адибону файласуф ва файласуфони адиб нест, зарур мешуморем, ки чанд андешаи муқаддимотӣ дар мавриди иқдомоти Нависандаи мардумии Тоҷикистон устод Урун Кӯҳзод дар робита бо характеру хислати миллӣ, ки дар романи машҳури “Ҳайҷо” инъикос ёфтааст, ироа дорем.

Якум. Қабл аз он ки ба матлаби асосӣ пардозем, зарур мешуморем, ки сари вожа ё ба истилоҳ, мафҳуми “хислат ва характер” иҷмолан тамаркуз намоем. Вожаи хислат ё характер дар фарҳангномаву луғатҳо ба маънои хосият, одат, тинат (ниг.: Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Иборат аз 2 ҷилд). –Ҷилди 2. –Душанбе: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010. С.455), хӯ, хӯй, тарзи комилан собиту устувори зиндагии равонӣ-рӯҳии фарди муайян, ки дар фаъолияту амалия, ҳамчунин дар рафтору одати ӯ зоҳир мешавад (ниг.: Энциклопедияи Советии Тоҷик. –Ҷилди 7. –Душанбе: Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Советии Тоҷик, 1987. С.629), хосият, вежагии рӯҳӣ-равонӣ ва воқеияти равонии шахс (см.: Таджикско-русский словарь. –Душанбе: Академия наук Республики Таджикистан, 2006. С.651) омадааст. Ба ин тариқ, характер (аз лафзи юнонии “χαρακτηρ” ба маънои аломат, нишона, махсусияти фарқкунандаи инсон) маҷмуи вежагиҳои асосии рӯҳию равонии устувори инсон мебошад, ки дар рафтору кирдори ӯ зуҳур мекунанд. Ба сухани равшантар, характер сохтори собиту устувори вежагиҳои равонии инсон аст, ки махсусияти муносибату рафтори ӯро ба намоиш мегузоранд (ниг.: https://kartaslov.ru/значение-слова/характер).

Дувум. Донишмандону файласуфону рӯшангарони муосири эронитабор аз назари илмӣ, ихтисосӣ ва фалсафӣ матраҳ намудани мушкилоту костиҳои фикрӣ, равонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро рисолати худ дониста, дар ин замина осори хуби таҳлилӣ-таҳқиқӣ ба мерос гузоштаанд. Албатта, баррасӣ ва бозбинии мушкилоти зеҳнию фикрӣ, ки дар хислатшиносии башар ва аз ҷумла миллатҳо нақши асосӣ доранд, ҳамеша зарур буда ва ҳаст. Аз тариқи решашиносӣ кардани мушкилоту уқдаҳои фикрӣ донишмандону рӯшанфикрон роҳро барои раҳоӣ аз бандубасту бунбастҳои гуногун ҳамвор месозанд. Ба ин маъно, равшанфикрон барои бедории миллат ғам мехӯранд ва дар пайи ин амали сангинанд (ниг.: Ризоқулӣ, Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377. С.27).

Қишри равшанфикрӣ, ки аз доираҳои гуногуни маданӣ, аз ҷумла нависандагону адибон низ таркиб меёбад, сари мушкилоти зеҳнӣ ва костиҳои фикрӣ тамаркуз карда, аз тариқи ковишу ҷусторҳои рӯзмарраи илмию эҷодӣ ба пурсишоти ҷиддӣ посух меҷӯянд ва роҳҳалҳо пешниҳод менамоянд. Ба назари муҳаққиқон, равшанфикр шахси таҳсилкардае аст, ки бо ҳаёти фикрӣ сарукор дорад ва дар тағйироти фикрии ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, наҷоти иҷтимоъ аз мазлумот кӯшиш ба харҷ медиҳад (ниг.: Қайсарӣ, Алӣ. Равшанфикрони Ирон дар қарни бистум. Тарҷумаи Муҳаммад Деҳқонӣ. –Теҳрон: Ҳермис, Маркази байналмилалии Гуфтугӯи тамаддунҳо, 1383. С. 2-3). Ин аст, ки решашиносии силсилаи мушкилоти фикрию иҷтимоӣ ва уқдаҳои зеҳнию равонӣ, ки ба хислату характери миллӣ таъсири амиқ мерасонанд, рисолати бевоситаи равшанфикрон дар ҳар давру замон будаву ҳаст. Аз ҷониби дигар, решашиносии мушкилот андаруни ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи қишри равшанфикрӣ ва маданӣ мебошад, чаро ки шинохту ташхиси дурусти уқдаю дардҳои равонӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароити мусоиди дармонро фароҳам меоварад. Ҷомеашиносон муътақиданд, ки мо зодаи фарҳангамон ҳастем, бинобар ин, нақш ва аҳамияти фарҳанг дар шаклгирии диду назари умумии ҷомеа аз арҷаҳияти бисёр муҳиме бархӯрдор аст (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. С.16). Аз ин ҷост, ки зарфиятҳои маҳдуду фарохи фикрӣ ва фарҳангии миллӣ, ки дар мафҳуми “одоби миллӣ ё характери миллӣ” меғунҷанд (ниг.: С. Ятимов. Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ. //Ҷумҳурият №252 (22557), 24 декабри соли 2014. С.3), маҷмуаи муносиботи ахлоқии имрӯзу ояндаи миллатро дар бар мегиранд. Ҳар қадар одоб ва характери миллӣ заиф ва камзарфият бошад, дар ҷараёни бархӯрдҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳувиятӣ ва ахлоқӣ ҳамон қадар осебпазиртар ва интизорӣ ва ғайриинтизор мунҷар ба хатар мегардад, чаро ки имкони ҷӯшиш, таровиш, пӯшиш, тобиш, болиш ва иштиёқу хоҳиши мухтору мустақилро бар асари мағзшуӣ ва “бориши мағзӣ”-и фарҳанг ва мафкураи бегона аз даст додааст. Бинобар ин, агар миллат аз илму дониш бехабар бошад ва дар пайи хомӯш кардани чароғи хирад иқдом варзад, ҳама гуна истеъмору истибдод ба он ҷо роҳ меёбад (ниг.: Зебокалом, Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии иллали ақибмондагӣ дар Ирон. –Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. С.346-347) ва характеру хислат ба ҷойи суъуд рӯ ба нузул мениҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, сифатан тағйир додани характеру хислат ва рӯҳияи миллӣ, ки тайи таърих дар ҳолати саркӯбӣ қарор доштааст, рисолати рӯшангарону мунавварфикрони миллӣ мебошад.

Севум. Доир ба ҳаводиси дуасраи таърихи миллӣ, махсусан воқеоти охири асри нуздаҳ ва садаи бисти мелодӣ, агар устодон Айнию Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзодаро истисно бикунем, дар даҳсолаҳои ахир як зумра нависандагони маъруфи тоҷик бо шумули устодон Фазлиддин Муҳаммадиев, Гулрухсор Сафӣ, Саттор Турсун, Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Сорбон, Бароти Абдураҳмон ва дигарон асарҳои ҷолиб таълиф кардаанд. Дар ин замина, Абдулҳамид Самад дар тасвири мароҳили ҳассоси таърихи миллӣ романи “Гардиши девбод” (ниг.: Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. –Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.) ва устод Урун Кӯҳзод романи “Ҳайҷо” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Ҳайҷо. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.)-ро таълиф кардаанд. Дар мавриди ҳаводиси охири солҳои ҳаштод ва ибтидои навадуми асри бист нависанда Бароти Абдураҳмон (ниг.: Абдураҳмон, Барот. Нимароҳи аъроф (роман). – Душанбе: “Адиб”, 2020. -608 саҳ.) низ роман таълиф намудааст. Аммо таълифи устод Урун Кӯҳзод (манзур романи “Ҳайҷо” аст) аз нигоштаҳои дигар, ки ба масъалаҳои ҳассосиятҳои замонӣ ва тасвири ҳаводиси таърихӣ ихтисос ёфтаанд, ба лиҳози решашиносии мушкилоти фикрӣ, вусъати эҷодӣ, талоши бозшиносии хислату характери миллӣ, арзёбии мунсифонаи мушкилоти ҳувиятӣ ва баррасии уқдаҳои зеҳнию равонӣ мутафовит ва ҷолиб аст. Аз тарафи дигар, Урун Кӯҳзод як навъ мушикофона ва ақлбоварона ба таърихи миллӣ ва мушкилоти ҳувиятӣ бархӯрд мекунад ва тавре ки устод Айнӣ аз “назари хурдабинона”-и Аҳмади Дониш сухан ба миён меоварад (ниг.: Айнӣ, С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. С.558), сари хислати миллӣ тамаркуз менамояд, ки ин гуна тамаркуз ва таваҷҷуҳи махсусро ба масоили ҳассосу ҳувиятӣ дар осори дигар адибон кам мушоҳида мекунем. Ба ин манзур, доир ба романи устод Кӯҳзод чанд андешаи муқаддимотӣ ироа медорем.

Чаҳорум. Устод Урун Кӯҳзод (мутаваллиди соли 1937), муаллифи асарҳои машҳури “Сареву савдое” (1971), “Роҳи ағба” (1971), “Писанддара” (1974), “Кини Хумор” (1976), “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз” (1977), “Як сару сад хаёл” (1983), “Бандии озод” (1994), “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”(1983), “Тақвими раҳгум”, “Ҳайҷо” (2005-2014) ва “Дар ҳасрати кори ҳалол” ба қарибӣ (15 марти соли равон) ба синни камолоти 85-солагӣ расиданд. Устодро ба ин синни муборак табрик мегӯем ва таманно мекунем, ки бо ҷисму рӯҳияи қавиашон садсолаҳо боз дар хидмати адабиёт ва фарҳанги миллӣ қарор дошта бошанду халқу миллат аз тавонмандии фикрию эҷодии эшон баҳравар гардад. Бармегардем ба муҳтавои романи овозадори “Ҳайҷо”-и устод Кӯҳзод.

Панҷум. Романи таърихии Урун Кӯҳзод “Ҳайҷо” солҳои 2005-2006 дар маҷаллаҳои “Сухан” ва “Садои Шарқ” ва соли 2014 дар шакли китоби алоҳида ба табъ расида, ба таҳқиқи адабӣ-фалсафии давра ва марҳилаҳои муҳимми таърихи миллӣ (давраи аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт шудани Осиёи Миёна, хосса Аморати Бухоро (асри Х1Х – ибтидои асри ХХ), мароҳили шӯравӣ (солҳои 1920-1991) ва ибтидои таҳаввулоти сиёсию мафкуравии Тоҷикистони соҳибистиқлол (солҳои 1991-1992) ихтисос ёфтааст. Ҳамин тариқ, устод Кӯҳзод дар романи “Ҳайҷо” (таваҷҷуҳ шавад ба: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.) таърихи дусадсолаи мардуми тоҷикро ба риштаи тасвир баркашида, ин давраи таърихиро дар 5 дафтар -- Дафтари якум “Ҳамоқат дар Бухоро” (С.3-70), Дафтари дувум “Талоши салтанат” (С.71-174), Дафтари севум “Салтанати адолат” (С.175-256), Дафтари чорум “Хароб шуд ободиҳо” (С.257-334), Дафтари панҷум “Ду микрофон дар ду майдон” (С.335-414) мавриди радду бадал қарор додааст.

Устод Урун Кӯҳзод, ки романи “Ҳайҷо”-и ӯро метавон асари ҷолиби бадеӣ, илмӣ-таҳқиқӣ, таърихӣ ва публитсистӣ номид, дар ҳамаи ишора ва нукоту баррасиҳояш мушкилоти замонро мунсифона мадди назар қарор дода, барои исботи иддаоҳояш аз манобеи таърихӣ хуб истифода бурдааст. Аз ҳама муҳим, нависанда каму костиҳои фикрӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва мадании моро, ки дар маҷмуъ, характери миллиро шакл дода, боиси шикастҳои пайдарпайи тоҷик дар тӯли таърих гардидаанд, мувофиқи табъу завқу салиқа ва дидгоҳу биниши таҳлилӣ-интиқодиаш матраҳ мекунад ва сифатан тағйир додани зеҳну характери миллатро ба унвони талаботи меъёрӣ ва воқеияти зиндагӣ ба миён мегузорад. Қаҳрамонҳои роман муҳандис Дӯстмурод (донишманди дарбор, ки аз амир хоста буд, ба кормандону ходимони дарбор маош муқаррар намояд ва бад-ин тартиб кори давлатдорӣ ба сомон ҷараён бигирад. Вале амир ӯро девона эълом дошта, аз дарбор меронад ва ӯ ба кори эҷодӣ машғул шуда, бо интиқодҳои мунсифонааш миёни доираҳои мадании Бухоро нуфуз пайдо менамояд. Шогирди Дӯстмуроди муҳандис Рӯзимурод низ аз пайи устод меравад ва тағйир додани характери миллиро ба миён мегузорад ва посух ба ин масъаларо авлоди Рӯзимурод – Азизмурод (писараш), Муродгул (духтараш) ва Дилмурод (писари Муродгул ва наваи Рӯзимурод) идома медиҳанд. Аммо ҳамеша бо бархӯрди сахти атрофиён, махсусан амалдорону мансабпарастони замон дучор мешаванд ва ҳамеша силсилапурсишҳоро матраҳ месозанд: барои чӣ мо тағйир намеёбем, чаро ба кори давлатӣ, иҷтимоӣ, ҳаётӣ бетафовутем, чаро дастбакор намешавем, чаро аз як гиребон сар намебарорем, чаро барои ободии диёр, рушди миллат ва тараққии давлат кор намекунем, чаро теша бар решаи худ мезанем, чаро ба хотири мансабу ҷоҳ ба миллату давлати худ хиёнат мекунем, чаро бегонапарастем?), Қурбонмуроди муфтӣ, Саидмуроди қушбегӣ (ки даъвии дуруст кор кардани дастгоҳи аморат карда, барои кормандони давлатӣ таъйин намудани маошро тақозо мекунад ва ба хотири росткору ростгӯ будан аз вазифа маъзул гардида, оқибат бо дастури амир аз ҷониби амалдорони дарбор кушта мешавад), Рӯзимурод, Азизмурод, Муродгул ва Дилмурод бар он мекӯшанд, ки хидматкори халқ бошанд, бо ибтикору ташаббус, донишу биниш, ақлу фаросат дар ободию шукуфоии кишвар саҳм бигиранд, аммо атроф ва муҳит, ки бӯйи ғализи макру найранг ва иғвою дасисаро мекард, онҳоро нафастанг намуда, намегузошт, ки оромона дар пайи хидмат ба халқу ватан гом бардоранд.

Хатти марказии романро тағйир додану дигар кардани зеҳну хислату характери миллӣ, ки мардумро тайи таърих ҳамеша сархаму бардатабиат, дастнигару тақдирпараст, фориғболу бетараф, беҳавсалаю бепарво, хурофотию мутаассиб, хидматкору чокар, дурӯяву фиребгар, мансабталошу ҷоҳталаб, иғвогару дасисачин, хушомадгӯю тамаллуқкор, ҳарису тамаъкор ва худхоҳу риёкор кардааст, ташкил медиҳад. Аз ибтидои роман Дилмурод (писари Муродгули духтари Азизмуроди набераи Рӯзимуроди бухороӣ) ва силсилаи авлодиаш ба суоли ин ки чӣ тавр характери миллатро тағйир бидиҳем ва аз қайдубанди заъфиёту разоли ахлоқие назири соддагӣ, гумроҳӣ, худношиносӣ, нохудогоҳӣ, манфиатталабӣ, тарсуӣ, ғуломӣ, бетафовутӣ, бечоранолӣ, манифатхоҳӣ, фориғболӣ, бегонапарастӣ ва амсоли инҳо раҳонем, посух меҷӯянд ва аз ҳамсуҳбатону маҳрамон ҳамин пурсиши калидиро матраҳ намуда, дар ин замина ба кандуков мепардозанд. Ба ин маънӣ, романи “Ҳайҷо”-и устод Кӯҳзод дар фазои соҳибистиқлолии мо аз ҷумлаи нахустин асарҳои ҷомеъест, ки масъалаи калидии характери миллӣ ва тағйиру дигар кардани онро минҳайси мушкили меҳварӣ ба миён мегузорад ва сарчашмаи тамоми мушкилоту уқдаҳои миллию мардумиро, ки боиси озору шикастҳои ҳамешагии миллат шудаанд, ба заъфи характери миллӣ иртибот медиҳад. Воқеан, силсилаи мушкилоти рӯзафзуни мо бештар ба характер ва кайфияти ҳувияти мо бастагӣ доранд ва то зеҳну хислатро сифатан тағйир надиҳем ва камукостиҳои фикрӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва амсоли инҳоро решашиносӣ накунем, наметавонем ҳамчун миллати муваффақу сарбаланд арзи вуҷуд намоем.

Шашум. Ба ин тартиб, роман бо даргириҳои ибтидои солҳои навадуми асри бист, бавежа соли 1992 шуруъ мешавад ва қаҳрамони асар Дилмурод (писари Муродгули духтари Азизмуроди набераи Рӯзимуроди бухороӣ) сӯхтаҳои ҷанги бародаркушро ба мушоҳида гирифта, ба бемаънигии ҷанги ҳамватании тоҷикон, ки бародар сӯйи бародар теғ кашида, ба пора кардани ҷигари ҳамдигар камар барбастанд, масъулияти баланди миллиро эҳсос намуда, аз мусибати миллӣ хулосаи ҷиддӣ мебарорад: “дар ватани мо ҷангҳои бемаънӣ бисёр шудааст, вале аз ин ҷанг бемаънитараш набудааст” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.3). Дар ин Дафтар (манзур Дафтари якум -- “Ҳамоқат дар Бухоро” (С.3-70) фисқу фуҷури аморати манғитӣ ва амиру кабири амирсолорӣ мавриди таҳлилу интиқод қарор мегирад.

Махсусан, баррасии масъалаи геополитика ва манофеи геополитикӣ дар роман, ки аз ҷумлаи масъалаҳои ҳассоси ҳамаи давру замонҳо будааст, ҷойгоҳи асосӣ дорад ва муаллиф зимни ба тасвир кашидани ҳаводиси Бухорои амирӣ ва фасоди ахлоқӣ ба манофеи геополитикии Русияи тазорӣ таваҷҷуҳ карда, бемасъулиятӣ, номуттаҳидӣ, беҳавсалагӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бедонишӣ, ноогоҳӣ ва ҷаҳолатписандии масъулини блоки сиёсӣ, мафкуравӣ ва ҳарбӣ-интизомии амрисолориро ба намоиш мегузорад. Аз ҷумла нависанда менигорад: “Ва дар он “замини бесоҳиб” як истеҳкоми аскари рус ба вуҷуд омад ва соҳибони аморати Бухоро ҳатто як тасаввури дуру хирае надоштанд, ки Русияи Бузург ва Британияи Кабир, сартосари Осиёи Миёна ва минҷумла, мулки Бухороро, як замини пурнеъмат ва пурсарват, вале бесоҳиб медонанд ва сад сол боз дар орзуи тасарруфи он ҳастанд ва дар ин масъала, байни худ, рақобати шадиди нонӣ ва ҷонӣ доранд; ва ҷосусонашон, аз ҳолати оғил то вазъи дохили Арк ва аз ҳоли пайроҳаи бузгузар то ба роҳҳои корвон ва аз хислати машкоб то ба рӯҳияи ашрофонро омӯхтаанду меомӯзанд, ва фурсат мепоянд, ки ба ин мулк бидароянду соҳибмулк бишаванд” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.8).

Дар зимн, нависанда аз фаъолияти пурсамари дастгоҳҳои таҷассусии замон, ки дар манотиқи мавриди назар, минҷумла Бухорои амирӣ барои пиёда кардани манофеи геополитикии худ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирифтанд, ёдовар мешавад. Намунаи ин гуна ашхосро нависанда дар симои Иван Маленкий тасвир мекунад. Ӯ яке аз симоҳои дастгоҳи таҷассусии Русияи подшоҳӣ буд, ки дар Осиёи Миёна гашта, урфу одат, ойин ва маросими мардумро омӯхта, барои забти минтақа ба боло дастуру маълумотномаҳои мушаххаси ихтисосӣ ирсол мекард, то дараҷае, ки назди императори рус эҳтиром дошт ва император ӯро муҳтарамона “Маленкийи ман” садо мезад (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.58). Аз ҳама муҳим, амир ва ходимони амирсолорӣ ҳамеша такя ба берун доштанд ва аз русу англису афғон мадад мепурсиданд (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.18). Баъдан, сатҳи ҳукуматдорӣ ва сиёсатмадорӣ дар қаламрави аморати Бухоро ба дараҷае пойин будааст, ки ҷомеаи сиёсию мансабии амирсолорӣ ба хирадмандону кордонон лақаби “девона” дода, онҳоро аз муҳитҳои давлатию сиёсӣ меронд ва ин навъи муносибати ғайриҳирфаӣ дар густураи аморат ба кори маъмулии сиёсию давлатӣ табдил ёфта буд (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.18). Амир ба шайхулислом, сарлашкар, фолбин ва махсусан, Ҳоҷӣ Тӯра (амаки амир) бовар мекарду ҳарфи дигарон, аз ҷумла мутахассисонро ба фулусе намехарид. Қаҳрамонони асар даъвӣ пеш меоваранд, ки: “маълуми хосу ом аст, ки амирамон тадбири давлатдорӣ надорад. Мову шумо ҳам медонем, ки дар вақтҳои охир, фикру зикраш тамошои таъзими заминбӯс, гирифтани тортуқу пешкаш, шумурдани саночҳои тиллову нуқра, бозии “дору пахш кун!”, ва “баред, сарашро гиред! Баред, чордарон кунед!” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.47). Ба нукоти қаҳрамонони роман зеҳн мемонем: дар фазое, ки ҳама чиз дар тарозуи манофеи фардию гурӯҳӣ, на миллию давлатӣ андозагирӣ мешаванд, чӣ гуна пешравию таҳаввулотро метавон мунтазир шуд?! Ҳамчунин, қаҳрамонони роман усули давлатдории амириро аз “аморатпаноҳу рисолатпаноҳу адолатпаноҳу шариатпаноҳ” иборат дониста, дар асл, “ғоратпаноҳу разолатпаноҳу ҷабрпаноҳу касофатпаноҳ” будани дастгоҳи амириро фош карда, ин тарзи далатмадориро сахт накуҳиш мекунанд (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.56). Дигар ин ки давлатмадорони замон бо сарварии амир дин ва имонро аз миллат боло медонистанд ва аз ин тариқ роҳро барои нуфузу ҳузури хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки мушкили ҷиддии фикрию маданӣ будаву ҳаст, ҳамвор месохтанд (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.38). Бар илова, касби донишу маърифат ва бо чашми ибрат нигаристан ба ҳаводису воқеаҳо, ки дар шаклгирии хислат ва ба вуҷуд омадани муҳити солими иҷтимоию маданӣ корсозанд, дар Бухоро нодаркор шуда буд. Ба ин маънӣ, нависанда ин иддаоро аз забони қаҳрамонон тасдиқ мекунад: “Хондану ибрат гирифтан дар мулкҳои дигар ҳаст. Вале дар Бухоро нест. Дар Хеваю Куқанд ҳам нест...” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.46).

Ҳафтум. Шинохтани мушкилоти фикрӣ, костиҳои ахлоқӣ, буҳронҳои ҳувиятӣ ва уқдаҳои равонӣ-зеҳнӣ ва бар мабнои онҳо раҳоӣ аз бандубасту бунбастҳои иҷтимоӣ ҳадафи қаҳрамонони романи “Ҳайҷо” ва усулан, сарҳадафи нависанда ҳам мебошад. Аз ин ҷост, ки қаҳрамонони асар тавассути ҷустуҷӯгарию пурсишмадорӣ ба ин суоли калидӣ, ки асрҳо фикри қишри рӯшангарии миллиро банд кардааст, ҷавоб ёфтан мехоҳанд: “Чаро мо ба ҷаҳли мураккаб гирифтор шудаем? Сабабаш чисту кист?” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.47).

Нависанда мекӯшад, ки дар бастагӣ бо персонажҳои асар хислатҳои разилаи инсониро, ки муҳити Бухорои амириро фаро гирифта буд, ошкор сохта, раванди хӯгирии мардумиро бо одоти нописанду ношоиста мушаххас кунад. Устод Кӯҳзод масъалаи мазкурро дунбол карда, одатҳои нописанди дурӯягӣ, чоплусӣ ва фурсатталабиро, ки тору пуди дастгоҳи давлатии амириро ташкил намуда буданд, ба унвони костиҳои характерӣ-хислатӣ сахт накуҳиш мекунад. Нависанда вазъи ҳувиятию ахлоқии замонро ба тасвир гирифта, таъкид месозад, ки ҳар касе барои салоҳи кор чизе мегуфт, дастгирӣ намеёфт, агар амиру вазир дастгираш намешуданд, ҳама алайҳаш мешӯриданд ва фаразан, агар кораш барор мегирифту садри дарбор тарафдораш мешуд, ҳама ба дуогӯйии вай мешитофтанд (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.74). Ин одати разила имрӯз ҳам дар рагу пайванди мо ҷо гирифтааст ва хушомадгӯйиву чоплусӣ ба унвони асли маишӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ, хосса дар миёни табақаҳои иҷтимоию маданию сиёсӣ решадор гардидааст. Яке аз персонажҳои роман Қурбонмуроди муфтӣ, ки “ба ғайр аз дарсҳои мадраса, боз мустақилан “Шоҳнома” ва “Донишнома” ва “Сиёсатнома” ва “Гулистон” ва осору девони олимону шоирони зинданомро хонда ва ҳусну қубҳи рӯзгорро шинохта буд” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.75), аз сӯйи дарбориён мавриди таҳқиру тамасхур қарор мегирад. Ин марди шариф (Қурбонмуроди муфтӣ дар назар аст)-ро нохондаҳои масоҷиду дарбор “диёнатро таҳқир кард, амирро таҳқир кард” гуфта, сиёҳ намуданд (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.75). Ин усули “тарбиятӣ”, ки решаи хислату одати мардум ва иерархияи сиёсию давлатию мансабии замонро ташкил дода буд, ҷараёни гироишоти авомро ба ғуломтабиатию бардамадорӣ вусъат медод.

Маълум, ки дар раъси макру найранг ва дасисаҳои дарборӣ ва муҳитсозиҳои иҷтимоии даврони амирӣ рӯҳониёну муллоҳои ҷоҳилу мутаассиб, ки дорои мақому ҷойгоҳ буданд, қарор доштанд. Нависанда муборизаю муқовиматҳои аҳли донишро бо ин тоифаи мутаҳаҷҷир, ки пайваста ба нокомӣ мунҷар мешуд, баён намуда, дар доираи муколимоти қаҳрамонони роман аз забони Қурбонмуроди муфтӣ ин тавр бозгӯ мекунад: “Дилатонро бисёр хун накунед. Бобойи ман мегуфтанд, ки “аз мулло натарс, аз нимчамулло битарс”. Сесад сол аст, ки мадрасаҳои Бухоро нимчамулло тарбия мекунанд. Шумо аз инҳо чӣ умед доред?!” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.85).

Дар роман, ҳамчунин баҳси аҳли дониш дар мавриди таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ ва илмию техникии давру замон, ки албатта, ба тарзи ҷаҳоншиносӣ ва характери ҷомеа вобастагӣ дорад, матраҳ мегардад. Баҳсу мунозираи тоҷику рус (дар мисоли Азизмуроди тоҷик ва сармуҳаррири рӯзномаи “Самарқанд” Морозови рус, ки ҳар ду аҳли донишу маърифат буда, атрофи масоили иҷтимоӣ, геополитикӣ ва бавежа, мушкилоти ҳувиятӣ тамаркуз мекунанд, дар роман ҷолиб инъикос ёфтааст (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.95). Дар ин миён, баҳси Азизмуроди тоҷик ва Виктор Куклини рус хеле ҷолиб ба риштаи тасвир баркашида шудааст. Куклин дар мавриди характери миллӣ ба беҳунарӣ ва нокоромадии мо ишора намуда, ба Азизмурод мегӯяд, ки: “Муҳитро созед. Ягон каси дигар омода ба шумо муҳит месозад?!” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.113). Нуктаи ҷолиб дар баҳсу мунозираҳое, ки дар роман миёни намояндагони табақаи фарҳангии рус дар мисоли Морозов ва Виктор Куклин сурат гирифтаанд, ин аст, ки тоифаи зиёии мо (дар мисоли Азизмуроди тоҷик) ҳамеша ҳалли мушкилро на дар дохил, балки дар хориҷ ва берун мебинад. Ба ин далел, идеяи аз берун ҷустани умед ва ба хориҷ паноҳ бурдан дар байни элитаи фарҳангию мадании замон мутадовил ва роиҷ будааст. Аз ин ҷост, ки равшангарони замон ҳама гуна тағйироти сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию маданиро аз берун ва ба хориҷ марбут медонистанд: Ба ин маънӣ, иддаои умедворонаи “Аз дохил не, аз хориҷ мекунанд” ба сифати роҳҳали асосӣ аз забони қаҳрамонони асосии роман садо медиҳад (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.110).

Ҳаштум. Ба ин тартиб, ба берун таваҷҷуҳ доштан ва ба хориҷ умед бастан аз ҷумлаи мушаххасоти характерию хислатии мост, ки нависанда сари он таваққуф мекунад. Аз ҷумла, ба Русия ва берун паноҳ бурдани мардум ва ҳалли мушкилро дар хориҷ ва аз хориҷ дидан дар замони аморат авлавияти ақлонию фикрӣ маҳсуб мешудааст (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.135). Зимнан, “дар сиёсату мақсад ба ду меҳроб рӯй овардан -- ба Туркияи Усмонӣ ва ба Русияи инқилобӣ” воқеияти сиёсату хислати нухбагони сиёсии амирсолории Бухороро нишон медиҳад (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.173). Аз ин ҷост, ки яке аз костагиҳои ҷиддии фарҳангии мо дар бемасъулиятӣ ва дар айни замон бар гардани бегонагон бор кардани тамоми бадбахтию нокомиҳои миллию мардумӣ зоҳир мегардад ва ин уқдаи ҳувиятиро дар илми равоншиносӣ “фарофиканӣ” мегӯянд. Яъне, барои пардапӯш кардани нокомию мусибатҳо ва нуфузу русухи ҷаҳлу нодонӣ ва ақибмондагию вомондагии мардум гуноҳро бар гардани бегонагон задан ва аз ин тариқ худро маоф кардан ба хислату одати ҳамешагӣ табдил ёфтааст (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. С.37).

Нуҳум. Нависанда дар ҷараёни баҳсу мунозирот ва муколимоту муошироти қаҳрамонон ба натиҷае мерасад, ки мо нисбат ба забон, ватан ва миллат бепарвоем, вале ба шариати шариф такя мекунем (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.137). Ва тафсир мекунад, ки : “Тоҷик соҳиби давлат нест. Вай ҳукумат надорад. Дар кор чолок ва маккор аст. Ба фосиқӣ ҳавас дорад. Аз тоҷик фақат авлиё баромадааст, на ғозӣ. Авлиё ба рӯзгори худ бепарвоянд, дар ғами пок нигоҳ доштани дину ойин умр ба сар мебарад ва ғарқи ободии он дунё ҳастанд” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.137). Дигар, ба тасвири воқеияти талхи мо ба ин тарз мепардозад: “Қуқанд давлати мингҳо, Бухоро давлати манғитиҳо, Кӯлоб давлати қатағанҳо ва яклухт бигирем, хоки Осиёи Миёна кишвари Туркистон ном дорад...” Ва натиҷагирӣ мекунад: “Хислати мардумро дигар кардан даркор” (ниг.: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. С.216-217).

Даҳум. Устод Кӯҳзод ба мавзӯи характери миллӣ ва ба истилоҳ, хислатпажуҳӣ на танҳо дар романи “Ҳайҷо”, балки дар ҳикоёту қиссаву роману матолиби публитсистиаш ҳам таваҷҷуҳ мекунад. Масалан, устод Кӯҳзод дар маҷмуаи ахиран чопшудааш “Бурротар зи теғ” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.), ки 14 асари нависандаро фаро мегирад, бахусус, дар ҳикояҳои “Достони муаллим” (С.12-27), “Қатли китобҳо” (С.27-48), “Ҳикоёт аз таърихи адабиёт” (С.49-59), “Пули ларзон” (С.61-78), “Хомтамаъ” (С.79-82), “Ҳосили умр” (С.83-88), “Гудоз” (С.88-103), “Бурротар зи теғ” (С.103-111), повести “Гардани ғам бишканед” (С.111-152), романи кӯтоҳи “Дар ҳасрати кори ҳалол” (С.153-203) ва се мақола-матлаби публитсистии “Садриддин Айнӣ” (С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (С.215-222), “Фарҳанги ватандорӣ” (С.222-238) мавзӯи характери миллӣ ва ислоҳи камбуду навоқиси рӯҳию равонии миллатро, ки асрҳо боиси шикасту забунии мардум гардидаанд, пажуҳишу бозрасӣ мекунад ва бар мабнои донишу таҷрибаву мушоҳидаҳои шахсӣ сабабу иллатҳои пойин рафтани зеҳниёту ҳувияти миллиро ҷустуҷӯ ва роҳҳал пешниҳод менамояд. Махсусан, аз забони қаҳрамонони ҳикояву асарҳояш мекӯшад, ки иллати зуҳури разоили ахлоқию буҳрони ҳувиятиро, ки миллатро тайи таърихи тӯлонӣ ба нокомию бедавлатиҳо, шикасту сархамиҳо, хорию забуниҳо ва бегонапарастию беҳувиятиҳо мувоҷеҳ кардаанд, бозгӯ сохта, роҳро барои ҳалли мушкилоти фикрию равонию зеҳнӣ ҳамвор намояд. Масоили фавқ (мушаххасоти ҳувиятию навоқиси ахлоқӣ)-ро нависанда на танҳо дар осори бадеӣ, балки дар матолиби илмӣ-оммавиаш ҳам матраҳ мекунад ва интеллигенсияи миллиро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша дар масири шинохти мушкилоти фикрию зеҳнӣ ва ҳувиятӣ гом бардоранд ва ҷиҳати бурунрафт аз буҳронҳои фалокатбори маънавӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст бигиранд. Ба ин тартиб, иқдому ташаббусоти нависанда дар самти бедории фикрӣ ва кӯшиши ислоҳи вазъи рӯҳию равонии ҷомеа на танҳо дар романи “Ҳайҷо” ва маҷмуаҳои дигари ӯ, балки дар матолиби публитсистии вай, минҷумла мақолаҳои “Садриддин Айнӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.215-222) ва “Фарҳанги ватандорӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.222-238) низ равшану возеҳ ба назар мерасанд.

Ёздаҳум. Устод Кӯҳзод, воқеан, нависандаи миллиест, ки бо дарки масъулият ва рисолати иҷтимоию эҷодӣ масоили марбут ба характери миллиро дунболу решашиносӣ мекунад ва аз забони қаҳрамононаш тағйир додани зеҳну характер ва ба вуҷуд овардани муҳити нави иҷтимоиро тақозо менамояд.

 

 

Адабиёт

1.Айнӣ, Садриддин. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -680 саҳ.

2.Абдураҳмон, Барот. Нимароҳи аъроф (роман). – Душанбе: “Адиб”, 2020. -608 саҳ.

3. Зебокалом, Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии иллали ақибмондагӣ дар Ирон. –Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. -477 с.

4. Кӯҳзод, Урун. Ҳайҷо. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.

5. Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.

6. Қайсарӣ, Алӣ. Равшанфикрони Ирон дар қарни бистум. Тарҷумаи Муҳаммад Деҳқонӣ. –Теҳрон: Ҳермис, Маркази байналмилалии Гуфтугӯи тамаддунҳо, 1383. -227 с.

7. Лодан, Амирҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -387 с.

8. Ризоқулӣ, Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377. -238 с.

9. Самад, Абдулҳамид. Гардиши девбод. –Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.

10. Таджикско-русский словарь. –Душанбе: Академия наук Республики Таджикистан, 2006.

11. Ғафуров, Бобоҷон. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. -976 с.

12. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Иборат аз2 ҷилд). –Ҷилди 2. –Душанбе: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010.

13. Энциклопедияи Советии Тоҷик. –Ҷилди 7. –Душанбе: Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Советии Тоҷик, 1987.

14. Ятимов С. Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ. //Ҷумҳурият №252 (22557), 24 декабри соли 2014.

15. Манбаи интернетӣ: https://kartaslov.ru/значение-слова/характер